ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 25.01.2022

Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оиди ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти кишвар 25-уми январи соли равон бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар минтақаи ҷойгиршавии бинои факултети Сохтмон ва меъморӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ аъзоёни раёсати донишгоҳ, деканони факултетҳо, роҳбарони сохторҳои донишгоҳ, мудирони кафедраҳо, собиқадорон ва омӯзгорон иштироки фаъол карданд.

Зимни корҳои ободонӣ дар майдони васеи назди бинои факултети Сохтмон ва меъморӣ дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» бо шарофати меҳнати ҳайати омӯзгорони донишгоҳ шумораи зиёди дарахти серена шинонида шуд. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик дар минтақаи болозикр шумораи зиёди навъҳои дигари дарахтҳо шинонида шавад.

Мавриди зикр аст, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати ободу зебо гардонидани муҳити атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ чораҳои зарурӣ андешида, пайваста онҳоро татбиқ месозад.

  

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

#TTU #TTU_иқтисодиёт #TTU_сохтмон #TTU_2022


Назад к списку