Пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ

 30.10.2021

26 октябри соли равон ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ вохӯрии кормандони раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор гардид. 

Дар мулоқот муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Бунафша Саймузафар, сардори шуъбачаи экстремизм, подполковники милитсия Мирзода Баҳодур Собирҷон, ваколатдори калони оперативии шуъбаи экстремизм, капитани милитсия Муродзода Фарҳод, омӯзгорон ва дигар шахсони мазкур иштирок намуданд. 

Дар оғози чорабинӣ мудири шуъбаи ҷавонони донишгоҳ Акрамов Саидусмон ба ҳозирин вобаста ба раванди татбиқи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи амал оид ба амалисозии он маълумот пешниҳод намуданд. 

Зикр гардид, ки Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардиданд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Миллали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти ин созмони бонуфуз қабул карда шудааст. 

Дар рафти чорабинӣ сардори шуъбачаи экстремизм Мирзода Баҳодур Собирҷон ва ваколатдори калони оперативии шуъбаи экстремизм Муродзода Фарҳод бо донишҷӯён суҳбати судманд анҷом дода, вобаста ба пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. 


Назад к списку