Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_8h1pp7v94la7p9urg8ss93sach): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/web.ttu/sessions/sess_bngqbbef6egvoihbkjrea975so in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_bngqbbef6egvoihbkjrea975so): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20
ТАБЛИҒИ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ, ХЕШТАНШИСОВУ ВАТАНПАРАСТӢ ДАР ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ

ТАБЛИҒИ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ, ХЕШТАНШИСОВУ ВАТАНПАРАСТӢ ДАР ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ

 09.12.2021

Давоми нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон дар хобгоҳҳои донишгоҳ сохтори ташкилию тарбиявии донишгоҳ дар якҷоягӣ бо муовини деканони факултетҳо оид ба тарбия, кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ вохӯриҳои судманд доир намуд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз оқибатҳои фоҷиабори экстремизму терроризм байни ҷавонон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротгаро, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву миллатдӯстӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон буд.

Намояндагони раёсати донишгоҳ ва деканати факултетҳо доир ба хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеа, зуҳуроти манфии ҷомеа, тундгароию бегонапарстӣ андешаҳояшонро баён карда, аз аҳли толор хоҳиш намуданд, ки бештар ба омӯзиши илму ҳунар машғул гарданд. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ оқилона истифода бурда, сатҳи маърифати худро баланд бардоранд. Ба қадри давлати ободу осудаи худ бирасанд ва ҳамчун шаҳрвандони номбардори Ватану миллати худ ба камол расанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку