САНОАТИ ВАТАНӢ: ИҚТИДОРИ ОНРО ИСТИҚЛОЛ РӮНАМО КАРД

 20.06.2022

Пайомади бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва осебпазир гардидани амнияти озуқаворист, ки ҳамагон дар хусуси рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи пурсамари замин, таъмини ҳосилнокии баланди маҳсулоти тавлидотии марди деҳқон бисёр мегӯянд. Дар пасманзари чунин тарзи тафаккур нақш ва ҷойгоҳи саноат дар пешрафти иқтисодӣ миллӣ танҳо аз нигоҳи аввал камранг ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки саноати ватанӣ неруи азими пешбаранда ва иқтидори калидии тараққиёти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки эҳёи иқтисодии Тоҷикистон дар замони истиқлол пас аз низоъи дохилӣ дар соли 1997 маҳз аз тамоюли рушд пайдо намудани саноати ватанӣ ибтидо гирифт. Ҳамон сол азимтарин иқтидори саноатии кишвар – корхонаи алюминии тоҷик ҳаҷми истеҳсолоти худро ду баробар афзоиш дод. Иқтисоддонони ватанӣ ва коршиносони мӯътабари муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ чунин падидаро муждаи умедворкунанда дар роҳи эҳёи иқтисодии Тоҷикистон ва майлони устувор пайдо намудани рушди миллиамон баҳогузорӣ намуда буданд.

Имрӯз бархе ноогоҳона Тоҷикистонро кишвари  аграрӣ ном мебаранд. Лек ҳақиқати ҳол чунин аст, ки замони шӯравӣ Тоҷикистон ҷумҳурии индустриалӣ – аграрӣ буд. Дар замони истиқлол  низ аз рӯи  нишондодҳои вазъи макроиқтисодӣ ва инкишофи бахшҳои реалии иқтисодиёт саҳми саноати ватанӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бештар ва таъинкунанда мебошад.

Аз батни иқтисоди нақшавӣ ба аҳди иқтисоди озод. Пойгоҳи неруманди саноатии Тоҷикистон тӯли солҳои 60 – 80 – уми асри гузашта асос гузошта шуд. Ҳамзамон бо насими истиқлолият дар фазои нави сиёсиву ҳуқуқӣ бо гусаста шудани пайвандҳои анъанашудаи додугирифти иқтисодӣ, ки хоси оилаи кишварҳои шӯравӣ буданд, саноати ватании мо ба марҳилаи сангини мавҷудияти худ рӯбарӯ омад. Чун аксари корхонаҳои саноатии мо ҷузъи таркиби меҳвари истеҳсолии саноати муттаҳидаи умумииттифоқӣ ба шумор мерафтанд, дар ибтидои истиқлол бо мушкили набуди ашёи хом, маводҳои барои истеҳсоли маҳсулот зарурӣ ва ба фурӯш гузоштани моли тавлилшуда дучор гаштанд. Ба саноати ватанӣ лозим омад, ки ба мавҷи таҳаввулоти нав мутобиқ  гардад. Дар ҳоле, ки дар  батни  низоми иқтисоди нақшавии шӯравӣ зода шуда буд, шароит ва замон тақозо менамуд то  дар муҳити чаҳорчӯбаи билкул фарқунандаи иқтисоди озод  пойдории худро нигоҳ дорад.

Аммо мавҷи ноамниҳои низоъи миллӣ саноати ватаниро рӯбарӯ ба як марҳалаи карахтӣ намуд, ки танҳо насими ҷонбахши сулҳ барои он муждарасони эҳё гардид. Дар ин миён бар асари бенизомии ҳукмрон як қисм аз дороиҳои асосии корхонаҳои саноатӣ тороҷ гардида, бархе воҳидҳои тавлидотии саноатӣ миёни гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба иборае аз даст ба даст мегузаштанд. Мутахассисони варзидаи соҳа, муҳандисону саноатчиёни ботаҷриба тарки Тоҷикистон намуданд. Фазои тарсафкан равобити бе ин ҳам заифгаштаи тиҷорати берунаро дар заминаи дастрасӣ ба ашёи хом ва роҳёбӣ ба бозори фурӯши молҳои тавлидоти ватанӣ ба таври муваққат қатъ намуд.

Мутобиқ ба тақозои низоми нави сиёсию иқтисодӣ дар доираи дигаргунсозиҳову ислоҳоти бунёдӣ сиёсати ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии баъзе корхонаҳои саноатӣ оғоз шуд. Ҳарчанд як гурӯҳ соҳибназарон ба чунин андешаанд, ки он бо шитобзадагӣ анҷом шуд ва корхонаҳои бузург ба нархи ночиз ба фурӯш рафтанд, лек аз нигоҳи рушди миллӣ бо назардошти шароитҳои ҳамонвақтаи ҳукмрон чунин амал саривақтӣ ва ногузир буд. Зеро давлат имкони нигоҳдорӣ ва таъмини фаъолияти ҳамаи корхонаҳои саноатӣ, бо маблағҳои гардон таъмин намудани онҳоро надошт. Аз ҷониби дигар маблағҳои аз ҳисоби фурӯши корхонаҳои дар он замон касодшуда ба даст омада, барои таъмини ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва устувор намудани қисми воридотии буҷети ҷумҳуриявӣ равона гаштанд. Соҳибони нави корхонаҳо аз ҳисоби шаҳрвандони худи Тоҷикистон ва шаҳрвандону ширкатҳои хориҷӣ тавонистанд дар ҳадди тавон кори мӯътадили истеҳсолии корхонаҳои саноатии ғайридавлатӣ ё хусусишударо ба роҳ монанд. Инчунин бо ин роҳ сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон роҳ ёфта, доираи васеи ҳамкориҳои саноатӣ бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик боз гардиданд. Давлат бо роҳи фурӯши як қисми саҳмияҳои дар мансубияти худаш қарордоштаи баъзе корхонаҳои саноатӣ ба таъсиси корхонаҳои муштарак ҳамчун падидаи нав дар низоми саноати ватанӣ шурӯъ намуд. Маҳз фаъолияти корхонаҳои муштарак дар давраи ибтидоии он тавонист неру ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро нигоҳ дошта, афзоиши ҳаҷми тавлидотро таъмин созад, инчунин ба таҷдид ва навсозии дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани усулу ҷараёнҳои технологии муосир асос гузорад.

Чӣ содирот кунем: ашёи хом ё маҳсулоти тайёр. Дар таркиби содироти кишвар нақши саноати ватанӣ дар симои ТАЛКО барҷаста аст. Лек танҳо аз ашёи хом иборат будани  тавлидоти содиротии саноати ҷумҳурӣ ба қадри дилхоҳ манфиатбор нест. Чун аз содироти маҳсулоти ниҳоӣ бар асоси қонунҳои иқтисодӣ суди бештар ба даст меояд. Дар низоми хоҷагидории иқтисодии ҷаҳонӣ танҳо кишварҳое, ки маҳсулоти тайёр содирот мекунанд, тамоюли устувори пешрафт ва шукуфоӣ доранд. Аз ин нигоҳ мавзӯи дар дохили кишвар аз алюминийи аввалия истеҳсол намудани маҳсулоту маснуоти таъиноти гуногун, ки воридотивазкунанда ва инчунин ба содирот нигаронида шуда бошад, имрӯз бояд дар сархати амал қарор гирад. Дар ин самт барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия аз нигоҳи меъёр ва дурнамо заминасоз аст.

Пахта дар сохтори содироти мақоми баъдиро соҳиб аст, аммо он низ бештар дар шакли ашёи хом ҳудуди гумрукии Тоҷикистонро тарк менамояд. Имрӯз дар бахши рушди саноати сабук, бунёди корхонаҳои соҳаи нассоҷӣ иқдомҳои ҷиддӣ рӯи даст гирифта шудаанд, ки ҳадафи он коркади саноатии «тиллои сафед» ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани чанд корхонаи бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳази соҳаи саноати сабук ва дар ҳамин ҳошия пурра тадбиқ шудани талаботи барномаҳои давлатии рушди соҳаи саноати сабук ва коркарди пурраи нахи пахтаи дар мамлакат истеҳсолшаванда имкон фароҳам меояд, ки эҳтиёҷоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти аз пахта тавлидшаванда қонеъ гардад, ҳамзамон таркиби содирот бо нафъи бештар ба иқтисоди миллӣ шакл гирад. Дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ низ пас аз коркарди саноатӣ метавонад ҳамчун маҳсулоти тайёр ба бозорҳои хориҷи кишвар содир шуда, барои ҳар ду соҳаи асосии иқтисоди мамлакатамон зиёдтар судовар бошад.

Рушди саноат ва истифодабарии қаъри замин тавъаманд. Қаъри замини Тоҷикистон, ки аз маъданҳои гуногун саршор аст, яке аз заминаҳо ва фишангҳои боэътимоди рушди саноати металлургӣ,  кимиёвӣ ва сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Манбаҳои кашфшудаи маъданҳои маҳаллӣ аксаран пас аз истихроҷ ҳамчун ашёи хом ба хориҷи кишвар содир карда мешаванд. Тӯли чанд соли охир иқдоми коркарди саноатии маъдан ва истеҳсоли маҳсулоти ниматайёр ё тайёр пеш гирифта шудааст, ки асосан дар соҳаи саноати металлургӣ ба чашм мерасанд.

Минбаъд низ дар сурати васеъ ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯӣ – иктишофӣ, кашфи конҳои нав, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба роҳ мондани истихроҷу коркарди он метавон иқтидори саноати ватаниро даҳчанд боло бурда, ба инкишофи соҳаҳои коркарди сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо, саноати металлургияи ранга, химия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ суръати бештар ва вусъати азимтар бахшид. Зеро масоҳати замини кишти Тоҷикистон сахт маҳдуд буда, 93 % - и қаламрави онро кӯҳсор ташкил медиҳад, ки  аз рӯи ғановат ва гуногуншаклии канданиҳои фоиданоки қаъри худ  дар Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Истифодаи неъматҳои қаъри замини ҷумҳурӣ, ки дороии мардуми он аст, бояд ба нафъи рушди миллӣ ва таъмини зиндагии шарафмандонаи аҳолӣ ба роҳ андохта шавад.

Моли бозоргир – нарху сифати рақобатпазир. Дар шароити имрӯза, ки раванди аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар роҳи рушди тиҷорат доман васеъ намуда,  дунё ба сӯи бозори ягона қадам мезанад, истеҳсоли моли босифат, бозоргир ва ба рақобати басо пуршиддат тобовар мавзӯи муҳимест, ки дар меҳвари сиёсати саноатии ҳамаи кишварҳо дар сархати аввалмақом меистад. Зеро аксари кишварҳои пешрафта рушди саноати ватании худ ва ба бозори ҷаҳонӣ арза намудани тавлидоти саноатиашонро ба абзори муҳими тадбиқи ҳадафҳои сиёсӣ ва геополитики хеш табдил додаанд. Аз ин нигоҳ дар раванди таҷдид ва навсозии заминаҳои технологии корхонаҳои саноатӣ бояд ба он паҳлӯи масъала таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардад, ки маҳсулоти саноати ватанӣ бо хароҷоти камтар, сифати баланд ва нархи дастрас ба бозор роҳ ёбад. Танҳо дар ин сурат он бозоргир ва рақобатпазир хоҳад буд. Он хатҳои технологии ҳанӯз замони шӯравӣ дар корхонаҳои соҳаи саноати ҷумҳурӣ насбу васл гардида, аз нигоҳи пешрафтҳои технологии замони  муосир  барои истифодаи ҳадафманд ва пурсамар номақбул мебошанд. Зеро маҳсулоти тавассути он дастгоҳу таҷҳизотҳо истеҳсолшуда табиист, ки бо хароҷоти бештар, дар бархе маврид сифати пойин ва нархи гарон ба бозор ворид шуда, бо маҳсулоти ҳамнавъи аз дигар кишварҳо воридшуда, на аз рӯи сифат ва на аз ҷиҳати нархгузорӣ рақобат карда наметавонанд.

Неруи инсонии фаровон ва неруи барқи арзон. Неруи кории Тоҷикистон, аҳолии қобили меҳнат бештар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Айни ҳол Тоҷикистон ба ҳайси кишвари содиркунандаи неруи корӣ ва аз ҳисоби маблағҳои воридкунандаи муҳоҷирони меҳнати як навъ тавозуни иқтисодӣ – иҷтимоиро соҳиб шудааст. Дар шакли худ муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун раванди маъмули иқтисодӣ воситаи муҳими ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид сохтани асъори хориҷӣ ва бо ин роҳ мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ ва таъмини сатҳи беҳтари рӯзгори иҷтимоии мардум аст. Лек танҳо доираи танзимшуда ва идорашавандаи он, бахусус содир намудани неруи кории ботахассус манфиати бештар дорад. Дар дарозмуддат танҳо рушди густардаи соҳаи саноат метавонад  ҷойҳои бисёри кориро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба вуҷуд оварда, шиддати муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳад. Неруи инсонӣ дар пайванд бо захираҳои саршори табиӣ барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба саноати ватанӣ, бунёди корхонаҳои бузург, рушди саноати вазнин имкони зарурӣ фароҳам хоҳанд сохт. Бар иловаи ин неруи барқи арзон, ки дар ояндаи наздик ба мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ боз ҳам фаровон мегардад, барои таъсиси корхонаҳои азим ва коргоҳҳои хурди соҳаҳои гуногуни саноат дар мамлакати мо шароити мусоид муҳайё месозад.

Саноат ҳамчун яке аз соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ҳамасола рушди босуръат дошта, шоҳсутуни асосии иқтисоди миллӣ ҳисоб меёбад. Ҳамасола афзоши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ тамоюли болоравандаи устувор дорад. Таркиби саноати ватанӣ беш аз 90 соҳаро дар бар мегирад. Яқин аст, ки ҳалли бисёре аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ бе рушди устувори саноат ғайриимкон аст. Дар низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ имрӯза, ки саноат нақши ҳалкунанда ва пешоҳангро соҳиб аст, рушди он дар Тоҷикистон ба сиёсати мутавозин ва асосноки соҳавӣ  зарурат дорад.

Саноати ватанӣ аз маҳдудаи низоми шӯравӣ раст. Истиқлол иқтидори воқеии онро барои ҷаҳониён рӯнамо намуд. Кунун бо тавсеа ёфтани алоқаву пайвандҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик, ҳаҷми афзояндаи ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, манбаҳои ғании сарватҳои зеризаминӣ ва шароиту имкониятҳои мусоиди инсониву табиӣ он рӯз дур нест, ки саноати ватаниамон марҳилаи рушди тиллоии худро оғоз ниҳад.

Худойназаров Б.А. – донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи 430101 А2, факултети энергетикӣ.


Ба рӯйхат