ТАРБИЯИ ДОНИШҶӮ ВА АРЗИШҲОИ ҶАМЪИЯТ

 28.03.2024

ТАРБИЯИ ДОНИШҶӮ ВА АРЗИШҲОИ ҶАМЪИЯТ
 
Вазифаи асосии кори тарбиявӣ бо донишҷӯён бояд бо фароҳам овардани шароит барои ошкор намудан ва рушди қобилиятҳои эҷодӣ, худмуайянкунии шаҳрвандӣ ва худшиносӣ, ҳамоҳангсозии талаботи донишҷӯён ба рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонии онҳо дониста шавад. Дар ин радиф раванди таълим ва тарбияи донишҷӯро дар муассисаҳои олии касбӣ дар самтҳои зерин: ташаккули фарҳанги баланди ахлоқӣ дар байни донишҷӯён; ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва шуури ватандӯстӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ; ташаккули сифатҳои шахсии барои фаъолияти самараноки касбӣ зарурӣ; дар шаклҳои гуногуни худидоракунии донишҷӯён тарбия намудани малакаҳои идоракунии коллектив; ҳифз ва густариши анъанаҳои таърихию фарҳангӣ бо пайвастагӣ дар таълиму тарбияи донишҷӯ; мустаҳкам намудан ва беҳтар намудани ҳолати ҷисмонӣ, кӯшиш ба тарзи ҳаёти солим, тарбия намудан зидди истифодаи тамокукашӣ, нашъамандӣ, майзадагӣ ва рафтори зиддиҷамъиятӣ амалӣ бояд намуд.
Таълим ва тарбияи донишҷӯён бояд дар се самти муттаҳидшуда яъне: тарбияи касбӣ-меҳнатӣ, шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ ва фарҳангию ахлоқӣ ба роҳ монда шавад. Ин се самт бояд дар нақшаҳои кори тарбиявии ҳамаи зинаҳои таълим, чӣ дар раванди таълим ва чӣ дар давраи беруназсинфӣ: дар лексияҳо ва семинарҳо, машғулиятҳои амалӣ, дар кори кураторон ва сарпарастон бо донишљўён, дар дарсҳо ва маҳфилҳо мављуд бошанд.
 
Дар тарбияи донишҷӯён ба кураторон ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ нақши муҳим ва масъулиятнок гузошта шудааст, ки вазифаи онҳо ташаккул додани ҳайати донишҷӯён, таъмини мутобиқшавии самараноки донишҷӯён дар донишгоҳ ва шароити татбиқи таъминоти маънавию моддӣ мебошад. Мазмуни кор ва масъулияти куратори гурўҳи академӣ дар асоси самти касбӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва эљодии таълиму тарбия, муносибати инфиродӣ, инсондўстӣ ва муошират ташаккул меёбад ва иборат аст аз: омўзиш ва таҳлили маълумоти иҷтимоӣ ва психологӣ дар бораи донишҷӯён, муайян намудани сатҳи маълумот, қобилият ва хусусиятҳои фардӣ; банақшагирии барномаи чорабиниҳои таълимӣ - тарбиявӣ, ташаккули маҳорати ташкилотчигии донишҷӯён, мусоидат ба донишҷӯён дар интихоби роҳбари гурӯҳ, инчунин намояндагони ҳайати донишҷӯён дар факултет ва мақомоти идоракунии донишҷӯёни донишгоҳҳо (дар иттифоқҳои касабаи донишҷӯён, варзиш, тадқиқотӣ, эҷодӣ ва ғайра); ташкилотҳои ҷамъиятӣ); омўзиши фазои иљтимоӣ-психологӣ дар гурўҳи донишљўён, муайян ва таҳлили сабабҳои ба амал омадани вазъияти муайян, ёрии ҳамдигарӣ ва ҳамкорӣ дар гурўҳи таълимӣ; таъмини фаъолияти таълимӣ тавассути иштирок дар чорабиниҳои таълимии гурӯҳӣ, факултет ва донишгоҳ.
 
