ДИҚҚАТ: Талаботҳои нави таҳсил.

 11.08.2020

ДИҚҚАТ: Талаботҳои нави таҳсил.

Ҳангоми ворид шудан ба муассисаи таълимӣ табъи хонандагон санҷида шуда, маҳлули безараргардонии барои даст истифода шавад. Дар байни ҳар басти таълимӣ синфхона, роҳрав ва ҳоҷатхонаҳо бо маҳлули хлор тоза карда мешавад.

Нуктаҳои дигари муҳими тартиби нав инҳоянд:

– Бо мақсади риояи масофа байни хонандагон дар саҳни муассисаи таълимӣ ба андозаи 1,5-2 метр хатҳои уфуқӣ кашида шавад;

– Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имконият аз синфхона берун гузаронида шавад;

– Дар раванди дарсҳои технологияи меҳнат дӯхтани ниқобҳои муҳофизатӣ ба роҳ монда шавад;

– Дар раванди таълим омӯзгорон бояд аз хонандагон то 2 метр фосила гиранд;

– Толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ истифода шавад;

– Шустани даст ба хонандагон мунтазам таъкид карад шавад;

– Курсии хонандагон бо риояи фосилаи на камтар аз 1 метр (масалан, ба тартиби шоҳмот гузоштани курсиҳо) гузошта шавад.


Назад к списку