НИГИНИ ПУРҶИЛОИ ТОҶИ МИЛЛАТ

 07.03.2022

Табрикоти Давлатзода Қ.Қ. – ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Модарону хоҳарон ва бонувони гиромӣ!

Ҳамкорони азиз!

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат ҷашни фархундаи Рӯзи Модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад. Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, пеш аз ҳама, хизмати модарон аст.

Аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан – модар ташкил медиҳад ва модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад.

Зан – модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.

Бузургии зан – модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд. Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар вобаста аст.

Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад. Бо истифода аз фурсат, хотирнишон менамоям, ки нигоҳубину парастории модару падар дар пиронсолӣ низ қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҷавонмардии мо мебошад.

Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.

Модарони арҷманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму оинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд.

Саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи кишварамон маҳз бо назардошти ҳамин мартаба ва ба хотири арҷгузорӣ ба нақши онҳо мебошад.

Ин аст, ки дар ҳамаи суханрониҳояшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишони эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад.

Имрӯз занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Бо мақсади танзими ҳаёти занон ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо ҳоло дар мамлакатамон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатию миллӣ қабул ва дар амал татбиқ шуда истодаанд.

Ва ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намуданд: «Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».

Лозим ба зикр аст, ки модарону бонувони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бо истифода аз рисолати пурмасъули хеш барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпараст, инчунин, риояи муқаррароти қонунҳои миллиамон – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нақши калидӣ доранд.

Имрӯз боиси сарфарозист, ки дар байни ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳи мо сафи занҳо афзуда, дар раванди омодакунии кадрҳои баландихтисос саҳми назаррасеро соҳиб шудаанд. Айни замон дар донишгоҳ 40 нафар занони унвони илмидор фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 5 нафарашонро докторони илм ва 35 нафарашонро номзадони илм ташкил медиҳад. Ва бешубҳа, ҳамаи бонувони иззатманди донишгоҳ сазовори таҳсинанд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба кулли кормандону устодони донишгоҳ, махсусан бонувони фаъолу заҳматпеша барои саҳми назаррас гузоштан дар пешбурди фаъолияти илмию педагогӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос самимона изҳори сипос менамоям.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азизро бори дигар ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!


Назад к списку