Куратор ё сарпарасти гуруҳи академӣ дар якҷоягӣ бо сегона ва фаъолони гуруҳ тамоми корҳои берун аз синфиро бо донишҷӯён ба роҳ мемонад.
Паҳлӯи дигари фаъолияти донишҷӯ аз ба роҳмонии раванди корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳ вобаста аст. Аз ҳама бештар душвории мутобиқшавӣ ба ҳаёти донишҷӯӣ ва зиндагии алоҳида дар байни донишҷӯёни курси якум, ки дар хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, мушоҳида мегардад. Чунки ҷавонон маҷбуранд, ки на танҳо ба шароити нави таълим, балки ба шароити нави зиндагӣ ҳам мутобиқ шаванд. Мураббиёни хобгоҳ иҷрои вазифаҳои тарбиявиро дар тамоми самтҳои фаъолияти таълим ва тарбия бояд дар асоси зерин таъмин намоянд: инкишофи қобилияти эҷодии донишҷӯён, ташкили истироҳат; ташаккули фаъолони донишҷӯёни хобгоҳ, мақомоти идоракунии донишҷӯён; ҳамоҳангсозии кори шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ; мусоидат ба ҳайати донишҷӯёни хобгоҳ дар гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ; тарбия намудани муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ, тарбияи тозагӣ; мусоидат намудан ба риояи қоидаҳои дохилии хобгоҳ ва қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби донишҷӯён; тарбия ва ташаккули эҳтиёҷ ба тарзи ҳаёти солим; омўзиш ва таҳлили фазои равонии хобгоҳ, муайян намудани сабабҳои ба амал омадани фазои номусоиди ахлоқӣ, ҳавасмандгардонии фаъолон; омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи мусбати ташкили кори тарбиявӣ дар хобгоҳҳо.
 
Дар ин радиф дар хобгоҳҳо ба тарбияи маданию ахлоқии донишҷӯён диққати калон дода шуда, бахшида ба рӯзи идҳо ва рӯйдодҳои фаромӯшнашавандаи таърихи кишвар ва донишгоҳ чорабиниҳои ҳархела, маҳфилҳои эҷодию варзишӣ ва таълимӣ - тарбиявӣ васеъ, бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун гузаронида шаванд. Ба ташаккули тарзи ҳаёти солим бо баргузории лексияву сӯҳбатҳои мутахассисон, чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва тандурустӣ, таҳти шиори “Насли солим – ҷомеъаи солим” густариш дода шавад.
 
Ба рушди системаи худидоракунии донишҷӯён дар хобгоҳҳо, ба ташаккули сифатҳои роҳбарӣ, қобилияти эҷодӣ, дар коллектив кор карда тавонистани донишҷӯён тақвият додани он мувофиқи мақсад мебошад. Дар ин замина барои васеъ ҷалб намудани донишҷӯён ба тайёрӣ ва гузаронидани чорабиниҳо, ки ба беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва фароғатӣ, муқаррар намудани меъёру қоидаҳои ахлоқӣ нигаронида шудаанд, Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ, ки мақоми ҷамъиятии худидоракунӣ ба ҳисоб меравад, фаъолияти онҳо густариш дода шавад. Дар назди Шӯрои донишҷӯён комиссияҳои зерин ташкил карда шаванд: оид ба ташкили кори истироҳат ва маданӣ, ахборот, назорати истифодаи гӯшаҳои дарс тайёркунӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тандурустӣ ва варзиш, пешгирии ҷинояткорӣ, оид ба масъалаҳои манзилию гигиенӣ, комиссияҳои санитарию гигиенӣ.
Ҳамаи ин барои ташаккули насли солим замина мегузорад ва ба мутобиқшавии шахс ба ҷамъият мусоидат мекунад.
 
