ҶАЛАСАИ ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН БО СЕГОНАИ ГУРӮҲҲО

 08.02.2022

Имрӯз дар толори хониши китобхонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи шуъбаи кор бо ҷавонон бо сегонаи гурӯҳҳои академӣ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия - Аҳмадзода Б.С. кушода эълон намуд ва аз аҳамияту манзалату китобу китобхона сухан кард.

Баъдан Асоев К. - мудири тозаинтихоби шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ низ доир ба аъзошавии донишҷӯён ба китобхонаи донишгоҳ ва Китобхонаи миллӣ сухан карда, аз ҳамагон хоҳиш намуд, ки ин дархост ва супориши роҳбарияти донишгоҳро ба тамоми ҳамсабақон расонанд.

Инчунин Асоев К. дар ин робита муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ шарҳ дода, аз он иқтибосҳои зиёд овард.

Дар охир донишҷӯён бо саволҳои зиёд муроҷиат намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку