ЧОРАБИНӢ ДАР МАВЗӮИ МАҲКУМИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 14.12.2021

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташаббуси деканати факултети энергетикӣ дар мавзӯи маҳкуми терроризму экстремизм ва амалҳои коррупсионӣ чорабинӣ ва суҳбати ошкоро ташкил карда шуд.

Чорабинии мазкур дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои факултет ба роҳ монда шуда, дар он намояндагони раёсати донишгоҳ, кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, деканати факултети энергетикӣ ва донишҷӯён ширкат намуданд.

Ибтидо устоди кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ - номзади илмҳои таърих, муаллими калон Умаров А. доир ба таърих, фарҳанг, дин ва сиёсати кумак ба дарки нодурустии назарияҳои экстремистӣ ва фарқ намудани таълимоти аслии мсломӣ аз тафсироти тугдгароёна маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Дар ин робита мудири шуъбаи ташкилию тарбиявии донишгоҳ - Сатторова М. низ баромад кард.

Баъдан Раҳимов Ҷ.Б. - декани факултети энергетикӣ дар мавзӯи "Потенсиали энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Диёрзода Р.Ҳ. дар мавзӯи "Сарфаҷӯйии энергия дар ҳаёти мо" маърӯза намуданд.

Мавзӯи дигаре ки ба саъми иштирокдорон расонида шуд, пешгирии амалҳои коррупсионӣ буд, ки дар ин мавзӯъ Раҳимов Ҷ.Б. ва Қасобов Л.С. баромад карданд.

Дар охир донишҷӯён бо саволҳои зиёд ба баромадкунандагон муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.


Назад к списку