Соли 1966 дар Институти политехникии Тоҷикистон (айни ҳол Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ) кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» барои тайёр намудани муҳандисон аз рӯйи ихтисоси 1725 – «Иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти автомобилӣ» таъсис дода шуд. Раёсати он дар факултети «Нақлиёт ва роҳ» ҷойгир шуда буд.
Кафедраро аввалин шуда н.и.т., дотсент Фаттидинов Бойпоччо Раҳимович сарварӣ намуд. Кафедра соли 1972 аввалин хатмкунандаҳоро тайёр кард ва 19 нафар донишҷӯён бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ дар нақлиёти автомобилӣ Институти политехникии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуданд. Дар байни хатмкунандагони аввалин чунин шахсиятҳоро номбар намудан мумкин аст, ба монанди Ашуров А. собиқ вазири нақлиёти ҶТ, д.и.и., профессор Бобоев О.Б. директори институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ, Раҳимова Н – собиқ муовини раиси Ҳукумати ноҳияи Октябри (н. И. Сомони) шаҳри Душанбе ва дигарон, ки бомуваффақият дар соҳаҳои гуногуни иктисодиёт кор ва фаъолият менамоянд.
Аз рӯзи таъсисёбӣ то ҳол кафедраро д.и.и., профессор Ҷумаев Д.Д., дотсент Аликариев С., д.и.и., профессор Бобоев О.Б., д.и.и., проф. Раҷабов Р.К., н.и.и., дотсент Сатторов Р.С., н.и.и. Ҳабибуллоев Ҳ.Х., н.и.и., дотсент Ҳамроев Ф.М., н.и.и., дотсент Алибаева М.М., н.и.и., дотсент Мирзобеков Х.Д. сарварӣ намудаанд. Маълумоти муфассал дар ҷадвали зерин оварда шудааст.
Кафедраро сарварӣ намудаанд |
|||
н.и.и., профессор Фатҳиддинов Бойпоччо 1966 - 1974 |
д.и.и., профессор Ҷумаев Ҷамоат Ҷумаевич 1974 - 1975 |
||
н.и.и., дотсент Аликариев Солеҳҷон 1975 - 1986 |
д.и.и., профессор Бобоев Олимҷон Бобоевич 1986 - 1992 |
||
д.и.и., профессор Раҷабов Раҷаб Кучакович 1992 - 1997 |
н.и.и., дотсент Сатторов Раҳматулло Сатторович 1997 - 2001 |
||
д.и.и., профессор Бобоев Олимҷон Бобоевич 2001 - 2002 |
н.и.и. Ҳабибуллоев Ҳабибулло Хайруллоевич 2002 - 2008 |
||
н.и.и., дотсент Ҳамроев Фузайлӣ Маҳмадалиевич 2008 - 2016 |
н.и.и., дотсент Алибаева Мавҷуда Мингаровна 2016 - 2018 |
||
н.и.и., дотсент Мирзобеков Хуршед Дурманович 2018 - 2020 |
д.и.и., профессор Ҳамроев Фузайлӣ Маҳмадалиевич 2020 то ҳол |
Соли 1989 баъд аз ҷудошавии кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» кафедраи «Иқтисод, ташкил ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ» таъсис ёфт, ки сипас соли 1993 дар базаи ин кафедра кафедраҳои «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар нақлиёт» (аз соли 2016 “Иқтисодиёт ва логистикаи наклиётӣ”) ва «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» ташкил карда шуданд, ки то имрӯз фаъолият карда истодаанд. Аз соли 1972 то соли 2021 кафедра 1548 нафар муҳандис-иқтисодчӣ дар соҳаи нақлиёт тайёр намудааст.
Расми 1. Ҷадвали хатмкунандагони кафедраи «И ва ЛН» дар солҳои 1972-2021
Мувофики карори Шӯрои олимони Донишгохи техникии Точикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз 25.01.2016 номи кафедра ба «Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ» иваз карда шуд.
Имрӯз дар кафедра профессор – 2 нафар, дотсентон – 4 нафар, муаллимони калон – 2 нафар, ассистентон – 3 нафар, котиб-оператор – 1 нафар кор мекунанд:
Кафедраи «Иқтисодиёт ва логистикаи наклиётӣ» бакалавр ва магистрону мутахассисонро аз рӯйи 4 ихтисос тайёр мекунад:
Дар назди кафедра озмоишгоҳи «Иқтисодиёт, банақшагирӣ, маркетинг, омор ва менеҷмент дар нақлиёт ва хоҷагии роҳ» фаъолият мекунад.
Кафедра тайёркунии аспирантон, унвонҷӯён ва докторантонро бо ихтисоси 08.00.05 – «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (нақлиёт)» - ро бар душ дорад. Айни замон дар кафедра рисолаҳои номзадиро якчанд аспирантон ва унвонҷӯён омода карда истодаанд, унвонҷӯён - Уроқов М.М., Раҷабов Э.Д., Мухамедова Ш.С., Шодиев Ш.К.
Аспирантон ва унвонҷӯён зери роҳбарии докторони илм А.Х., Бобоев О.Б., Раҷабов Р.К., Ҳамроев Ф.М., Хоҷаев П.Д. ва номзадҳои илм Азимов П.Ҳ., Мирзобеков Х.Д., Амонуллоев И.А. бо корҳои илмӣ машғуланд. Дар тӯли фаъолияти худ дар кафедра якчанд рисолаҳои докторӣ ва рисолаҳои номзадӣ бомуваффақият ҳимоя карда шудааст, ки маълумоти мухтасар дар ҷадвали зерин оварда шудааст.
Имрӯз дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти «Таҳқиқоти самтҳои асосии ташаккул ва инкишофи бозори хизматрасонии нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳқиқоти самтҳои асосии ташкил ва идоракунии хизматрасониҳои нақлиётии самаранок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳқиқоти самтҳои асосии рушди комплекси нақлиётӣ-логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар комплекси нақлиётӣ-логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷро шуда истодааст.
Дар кафедра диққати махсус ба тайёркунии корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ дода мешавад. Ҳаҷми умумии корҳои нашр шуда зиёда аз 2000 ҷузъи чопиро ташкил мекунад.
Ғайр аз он, кафедра дар тайёр намудани мутахассисони ихтисосҳои 1-700302-04 – «Кӯпрукҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии нақлиётӣ», 1-700301-01 – «Сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо», 1-370205 – «Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо», 1-440101 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ», 1-440105-02 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти ҳавоӣ», 1-440103 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти роҳи оҳан», 1-361101 – «Таҷҳизот ва нақлиёти роҳ, сохтмонӣ ва борбардорӣ», 1-370201 – «Ҳайати кашандаи нақлиёти роҳи оҳан (тепловозҳо)», 1-370401 – «Истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ», 1-370105-02 «Автомобил ва хоҷагии автомобилӣ», 1-370106-01 – «Истифодабарии техникии автомашинаҳо», 1-440302 – «Ташкили ҳаракат дар роҳ» фаъолона ширкат меварзад.
Кафедра бо донишгоҳ ва донишкадаҳои зерин ҳамкории дутарафа дорад: Академияи идоракунии Давлатӣ, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Москва, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Сибир, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Тошканд, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Киев, Академияи Миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисодии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва корхонаю ташкилоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо иштироки донишҷӯён гузаронида мешавад. Барои ин мақсад дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Академияи хурди нақлиётчиён» бо роҳбарии устодони пешбар таъсис дода шудааст, ки хуб амал мекунад.
Дар кафедра семинар ва конфиренсияҳои илмӣ-амалӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён тез-тез гузаронида мешавад. Устодони кафедра дар семинар ва конфиренсияҳои илмӣ-амалии байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва дар сатҳи донишгоҳ иштирок меварзанд.
Гурӯхи устодони кафедра дар мураттабсозии «Нақшаи рушд ва ҷойгиркунии системаи нақлиёти ҷумҳури», «Мукаммалгардонии хизматрасонии нақлиётӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа», «Баландбардории самаранокии кори автобусҳо на хатсайрҳои байнишаҳрӣ ва байналмиллалӣ ва ҳалли масъалаҳои сарфакории захира дар нақлиёт» саҳми худро гузоштаанд.
Кафедра дар кушодани ихтисосҳои нави талаби замон фаъолона ширкат меварзад. Аз он ҷумла, дар назди кафедра соли 2013 ихтисоси 1-260203-23 – «Логистика» ва соли 2017 ихтисосҳои 1-270101-07 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти авиатсионӣ)» ва 1-270101-03 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (хоҷагии рох)» кушода шуданд. Вобаста ба гузаштани системаи серзинаи нави хониш, аз тарафи кафедра нақшаҳо ва стандартҳои нави таълимӣ ва барономаҳои кории нав тартиб дода шудаанд.
Устодон ва шогирдони кафедра маротибаи зиёд дар мусобиқахои варзишӣ ва чорабиниҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона ширкат варзида соҳиби ҷойҳои намоён ва мукофотҳои арзишманд ва ифтихорномаҳо гардидааст. Гурӯҳи устодони кафедра дар чорабиниҳои гуногуни давлатӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳ фаъолона иштирок меварзанд.
Устодони пешбари кафедра дар таҳия ва мураттабсозии консепсияву барномаҳои соҳавӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Гурӯҳи устодони кафедра тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои омодасозии мутахассисони баландихтисоси илмӣ-педогогӣ равона месозад. Дар маҷмӯъ саҳми олимони зерин соҳаи нақлиёт, дар омодасозии кадрҳои баландихтисос назаррас аст.