ТАҲАВВУЛОТИ ИЛМҲОИ БУНЁДӢ - ТАҚОЗОИ ЗАМОН

 10.06.2024

ТАҲАВВУЛОТИ ИЛМҲОИ БУНЁДӢ - ТАҚОЗОИ ЗАМОН

(дар заминаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар ва дорои таъриху фарҳанги пурғановат дар тули ҳазорсолаҳо ба дастовардҳои беназири илмию фарҳангӣ ноил гаштааст. Фарзандони фарзонааш тавассути донишу тафаккури эҷодӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳон таҳаввулоти азимеро ба миён овардаанд, ки то ба имрӯз ифтихори ҳамаи мост. Ҷаҳон хизматҳои шоёни фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ба мисли Абӯали ибни Сино, Ал – Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ ва садҳо нафарони дигарро вирди забон меоранд. Ба андешаи муҳаққиқ Вадим Давидов давраи рушди ислом, ки ба замони Хилофати Аббосиён рост меояд, донишмандони ин давра аз дигар миллатҳо буданд ва аксарияташонро форсҳо ташкил медоданд. Пас суоле ба миён меояд, ки аҷдоди шарафмандамон дар аввали пайдоиши ислом ба инноватсияҳои илмӣ машғул буданду оламиён то ҳол онҳоро эътироф мекунанд ва чаро имрӯз мо тоҷикон дар садаи XXI ин анъанаи неки ниёгони хешро бо сари баланд идома намедиҳем? Ин масоили ташвишовару ҳалталаб дар шароити зудтағйирёбандаи фазои сиёсиву фарҳангии минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як зиёӣ тақозо дорад, ки барои таҳаввулоти илми тоҷик бетараф набошанд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон ба ҳолати кунунии илм ва рушду дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар диққати махсус медиҳанд. 

Ба андешаи банда мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор гардид, метавонад ҳамчун омили бифуркатсионӣ дар байни аҳли зиё хизмат намояд, зеро якчанд соҳаҳои илм таҳлили амиқу зери танқид қарор гирифта, роҳҳо ва усулҳои амалии пешрафти онҳо дар ҷомеа пешниҳод гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 хароҷоти соҳаи илм ба 1,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар расонида мешавад. Пас моро мебояд, ки ба якчанд унсурҳои бунёдии тарбия ва ташаккули шахсиятҳои инноватсионӣ ва соҳаҳои афзалиятноки илм аҳамияти ҷиддӣ диҳем, зеро таъмини амнияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳарбии давлат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Фазои кунунии илм ва пешравиҳои илмиро таҳлил намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ду намуди корҳои таҳқиқотӣ дар кишварҳои гуногун ба роҳ монда мешавад: 1. Пешоҳангони илмӣ; 2. Таъқибкунандагони илмӣ. 

Мавриди зикр аст, ки баъд аз ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ворид шудани кишварамон мо ба таъқибкунандагони илмӣ мубадал гаштем ва имрӯз замоне расидааст, ки дар баъзе соҳаҳои илм ба пешоҳангон дар рақобат шуда, мавқеи пешсафиро касб намоем. Бинобар ин, зарур аст, ки ба якчанд ҷузъиёти ҳаёти рӯзмараи хеш тағйирот ворид намоем, то ин ки шахсиятҳои инноватсиониро тарбия намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки таълиму тарбияи шахсияти комили замони муосир бояд унсурҳои бунёдии зеринро фаро гирад: ҳазми ахбор (малакаи дастрас намудан, таҳлили дуруст кардан, онро ба манфиати миллӣ, давлатӣ ва шахсӣ мувофиқ намудан ва истифодаи дурусти ахбор баҳри ҳалли масъалаҳо); муоширати мутавозини мудавом доштан (маҳорати муносибати самаранок доштан бо дигар одамон; худташаккулдиҳӣ (маҳорати назди хеш мақсад гузоштан, оқилона ва бомасъулиятона ба саломатии хеш муносибат кардану имкониятҳои зеҳнӣ, физиологӣ ва иҷтимоии хешро самаранок истифода бурдан); худмаърифатӣ (дар давоми ҳаёт нисбат ба савияи дониши хеш серталаб будан, то ин ки аз пешравии замона қафо намондан). Аз овони тифлӣ то пиронсолӣ инсон бояд ба унсурҳои болозикр аҳамият диҳад. Албатта, дар аввал барои ба вуҷуд овардани чунин унсурҳо муҳит таъсиргузор аст ва баъдтар худи шахс масъули ҳамаи онҳо мегардад.

Агар мо ба унсурҳои болозикр амиқтар назар андозем пас маълум мегардад, ки заминаи асосии онҳоро дар ботини инсон аввал оила, боғча, мактаб ва дигар институтҳои ҷомеа мегузоранд. 

Муносибати дар таодул қарордоштаи унсурҳои боло метавонанд шахсияти комилро ба вуҷуд биёранд, бинобар ин моро мебояд баъзе ҷанбаҳои таъсиргузор ба ҳаёти шахси муосир, махсусан насли наврас, масъалаҳои фалсафии ҳастии инсон, моҳияти ҳаёт, ҳуқуқ ба рисолати озоди инсонӣ, тарбияи тафаккури интиқодӣ, тарбияи тафаккури эҷодӣ, майл дошта ба шаккокияи солим, эътиқоди динӣ дар доираи ақл, озодии ботинӣ ва тарбияи ирода, некӣ ва бадӣ, озодии виҷдон, хушбахтӣ, худтарбияткунӣ ва худфаъолгардонӣ тавассути усулҳои муосири илмӣ, савияи огаҳ будани муаллифон аз техника ва технологияи муосир ва ғайра аҳамият диҳем. 

Барои ба вуҷуд овардани инноватсияи илмӣ якчанд омил таъсиргузоранд, ки мо бояд ба онҳо сареҳатан аҳамият диҳем:

-Таълиму тарбия (дар боғча, мактаби миёна ба ҳалли масалаҳои мантиқӣ равона намудани таълимгирандагон);

-Барои дар замири наврасон офаридани идеал дар китобҳои дарсӣ дастовардҳои олимони фанҳои бунёдӣ ба таври ҷиддӣ тарғиб карда шаванд ва дар ҳамаи мавзуҳои таълимӣ камтарин дастоварди олимони тоҷик нишон дода шавад;

-Дар фазои маҷозӣ (интернет) маводи оммафаҳми инноватсиониро бо забони тоҷикӣ зиёд паҳн кардан зарур аст;

-Ҳар як соҳаи илм вазифадор гардад, ки як гурӯҳи хешро дар олами виртуалӣ сабти ном карда, кашфиёти замони муосирро аз соҳаи хеш бо забони давлатӣ ба омма пешниҳод намояд. Беҳтар мешуд, ки дар ин гурӯҳ аксарияти муҳаққиқони соҳа аъзо мешуданду камбудиҳо ва пешравиҳои якдигарро баррасӣ менамуданд;

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бояд ба офаридани асарҳои пурмазмуни дорои масъалаҳои мантиқӣ, қаҳрамонҳои миллии кашшоф, техникҳои ватанӣ, фантастикӣ мароқи зиёдтар зоҳир намояд;

 -Филмофарон бояд ҳангоми офаридани филм ба соҳаҳои бунёдии илм аҳамият диҳанд, яъне қаҳрамонҳояшон донандагони хуби ин соҳаҳо бошанд;

-Ба озмоишгоҳҳои фанҳои табиӣ ва техникӣ аҳамияти ҷиддӣ бояд дод, зеро хусусиятҳои технологӣ, соли барориш ва иқтидорҳои таҷҳизоти озмоишгоҳ барои инноватсияи илмиро ба вуҷуд овардан нақши асосиро мебозанд;

-Иқтидори иқтисодии кишвар ба мо имконият намедиҳад, ки ҳамаи соҳаҳои илмро якмаром пеш барем, бинобар ин моро мебояд, ки ба соҳаи аз ҳама афзалиятноки илмӣ маблағгузории зиёд намоем ва дар тамоми манотиқи кишвар марказҳои ин соҳаро тақвият бахшем. 

Доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор гардид, чунин таъкид намуданд: «...саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад». Яъне мо бояд соҳаи барномасозӣ ва зеҳни сунъиро ҳамчун соҳаи бифуркатсионӣ қабул намуда, ботадриҷ онҳоро рушд диҳем.

Дар фарҷом ҳаминро метавон гуфт, ки дар замони муосир калиди ҳамаи муваффақиятҳои миллат ва давлат дар омӯзишу дар амал татбиқ намудан ва ба инноватсияи илмӣ машғул гардидани намояндагонаш маҳсуб меёбад. Умед аст, ки сохторҳои дахлдор ва аҳли илми кишвар дар заминаи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои омӯзишу парвариши мутахассисонро беҳтар карда, барои ояндаи дурахшони илми тоҷик хизмати шоиста хоҳанд кард.      

 

Саидвоҳид Саидумаров,

омӯзгори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ


Ба рӯйхат