НАЗАРОВ АКБАР ШАРИФОВИЧ - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедра
Ҳайати омӯзгорони кафедра
Кафедраи «Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот» бо қарори Шўрои олимон ва фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти №41-3/2 аз 22 июли соли 2017 таъсис дода шудааст. Барои тайёр намудани мутахассисон 5 нафар омӯзгорони штатӣ, 3 нафар омӯзгорони ҳамкории дохила ва 2 нафар омўзгорони ҳамкории беруна фаъолият менамоянд. Аз ҷумла:
Назаров Акбар Шарифович |
н.и.и., дотсент, мудири кафедра |
Мусинов Абдуали Сайвалиевич |
н.и.и., дотсенти кафедра |
Толибова Сарвиноз Нуруллоевна |
муаллими калон |
Тоирова Мунира Абдураҳимовна |
ассистент |
Саидов Наимҷон Бозорович |
ассистент |
Қурбонов Нурулло Мирзомаҳмудович |
ассистент |
Баҳодури Саидбеки Саидзода |
ассистент |
Қаюмов Маҳмадзоир Маҳмараҷабович |
ассистент |
Дастовардҳои кафедра:
Аз давраи ташкилёбӣ то имрӯз кафедра кормандони илмиро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот омода намуда истодааст. Аз ҷумла докторантони phD Қаюмов М.М., Қурбрнов Н.М. , Баҳодури С.С. ва унвонҷӯён Тоирова М.А., Толибова С.Н. Аз тарафи устодони кафедра дар 5-соли охир 61 адад мақолаҳои илмӣ, 17-адад китоб ва дастурҳои таълимӣ ва 1-монографияи илмӣ аз чоп баромадааст. Ба кафедраи ТИ ва ҲМ 1- аудитория ва 2- озмоишгоҳ вобаста карда шудааст, ки дар онҳо тахтаи электронӣ ва видеопроектор насб шудаанд. Озмоишгоҳҳои кафедра бо 31-адад компютерҳои ҳозиразамон ва стенди воситаи барномавии криптография ҷиҳозонида шудааст.
Дар самти бо ҷойи кор таъмин гаштани хатмкунандагон назорат дар якҷоягӣ бо Шуъбаи таҷрибаомӯзи ва рӯшди касбият ба роҳ монда шудааст. Аз давраи ташкилёби то имрӯз кафедраро 94 - нафар донишҷӯи зинаи бакалаврият ва 9-нафар магистрантон хатм намудаанд.
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён амал мекунад, ки дар он донишҷуён бо маърӯзаҳои худ баромад мекунанд ва ихтирооти худро барои муҳокима пешниҳод менамоянд. Иштирокчиёни маҳфили илмӣ мақолаҳои беҳтаринро дар конференсияҳо пешниҳод намуда, баромад менамоянд.
Нақшаи корҳои илми-таҳқиқотии кафедра тасдиқ гардидааст, ки аз рӯи он ҳамасола корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иҷро мегардад. Аз натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар 3 соли охир докторанти PhD –и кафедра Қаюмов Маҳмадзоир Маҳмараҷабович дар Шӯрои диссертасионии 6D.КОА-032-и ДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Распознавание автора незнакомого текста на основе частотностей аннаграмм” ҳимоя намудаст. Илова бар ин омӯзгорони кафедра Мусинов А.С. соҳиби Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ (с. 2017) ва Толибова С.Н. соҳиби Гувоҳномаи нахуспатент (с. 2018) гардиданд.
Корҳои тарбиявӣ дар кафедра мувофиқи нақшаи корҳои тарбиявии факултет ва кафедра гузаронида мешавад. Омӯзгорони кафедра кураторҳои гуруҳҳои академӣ мебошанд. Онҳо бо донишҷуёни фаъол ҳамкорӣ намуда чорабиниҳои гуногуни сатҳи факултетӣ ва донишгоҳиро ташкил намуда фаъолона иштирок менамоянд.
Лаҳзаҳои корӣ дар кафедра:
Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи ТИ ва ҲМ Назаров А.Ш. ҳангоми гузаронидани дарси амалӣ |
|
Ассистенти кафедра Саидов Н.Б. ҳангоми гузаронидани дарси озмоишӣ аз фанни “Усулҳои криптографии ҳимояи иттилоот”. |
|
Гузаронидани дарси кушод аз тарафи номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи ТИ ва ҲМ Мусинов А.С. |
|
Лаҳзаҳои кории кафедра. |
|
Гузаштани машғулиятҳои озмоишӣ дар кафедра |
|
Иштирокчиёни маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра |
Ҳоло кафедра мутахассисонро аз рӯи 3 ихтисос тайёр менамояд:
Инчунин дар кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1-400102-04 «Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар коркард ва пешниходи иттилоот)» ва 1-980101-0105– «Амнияти автоматонии системаи коркарди иттилоот ва идоракунӣ» зинаи магистратура ташкил карда шудааст.
Суроға: Факултети “Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ”, кафедраи “Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот”, 734000, ш. Душанбе, куч. Ҳаёти-Нав, бинои факултети “Сохтмон ва меъморӣ”, каф. ТИ ва ҲМ, ошёнаи 4-ум, ауд. 421, телефон, (992) 907546006; e-mail: akbarnazarow@mail.ru