МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ

 29.12.2021

Имрӯз - 29-уми декабри соли 2021 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар партави Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар ироа гардида буд, мизи мудаввар доир шуд.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ - Саъдуллозода Ш.С. кушода эълон намуда, доир ба самтҳои асосии Паёми Роҳбари давлат сухан гуфт. Баъдан Раҳмонзода А., Темурова М., Қурбоншоев И. ва дигарон бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад намуданд, ки атрофи он саволу ҷавоб ва музокироти судманд баргузор шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку