ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ БО НИШОНИ АЪЛОЧИИ МАОРИФ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

 27.04.2026

#ХУШХАБАР! ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ БО НИШОНИ АЪЛОЧИИ МАОРИФ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Бо камоли хушнудӣ хабар медиҳем, ки омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар тантанаҳои Рӯзи илми тоҷик бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Вазири маориф ва илм Саидзода Р.Ҳ., сарфароз гардонида шуданд.
Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, ки бо ташаббуси вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи суруш маросими ҷоизасупории озмунҳои ҷумҳуриявии “Олими сол”, “Магистранти сол” ва “Муҳаққиқ ва ихтироъклои ҷавон” баргузор гардид, ду тан омӯзгори донишгоҳ Султонзода Ш.М., н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ ва Бердизода М.Б., н.и.т., дотсент, мудири бахши магистратура ва корҳои илмӣ - тадқиқотии донишҷуён бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гардиданд.
Сазовор гардидан ба унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун нишонаи эътирофи саҳми арзанда дар рушди илму маориф арзёбӣ мегардад. Ин дастовард натиҷаи фаъолияти пайвастаи илмӣ-тадқиқотӣ, татбиқи усулҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мебошад. Унвони мазкур на танҳо нишондиҳандаи сатҳи баланди касбияти омӯзгорон аст, балки нақши онҳо дар ташаккули неруи зеҳнии ҷомеа ва пешбурди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла техника ва технологияро инъикос менамояд.
Раёсат ва иттифоқи касабаи омӯзгорон ва кормадони донишгоҳ омӯзгорон Султонзода Шерхон ва Бердизода Миргулро бо ин дастоварди илмӣ табрику муборакбод намуда, ба эшон дар корҳои ояндаи илмиву эҷодӣ музафариятҳои нав ба навро таманно менамояд.
 
681506641_1601318738663586_7314557545509201266_n681283903_1601319165330210_2661763568524225506_n681180658_1601319235330203_4900645135800597912_n680771318_1601319261996867_415664657636991658_n

Назад к списку