Кафедраҳо » Системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ


Кабилов Ш.С.

Кабилов Шавкат Соҳибҷонович – номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедра

Кафедраи “Системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ” яке аз кафедраҳои тахассусии пешсаф дар факултети “Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ” -и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ буда, он дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ таҳти №12 аз 02.06.2018 с. ва фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти №1019-3/4 аз 27.08.2018 с. таъсис дода шудааст.

Ҳоло дар кафедра 11 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки 8 нафари онҳо номзадони илм мебошанд.

Ному насаб

Унвон ва дараҷа

Вазифа

1

Кабилов Ш.С.

Н.и.т.

И.в.мудир,

2

Умарализода Р.Ш.

Дотсент, н.и.т.

Дотсент

3

Холов Ш.Ё.

Н.и.т.

И.в.дотсент

4

Бадалова М.А.

Н.и.т.

Муаллими калон

5

Қосимов А.А.

Н.и.т.

Муаллими калон

6

Ҷовиди Ч.

Н.и.т.

Муаллими калон

7

Бобобеков Қ.М.

Н.и.т.

Муаллими калон

8

Раҷабова А.С.

 

Муаллими калон

9

Саидова М.С.

 

Муаллими калон

10

Ҳасанов Ҷ.Р.

Н.и.т.

Ассистент

11

Давлатбегова Ш.Д.

 

Ассистент

 

Самтҳои асосии фаъолияти кафедраи "Системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ" ин идоракунии системаҳои коркарди иттилооти гуногун дар асоси усулҳои муосири компютерӣ ва системаҳои таъминоти барномавӣ мебошад, ки таҳияи технологияҳои муосир, воситаҳои техникию барномавии автоматонӣ ва системаҳои идоракунии иттилоотро дар бар мегирад. Дар доираи ин самт шумораи зиёди таҳқиқотҳо гузаронида шудаанд. Натиҷаи корҳои илмии кафедра дар вазорату идораҳои давлатӣ, бонкҳо, корхонаҳои саноатӣ ҷорӣ карда шудаанд. Кафедра муҳандисонро барои фаъолият дар соҳаҳои автоматонии системаҳои коркарди иттилоот, таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд:

  1. 530102 – Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот;
  2. 400101 Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ.

Дар кафедра 3 озмоишгоҳҳои компютерӣ ва илмӣ –тадқиқотии донишҷӯён фаъолият мекунанд, ки дар онҳо донишҷӯён мунтазам корҳои мустақилонаи худ ва бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Самти корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ба системаҳои идоракунии автоматӣ, таҳияи таъминоти барномавӣ, идораи базаи додаҳо, таҳияи сомонаҳо ва таҳияи маҳсулоти барномавии навин бахшида шудааст. Омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра дар озмунҳои ихтироъкорон дар сатҳи донишгоҳ, олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ фаъолона иштирок намуда, системаҳои идоракунии китобхона, тарҷумони луғат ва дигар таъминоти барномавии замонавиро пешниҳод намудаанд.

Соҳаи фаъолияти касбии бакалаврҳо инро дар бар мегирад:

- мошинҳои ҳисоббарор (компютерҳо), комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо;

- системаҳои автоматикунонидашудаи коркард ва идоракунии иттилоот;

- системаҳои тарроҳии компютерӣ; нармафзор барои таҷҳизоти компютерӣ ва системаҳои автоматӣ (барномаҳо, маҷмӯаҳо ва системаҳои нармафзор);

-таъминоти математикӣ, иттилоотӣ, техникӣ, эргономикӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии системаҳои автоматикунонидашудаи номбаршуда;

Хатмкунандагони кафедра ба татбиқ ва истифодаи системаҳои идоракунии коркарди иттилоот дар тамоми соҳаҳои фаъолият машғуланд ва дар бозори муосири меҳнат талабот доранд. Онҳо метавонанд вазифаҳои зеринро ишғол намоянд: муҳандис оид ба автоматикунонии системаҳои коркарди иттилоот; муҳандис –барномасоз,

муҳандис –системотехник.

Барои онҳое, ки мехоҳанд таҳсилро идома диҳанд, дар кафедра магистратура, аспирантура ва докторантура мавҷуд аст. Самтҳои идомаи таҳсил дар кафедра чунинанд:

Бакалавр ва Магистратура

1-530102 – Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот.

1-400101 – Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ.

Докторантура ва Аспирантура

Доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D070400 — Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ;

05.13.01 – Таҳлили системавӣ, идора ва коркарди иттилоот;

05.13.11 –Таъминоти математикӣ ва барномавии мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо ва шабакаҳои компютерӣ).

Ҳайати омӯзгорону кормандони кафедра

АСУ

Мо аз дидани шумо дар байни донишҷӯёни кафедра хурсанд мешавем!!! 

Кафедраҳо