Барои тарзи ҳаёти солим ва ташаккули шахсият ба тарзи васеъ гузаронидани тадбирҳои махсуси пешгирикунанда: расонидани кӯмаки психологӣ, сӯҳбатҳо дар бораи зарари тамокукашӣ, истеъмоли машрубот, нашъамандӣ, лексияҳо оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва кори инфиродӣ бо донишҷӯён мувофиқи мақсад мебошад.
Имрӯз тарбияи ватандўстӣ яке аз самтҳои асосӣ, вале душвортарини кори тарбия ба ҳисоб меравад, зеро дар ҷомеъаи имрӯза ақидаҳои наве, ки бо дигаргунсозии афкори ҷавонон ба миён омадааст, алоқаманданд ва ҳанўз ба мафкураи ҷавонон ақидаҳои гуногунро тавассути шабакаҳои иҷтимомӣ роҳандозӣ менамоянд.
Муҳимтарин василаи тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ ин омӯзиши таърихи гузаштаи аҷдодони хеш мебошад. Дар ин раванд моро зарур аст, ки омӯзиши гузаштаи қаҳрамонон ва анъанаҳои пуршарафи миллати худро боз ҳам васеътар тарғиб намуда, аз таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ибрат гирифта, ба санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихи миллӣ, суҳбатҳо оид ба бедор намудани эҳтиром ба гузаштаи таърихии мамлакати худ ва ҳисси қарзи шаҳрвандӣ дар назди Ватан, баргузор намоем.
 
Бо мақсади такмили низоми тарбияи шаҳрвандии донишҷӯён ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули шаҳрвандии фаъоли донишҷӯён, худмуайянкунии шаҳрвандӣ, масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ дар муассисасаҳои олӣ ташкили маҳфилҳои мубоҳисавии «Инсон ва ҷомеа» аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Дар ин замина барои ташаккули хислатҳои шаҳрвандӣ ва ватандӯстии донишҷӯён дар сиёсати љавонон чунин муносибат љой дорад, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ доимо дастгирӣ љавонон буда, барои љалби онҳо дар омўзиши илму ҳунар, аз худ намудани техника ва технологияи навин, рў овардан ба доираи васеъи истифодаи шабакаҳои интернет заминаи хубе муҳайё намуда, барои омўзиш дар хориљи кишвар ҳама сола бурсияҳои Ҳукуматӣ бо идрорпулӣ таъсис медиҳад, ки ин дастгирӣ беназир аст.
 
Хулоса имрўз дар вазифаи таълиму тарбияи донишљўён ва ҳадафҳои асосии системаи идоракунии онҳоро метавон дар зерин ба даст овард: дар донишҷӯён ташаккул додани муносибати масъулиятшиносӣ ва эҷодӣ ба таҳсил ва фаъолияти ҷамъиятӣ; дар байни аъзоёни коллектив ташаккул додани мавқеи фаъолонаи ҳаётӣ ва маҳорати идоракунии корҳои ҷамъиятӣ дар асоси мустақилият дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти донишҷӯӣ; ташаккул додани ҳисси соҳибмулкӣ дар донишгоҳ, эҳтиром ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои хобгоҳ; расондани ёрӣ ба маъмурият ва коллективи устодон дар ташкил ва такмили раванди таълим (бо роҳи таҳлили ҳамаҷонибаи сифати дониши донишҷӯён, сабабҳои паст будани нишондиҳандаҳо, андешидани тадбирҳои минбаъда аз рӯи натиҷаҳои таҳлил ва рафъи ин сабабҳо); ташкили системаи назорати низоми таълим, сари вақт татбиқи чораҳои иљтимоию интизомӣ нисбат ба вайронкунандагон; ташкили вақти холии донишљўён, мусоидат ба ташаккули шахсияти ҳар як узви коллективи донишљўён; пурзур намудани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар донишгоҳҳо.
Ҳамин тариқ тарбияи донишҷӯён яке аз роҳҳои омода намудани шаҳрвандони фаъол ба ҳаёт дар ҷомеаи муосир буда, он аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дошта, ба ташаккули шахсият, арзишҳои ҷамъият ва пойдории давлат мусоидат мекунад.
 
Қасобов Лоиқ Сафарович - дотсенти ДТТ ба номи
академик М.С. Осимӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат