НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ИШТИРОКИ ВАСЕИ НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА ДАР ДОНИШГОҲ

 01.02.2022

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 бо иштироки васеи ВАО доир гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма – хабарнигорон аз телевизиони «Баҳористон», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои мардум», «Оила Tj», «Ҷаҳони пайванд», радиоҳои «Садои Душанбе», «Тоҷикистон», бахши тоҷикии радиои «Овози тоҷик», бахши русии радиои «Садои Душанбе», АМИТ «Ховар», маҷаллаҳои «Инсон ва табиат», «Илм ва ҳаёт», раёсати донишгоҳ, деканони факултетҳо, мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ, сардорони идораҳо ва мудирони шуъбаҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ибтидо Ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. дар бораи фаъолияти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар соли 2021 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Сипас хабарнигорон бо саволҳои гуногун муроҷиат намуданд. Асосан саволҳои аз ҷониби намояндагони ВАО пешниҳодгардида доир ба масъалаҳои тадбирҳо дар бораи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, баргузории озмунҳои фаннӣ, стипендияҳои номӣ, сатҳи қабули довталабон ба донишгоҳ, ҳамкории донишгоҳ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, дастгирии донишҷӯён ва махсусан донишҷӯён дар давраи пандемия, доир ба озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, теъдоди донишҷӯёни аз донишгоҳ хориҷшуда, имтиёз ба донишҷӯдухтарон, қонуни нави ӯҳдадории ҳарбӣ ва пайомадҳои он, таъсиси ихтисосҳои нав вобаста ба саноатикунонии босуръати кишвар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, сатҳи доир гардидани таҳсил бо забони тоҷикӣ, таъсиси маркази “зеҳни сунъӣ”, миқдори обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо, фаъолияти Парки технологии донишгоҳ ва монанди инҳо буд.

Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ., муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал – Маҳмадизода М.М., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия – Абдулло М.А., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ – Саъдуллозода Ш.С. ва дигар мутасаддиёни идораву шуъбаҳои донишгоҳ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.

Пас аз итмоми нишасти матбуотӣ Ректори донишгоҳ – Давлатзода Қ.Қ. намояндагони васоити ахбори оммаро барои тамошои озмоишгоҳи навтаъсиси донишгоҳ – озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии ал-Ҷазарӣ (озмоишгоҳи таъсисдодаи донишгоҳ ва Туркия) даъват намуд. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуда, рӯзноманигорон аз саёҳати толори озмоишгоҳии донишгоҳ таассуроти баланд бардоштанд.

Инчунин мутасаддиёни сохтори гуногуни донишгоҳ ба саволҳои алоҳидаи рӯзноманигорони радиову маҷаллаҳо ҷавоб дода, барои барномаҳои алоҳидаи онҳо маълумот доданд.

Дар охир ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён дошт.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку