Кафедраҳо » Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии шабакаҳои энергетикӣ


rza

   Суроға: 734042, ш. Душанбе, кӯч. акад. Раҷабовҳо, 10
   ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Аудитория 315/2 бинои дуюм,

   Телефон: (+992 372) 27-96-51
   E-mail: -
   Facebook: Релейщики

 


Мирзозода Б.М

Мудири кафедра

Мирзозода Борбад Мирзо

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Телефон: (+992 372) 27-96-51


Кафедраи "Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии шабакаҳои энергетикӣ" (ҲРваАШЭ) соли 2018 ҳамчун кафедраи мустаъқил таъсис ёфт. Вале, ихтисоси «Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии дастгоҳҳои электрикӣ» бошад ҳануз аз соли 2003-юм дар заминаи кафедраи “Электротаъминкунӣ”-и донишгоҳ фаъолият мекард.

Айни замон кафедра аз рӯйи ихтисоси 1530104-03 - Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ мутахассисонро омода менамояд.

Кафедра дар баробари донишҷӯёни ихтисоси худ, ҳамзамон курсҳои тахассусии «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи дастгоҳҳои электроэнергетикӣ», «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи шабакаҳои электроэнергетикӣ», «Электроникаи энерегетикӣ» ва «Автоматикаи дастгоҳҳои энергетикӣ»-ро барои донишҷӯёни ихтисосҳои дигари донишгоҳ низ низ меомӯзонад:

–   1430101 – Нерӯгоҳҳои барқӣ;
–   1430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ;
–   1430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо);
–   1430105-05 – Манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия.

Буклет 530104-03-1

Буклет 530104-03-2

Дар кафедра аксаран мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб шудаанд, ки хатмкардаи ихтисоси «Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ» мебошанд, ва заминаи илмӣ-амалӣ, ичунин таҷрибаи кофии кории онҳо барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани дарсҳо мусоидат менамояд.

Боиси тазакур аст, ки хатмкунандагони ихтисоси мазкур аз рӯзи аввали кор дар истеҳсолот худро ҳамчун мутахассисони боистеъдод нишон дода, дар озмӯнҳои дохиливу хориҷӣ соҳиби дастовардҳои намоён гаштаанд.

Базаи лаборатории кафедраро озмоишгоҳҳои зерин ташкил медиҳанд: 

- Озмоишгоҳи "Ҳимояи релеӣ ва автоматика"; 
- Озмоишгоҳи "Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи микропротсессорӣ";
- Озмоишгоҳи "Электроникаи энергетикӣ";
- Озмоишгоҳи "Бехатарии электрикӣ".

Дар озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоту лавозимоти муосири микропротсессории ширкатҳои SIEMENS, AREVA MiCOM, Бреслер, Механотроника, Релематика, Динамика, АВВ ва ғ. муҷаҳҳазонида шудааст, ки барои гузаронидани корҳои озмоишӣ ва илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёну магистрантон, инчунин докторантони PhD истифода мешаванд.

1

Омӯзгорони кафедра бо як қатор Донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия, ба монанди Донишгоҳи миллии тадқиқотии Москва (МЭИ), Донишгоҳи Давлатии Урали Ҷанубии ҳамкории наздики илмиву тадқиқотӣ доранд, ки натиҷаи кори устодони ҳарду ҷониб пайваста дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ ба нашр расонида мешаванд. Ҳайати профессорию омӯзгории кафедра дар марказ ва муассисаҳои илмӣ - тадқиқотии кишварҳои Олмон, Белгия, Хитой, Федератсияи Россия ва Украина малака ва дониши худро пайваста сайқал медишанд.

Коллективи кафедра (соли 2021)

0

Кафедраҳо