Рӯзи Дарҳои кушод дар донишгоҳ

 04.03.2022

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи Дарҳои кушод барои довталабони соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид.

Аз оғози рӯз дар толори даромадгоҳи бинои асосии донишгоҳ намоишгоҳи эҷодии донишҷӯён бо пешниҳоди ихтироот ва лоиҳаҳо доир шуд. Мувофиқи нақшаи тадорукот мактаббачагон ба кафедраҳои воқеъ дар бинои асосӣ, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои барҳаво барои экскурсия роҳнамоӣ шуданд. Довталабони оянда аз озмоишгоҳҳои мошинсозӣ (таъсис бо ҳамкории Ҳукумати Ҳиндустон), озмоишгоҳи заргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмоишгоҳи энергияи сабз, озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии ал-Ҷазарӣ (Cezeri Lab) (Туркия), толори варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳо дидан карданд.

Боиси қайд ва дастгирист, ки дар ин чорабинии муҳим аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№67,128,12,1,18,56,32,17,28,74,61,55,35,59,46,71,49,77,74,125, литсейи №4, Литсейи техникӣ, Гимназияи №1 беш аз 300 нафар мактаббачагон бо муаллимони худ иштирок намуданд.

Пас аз экскурсия ва шиносоӣ бо донишгоҳ дар толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ роҳбарияти донишгоҳ бо мактаббачагон - довталабони оянда вохӯрда, суҳбати самимӣ доир намуданд. Дар ниҳоят, деканони факултетҳо барои муаррифии бештари ихтисосҳои факултет бо мактаббачагон суҳбати алоҳида ташкил карданд.

Рафти чорабинӣ тариқи ВАО барои пахш дар шабакаҳои гуногун ба навор гирифта шуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку