ШУЪБАИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


 

Курбанова Гулнора Назриевна

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 
+992 37 227-37-81
interdept@ttu.tj

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ яке аз ҷузъи сохтории ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ буда, ҷиҳати татбиқи фаъолияти ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии донишгоҳ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамгироӣ намудан ба системаи маорифи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар арсаи ҷаҳонӣ равона гардидааст.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷ робитаҳои ҳамкори дошта, яке аз самтҳои асосии он ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳо ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби марказҳои пешқадами таълимӣ ва хориҷӣ барои муносибатҳои мутаносибан судманд мебошад.

Имрӯзҳо дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз кишварҳои Федератсияи Россия, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркия, Қатар ва Ҷумҳурии мардуми Чин донишҷӯён таҳсили илм намуда истодаанд. Ҳамзамон ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо муассисаҳои олии таълимии кишварҳои хориҷ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, инчунин дар лоиҳаҳои инвеститсионии байналмилалӣ ширкат меварзад.

Самтҳои асосии фаъолиятҳои шуъба:

1. Ташкил ва рушд додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо муассисаҳои пешқадами таълимӣ ва илмии ҷаҳон, омода намудани барномаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм:

- мусоидат намудан оид ба иштироки ДТТ ба номи  академик М.С. Осимӣ дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ;
- мусоидат намудан оид ба иштироки ҳайати профессорон ва омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар доираи барномаи мубодилаи академӣ;
- мусоидат намудан оид ба гузаштани такмили ихтисоси кормандон дар хориҷи кишвар;
- мусоидат намудан оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимии кишварҳои хориҷ, муассисаҳои техникӣ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- татбиқи фаъолиятҳои байналмилалӣ, бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимӣ, шарикони хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
- мусоидат намудан оид ба ҷустуҷӯи грантҳои таълимии байналмилалӣ ва илмӣ;

2. Ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ барои омӯзиш, тайёрӣ ва таҷриба дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ;

3. Дастгирӣ намудан барои дастрасӣ бо раводид барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият мекунанд.