Кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» 24-уми декабри соли 1991 дар заминаи кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкил дар нақлиёти автомобилӣ» таъсис ёфтааст. Айни замон мутахассисонро бо ихтисосҳои ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ, ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти роҳи оҳан ва ташкили интиқол ва идора дар нақлиётӣ ҳавоӣ омода месозад.
Солҳои 1988 талаботи ҷумҳуриро ба кадрҳои муҳандиси ихтисоси ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт ба инобат гирифта, аввалин маротиба 26 нафар донишҷў ба гурўҳи русӣ қабул карда шуд. Аз соли 1989 сар карда, дар асоси талаботи сершумор ва шартномаҳои басташуда бо ташкилоти нақлиёти автомобилии вазорату идораҳои мухталиф ба ин ихтисос қабули донишҷўёни гурўҳҳои русӣ ва тоҷикӣ ба миқдори 50 нафар донишҷў сурат гирифт.
Дар он солҳо барои баргузории дарсҳо аз фанҳои алоҳидаи тахассусӣ барои донишҷўёни ихтисос кафедра як қатор олимони соҳа (Холматов М.М., Рауфӣ А., Аслонов З., Минаков В. ва дигарон)-ро аз истеҳсолот даъват намуда буд.
Дар соли 1993 аввалин муҳандисон ихтисоси 2401 - «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт»-ро ба миқдори 25 нафар хатм намуданд. Дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ Итховинг Б. ва Асоргтим У. низ буданд, ки ҳоло дар мамалакатҳои хориҷи дур бомуваффақият фаъолият мекунанд.
Хатмкардагони маъруфи ихтисос (Аралов С.О., Наргинский С.Г., Чернигов А.И., Колесников С., Захаров А., Шитов А. ва дигарон) ҳоло натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар ҷумҳуриҳо низ кору фаъолият доранд. Инчунин дар ташкилоти байналхалқӣ низ баъзе аз хатмкардагони ихтисос (Нуриддинов Ф., Иброҳимов Б., Иброҳимзода Н., Қосимов М., Нарзуллоева М. ва дигарон) кор мекунанд.
Дар пойдоркунӣ ва рушди кафедра хизмати профессорон Ҷумаев Ҷ.Ҷ., Бобоев О.Б., Раҷабов Р.К., Фаттидинов Б., Сангинов О.Қ., Хоҷаев П.Д. ва дотсентон Раҳимова Р.Ҳ., Фохаков А.С., Саломзода Р.С., Ҷалилов У.Ҷ. ниҳоят калон мебошад.
Мудири аввалини кафедра дар ҳамон солҳо н.и.и., дотсент Сангинов О.Қ. буд, ки то соли 1994 роҳбарии кафедраро ба ўҳда дошт. Аз соли 1994 то соли 2006 мудири кафедра н.и.и., дотсент Раҳимова Р.Ҳ. буд. Аз соли 2008 сар карда, то соли 2012 мудири кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» н.и.и., дотсент Фохаков А.С. ба уҳда дошт, аз соли 2012 то соли 2021 н.и.т, дотсент Саломзода Р.С. ва аз соли 2021 инҷониб ин вазифаи пурмасъулро н.и.и., дотсент Ҷалилов У.Ҷ. ба ӯҳда дорад.
Пас аз ҳамроҳ шудани собиқ Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ду ихтисос ба кафедра ҳамроҳ карда шуд:
1-440103 - «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти роҳи оҳан».
1-440105-02- «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти ҳавоӣ».
Ҳамроҳшавии ихтсосҳои нав як қатор масъалаҳоро дар назди кафедра вогузошт. Ин ҳам бошад, масъалаи омода намудани кадрҳои унвондор буд. Роҳбарияти кафедра бо ҳамроҳии олимони соҳа Раҷабов Р.К. ва Хоҷаев П.Д. ва дигарон, оиди пурзўр намудани ҳайати кафедра як қатор масъалаҳоро ҳал намуданд. Аз ҷумла, соли 2017 – Ҷалилов У.Ҷ., соли 2018 – Наҷмудинов Ф.Н., соли 2019 – Раҷабов А.А ва Исмоилов М.И. ва соли 2020 – Юнусов Ф.М. рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ ва техникӣ гардиданд. Ҳамзамон, соли 2020 устоди кафедра Фохаков А.С. рисолаи доктории худро ҳимоя намуда соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ гардид. Айни замон, дар кафедра аз ҳисоби хатмкардагони кафедра Ҷалилов У.Ҷ., Юнусов Ф.М., Раҷабов А.А., Исмоилов М.И., Мирзоева Н.Ш., Шодиев Ш.К., Намҷмудинов Ф.Н., Ғафуров Ф.Ҷ. ва Акрамов С.С. фаъолияти педагогӣ ва илмӣ мебаранд.
Аз ҷониби омўзгорони кафедра дар давоми панҷ соли охир зиёда аз 120 мақолаву тезисҳои илмӣ ва 25 адад кори методӣ нашр шудааст.
Кафедраи мазкур бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати нақлиётии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии давлатии автомобилӣ, ККВД «Автобус-1», ККВД «Автобус-2», ККВД «Автобус-3», ҶСНК «а/к-№2927», КВД «Экспедитсияи нақлиётӣ», Сехи автомобилии №2-и заводи Алюминии тоҷик, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Сомон-Эйр», ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кўлоб” ва ғайра шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар ин муассисаҳо таҷрибаомўзии шогирдони кафедра ба роҳ монда мешаванд.
Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 дар кафедра курси доимоамалкунандаи бозомўзии авиакассирҳо барои фурўши чиптаҳои ҳавопаймой кушода шуд, ки аввалин шуда 15 нафар шунаванда курсро бомуваффақият хатм карданд ва соҳиби сертификат гаштанд.
Кафедра дар гузаронидани конференсияҳои илмии донишҷўён ва омўзгорон фаъолона иштирок намуда, донишҷўён ва омўзгорони кафедра чандин маротиба аз рўи натиҷаҳои корҳои илмии иҷрошуда соҳиби мукофотҳо гардидаанд. Корҳои илмии иҷрошаванда ба ихтисосҳои самти 1-4401 - «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» комилан мувофиқат мекунад.
Дар кафедра 17 нафар устодон, аз он ҷумла як нафар д.и.т., дотсент, ду нафар н.и.и., дотсент, як нафар н.и.т., дотсент, ду нафар н.и.и., и.в. дотсент, ду нафар н.и.и., муаллими калон, як нафар н.и.т., муаллими калон, панҷ нафар муаллими калон ва се нафар ассистентон кор мекунанд.
Кафедра баргузории дарсҳои озмоиширо аз фанни “Технологияҳои иттилоотӣ дар нақлиёт” дар синфхонаи компютерии факултет, ки бо 60 адад компютер таҷҳизонида шудааст, ба роҳ мемонад. Инчунин дарсҳои озмоишии фанни “Мусофирбарӣ” бевосита дар хатсайрҳои амалкунандаи мусофирбарии шаҳрӣ сурат мегиранд, ки боиси боз ҳам хубтар гаштани сифати таълим ва ҳамбастагии судманди донишгоҳ бо истеҳсолот мегардад.
Кафедраи ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт дар тули фаъолияти худ ҳамкориҳоро бо муасиссаҳои илмӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмии соҳаи нақлиёти кишвар ва хориҷи он дар сатҳи хуб ба роҳ мондааст.
Аз соли 2014 инҷониб кафедра ба узвияти колективии Академияи байналмилалии нақлиёти Федератсия Русия пазируфта шуда бо ташкилоти мазкур дар баргузории конференсияву симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ, омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои рушди соҳаи нақлиёт, омода намудани кадрҳои илмии ҷавон, ҷалби коршиносону олимони дигар давлатҳои хориҷи кишвар барои таҳлили натиҷаҳои дастовардҳои олимони ҷавони кафедра, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ғайра ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Кафедра дар доираи ҳамкориҳо бо Академияи байналмилалии нақлиёт дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои зиёди сатҳи байналмилалӣ иштироки фаъол намуда, бо дастгирӣ ва пешниҳоди кафедра кормандони шоистаи комплекси нақлиёти кишвар, коршиносону олимони соҳа бо медалҳои ифтихорӣ ва ифтихорномаҳои Академияи байналмилалии нақлиёт сарфароз гардида, аъзоёни нав ба узвияти Академия, аз ҷумла, ба узвияти Раёсати он қабул гардиданд.
Кафедраи ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт барои иҷрои корҳои илмӣ, методӣ ва тадқиқотӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии автомобил ва роҳи шаҳри Москав (МАДИ), Муассисаи федералии давлатии буҷавии таълимии олии касбии “Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании Санкт-Петербург” (Санкт-Петербургский государственный университет гражданской авиации), Академияи муҳандисии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Нақлиёт”, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, муассисаҳои нақлиётии шаҳру навоҳии кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва ғайра низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Ду нафар устодони кафедра – Саломзода Р.С. ва Фохаков А.С. ба узвияти (аъзои корреспондент) Академияи муҳандисии Тоҷикистон пазируфта шудаанд.
Устодони кафедраи ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт дар давоми панҷ соли охир, 8 монография, 25 васоити таълим ва дастурҳои методӣ, 120 мақолаҳои илмӣ ва тезисҳо ба нашр расонидаанд.
Ду нафар устодони кафедра д.и.т., дотсент Фохаков А.С. ва н.и.т., муаллими калон Низомзода Ф.Н. ба гирифтани чор патенту ҳуҷҷатҳои моликияти зеҳнӣ сазовор гардидаанд.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз ҷониби устодони кафедра Фохаков А.С., Ҷалилов У.Ҷ., Раҷабов А.А., Исмоилов М.И., Юнусов Ф.М. ва Низомзода Ф.Н. анҷом дода шудаст дар истеҳсолот ва раванди таълим мунтазам татбиқ мегарданд.
Айни замон дар назди кафедраи ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт як нафар унвоҷӯ ва се нафар аспирант таҳсил менамоянд, ки рисолаи онҳо дар марҳилаи ҷамъбастӣ қарор дорад.
Тавре қайд намудем, дар назди кафедра як синфхонаи бо 60 адад компютер муҷаҳҳаз барои баргузории дарсҳои озмоишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ дар нақлиёт истифода гардида, дарси озмоишии фанни мусофирбарӣ бошад, бевосита дар хатсайрҳои мусофирбарии шаҳрӣ гузаронида мешавад.
Дар назди факултет як маркази инноватсионӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки барои устодон ва шогирдони кафедраи ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт дастрас буда, ҳамагуна чорабиниҳои таълимию илмӣ ва тарбиявӣ, ки аз ҷониби устодон ва шогирдони ин кафедра ташкил карда мешавад, дар ин марказ баргузор мегардад.