МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА АКСИЯИ ЭКОЛОГӢ

 05.02.2022

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташаббуси кафедраи "Бехатарии фаъолияти инсон ва экология" ва факултетҳои Нақлиёт ва Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ маъракаи ниҳолшинонӣ ва аксияи экологӣ баргузор гардид. Кафедраи "Бехатарии фаъолияти инсон ва экология" бо ташаббуси табиатдӯстӣ ташаббус нишон дод, ки дар ҳавлии факултетҳои номбурда ба ифтихори 65-солагии таъсисёбии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ 65 бех дарахтони ҳамешасабз шинонад. Ин амал ҳам боиси сарсабзии як гӯшаи диёр ва ҳам беҳбудии экологӣ гардида, барои ба Шаҳри сабз табдил ёфтани пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе қадами шоиста аст. Дар маъракаи ниҳолшинонии донишгоҳ, ки давоми чандин рӯз дар ҳавлии биноҳои факултетҳо ҷараён дорад, ташкили ин аксия басо рамзӣ буд. Устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо дилгармӣ ва ифтихор аз озодию ободӣ ба тозагию ободии атроф кӯшида, дар маъракаи мазкур ширкат намуданд.

Донишгоҳ ният дорад, ки шумораи дарахтони шинонидашавандаро соли равон то ба ҳазор бех расонад.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку