Садриддинов Маҳмади Маҳмудович - номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, мудири кафедра
Шумораи омӯзгорони штатии кафедра – 16 нафар, аз ҷумла: унвондор – 10 нафарро ташкил медиҳад. Ҳайати омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ дар кори такмил додани фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ҳиссагузорӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки анъанаҳои илми-методӣ ва тарбиявии кафедраро қадр намуда, пос нигоҳ доранд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра:
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
Дастовардҳои кафедра:
Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯъ ва равияҳои зерин гузаронида мешаванд:
Татқиқи усули назарияи сифати муодилаҳои дифференсиалӣ. Дар ин самт Садриддинов М.М., Нусайриев М., Рустамбекова У ва Яқубов Н. татқиқот анҷом медиҳанд.
Усули заррачаҳо барои заррачаҳои кинетикӣ ва усули аналитикии ҳосилкунии номограммаҳо. Дар ин самт Гадозода М., Ҳафизов Ҳ., Қодиров О. мавриди татқиқ қарор додаанд.
Татқиқи системаи муодилаҳои диференсиалӣ ва муодилаҳои интеграли бо коэфитсиентиҳои сингулярӣ. Дар ин самт устодони зерин корҳои илмӣ мебаранд: Саидов Ш., Зарипов С., Иқболов С., Ғайбуллоев Б., Бахтовари У., Абдусаломзода Х, кор мебаранд.
Иштирокчиёни олимпиада барои барои дарёфти ҶА ИМ ҶТ дар соли таҳсили 2020-2021
|
|
Ғолиби ҷои дуюм донишҷӯи 2- 6901б Турдиев Исмоил Нишонович барои дарёфти ҶА ИМ ҶТ дар соли таҳсили 2020-2021
|
|
Ғолиби даври 3-юми олимпиадаи байналмиллалӣ Айматов Эҳсон донишҷӯи 1- 440103б факултети МК ва Н дар соли таҳсили 2020-2021
|
|
Дарси назариявӣ аз фанни математикаи олӣ. Омӯзгори дарсбаранда н.и.ф-м., муаллими калон Рустамбекова Умеда Рустамбековна
|
|
Дарси назариявӣ аз фанни математикаи олӣ. Омӯзгори дарсбаранда н.и.ф-м., и.в. дотсент, Нусайриев Мастибек Алиёрбекович
|
|
Дарси кушод дар мавзӯи “Геометрияи аналитикӣ дар ҳамворӣ. Хати рост” баромади н.и.ф-м., дотсент Ҳафизов Ҳ.М |
|
Дарси амалӣ аз фанни математикаи олӣ. Омӯзгори дарсбаранда н.и.ф-м., муаллими калон Игболов Саймуҳаммад Иброҳимович
|
Мақсади асосии таълими фанни „Математикаи олӣ” дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои зерин ниҳон аст:
- дар тафаккури донишҷӯён ҷой намудани аппарати математикии ҳозиразамон барои ҳалли масъалахои илмию амалӣ дар фаъолияти касбии оянда;
- инкишоф ва такмил додани қобилияти зеҳнии донишҷӯён ба фанни математика;
- мустақилона истифода намудан аз адабиётҳои математикӣ ва тадбиқи онҳо дар корҳои амалӣ ва тадқиқотӣ;
- инкишоф додани сифатҳои шахсии донишҷӯён, ки барои ҳалли масъалаҳои илмию амалӣ зарур аст;
- фикрронии мантиқӣ, истеъдоди аналитикӣ, интелект ва ғайра.
Кафедраи математикаи олӣ аз аввалин рўзҳои ташкилёбии нахустин Донишкадаи техникии Точикистон, соли 1956 ба кор шурўъ намудааст. Бо фармони ректор М.С.Осимӣ, нахустин мудири кафедраи математикаи олӣ Қамаров У.Ҳ. таъин шуд. Ҳоло ҳайати устодони кафедраро 16 нафар омӯзгорони штатӣ ташкил медиҳанд, ки аз байни онҳо 10 нафарашон номзадҳои илм мебошанд.
Кафедра умумидонишгоҳӣ буда, омӯзгорони он барои ҳамаи ихтисосҳои факултетҳои донишгоҳ аз фанни таълимии математика машғулиятҳоро бо забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ мегузаронанд.
Барномаи таълимии фанни мазкур вобаста ба хусусияти хоси ихтисосҳои алоҳида дар факултетҳои мухталиф дар курси аввал бо давомнокии аз ду то се семестр таълим дода мешаванд.
Вобаста ба ихтисосҳои мухталифи донишгоҳ ба донишҷӯён аз шохаҳои гуногуни математика дарсҳои назариявӣ, амалӣ ва озмоишӣ гузаронида мешавад:
Кафедра бо ҳамаи кафедраҳои тахассусии донишгоҳ ва тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар алоқаи зич дорад. Омӯзгорони кафедра дарсҳои назарияӣ, амалӣ ва озмоиширо дар се самт: анъанавӣ, бо тариқи онлайн (online) ва офлайн (ofline) мегузаронанд.
Барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ аз фанни мазкур маводи таълимӣ аз қабили китоб, дастурҳои таълимӣ ва методӣ дар китобхонаҳои донишгоҳ ва шакли электронии маводҳои таълимӣ ҳам дар китобхонаҳои электронӣ ва ҳам дар кафедра мавҷуд мебошанд.
Суроға: Факултети “Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ”, кафедраи “Математикаи олӣ”, 734000, ш.Душанбе, куч. Ҳаёти-Нав, бинои факултети “Сохтмон ва меъморӣ”, ошёнаи 3-ум, ауд. 316, телефон, (992) 987445151; e-mail: mahmadi_1972@mail.ru