Warning: filectime(): stat failed for /var/www/web.ttu/sessions/sess_af885qr522frc7jm7qm8e7oo6t in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_af885qr522frc7jm7qm8e7oo6t): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/web.ttu/sessions/sess_s56vrr4cfnf8eoaufn0kpshogf in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_s56vrr4cfnf8eoaufn0kpshogf): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20
РАФТИ ИМТИҲОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

РАФТИ ИМТИҲОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

 27.04.2026

РАФТИ ИМТИҲОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

27 апрели соли равон дар факултети сохтмон ва меъморӣ имтиҳони давлатии хатмкунандагони кафедраҳои сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, меъмории биноҳо ва иншоот ва меъморӣ ва шаҳрсозӣ оғоз гардид.
 
Оғози имтиҳонҳои давлатӣ марҳилаи муҳимми ҷамъбасти раванди таълим ва санҷиши ниҳоии сатҳи омодагии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Ин раванд ба арзёбии амиқи донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ ва қобилияти татбиқи онҳо дар соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ равона гардидааст.
Имтиҳонҳои давлатӣ ҳамчун унсури асосии назорати сифати таҳсилот, имконият фароҳам меоранд, ки сатҳи касбияти хатмкунандагон муайян ва мутобиқати онҳо ба талаботи бозори меҳнат санҷида шавад. Дар шароити рушди босуръати инфрасохтори шаҳрсозӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ аҳамияти стратегӣ дошта, ин марҳилаи имтиҳонӣ дар ташаккули кадрҳои рақобатпазир нақши калидӣ мебозад.
 
680766088_1601294288666031_1984398600311559808_n681179692_1601294188666041_6693716206281369551_n681353002_1601294018666058_5513904278396403345_n681636062_1601294225332704_1912049489978194547_n

Назад к списку