Раёсати тарбия ҳамчун сохтори таркибии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ башумор рафта дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи милиӣ тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф фаолиятдоштаро ба роҳ мондааст. Дар фаъолияти кории худ меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ, фармоишҳо ва дастуру супоришҳои ректори донишгоҳро амалӣ менамояд.
Раёсати тарбия дар тобеияти бевоситаи муовини ректор оид ба тарбия қарор дошта, роҳбарӣ ва назорат аз болои фаъолияти раёсат шуъба ва бахшҳои раёсат, муовинони декан оид ба тарбия, Шурои кураторон, дарсҳои кураторӣ, донишҷӯён инчунин мундариҷаи корҳои тарбиявиро дар кафедраҳо, факултетҳо, хобгоҳҳо ва дигар сохторҳои дахлдори Донишгоҳ амалӣ менамояд.
Ҳадафҳои асосии Раёсати тарбия роҳандозӣ намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандустию хештаншиносӣ, ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳал ва мусоидат намудан ба масъалаҳои вобаста ба корҳои тарбиявӣ, омода кардани кадрҳои бомаҳорат суханвару донишманд, ташкил намудани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, дигар чорабиниҳои фарҳангӣ сиёси ва тарбиявӣ ба ҳисоб меравад.
Дар сохтори раёсати тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академи М.С.Осимӣ зерсохторҳои зерин фаъолият намуда истодаанд:
- Шуъбаи кор бо ҷавонон;
- Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа;
- Бахши кор бо занон;
- Шурои кураторон;
- Шурои собиқадорони Донишгоҳ.
Ҳадаф ва вазифаҳои раёсати тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академи М.С.Осимӣ:
- назорати ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии самти тарбияро дар сохторҳои Донишгоҳ;
- фармоишҳои ректори Донишгоҳ, қарорҳои Шурои олимон ва раёсати Донишгоҳро оид ба самарабахшии корҳои тарбиявӣ дар байни устодон, кормандон, донишҷўён ва магистрантон амалӣ менамояд;
- рафти иҷрои қарорҳои Шурои олимон ва раёсати Донишгоҳро, ки ба масъалаи тарбия алоқамандӣ дорад, дар тамоми сохтору зерсохторҳои Донишгоҳ назорат менамояд;
- фаъолияти шуъбаи кор бо ҷавонон, Шурои кураторон, бахши кор ба занон ва созмони донишҷӯён ҳамчунин самарабахшии фаъолияти онҳоро дар пешрафти корҳои тарбиявӣ таъмин менамояд;
- фаъолияти тарбиявӣ, мазмун ва мундариҷаи корҳои тарбиявиро дар кафедраҳо, факултетҳо ва хобгоҳ зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд;
- барои баланд бардоштан ва такмили раванди корҳои тарбиявӣ ва самарабахшии онҳо мусоидат менамояд;
- иҷрои саривақтии нақшаи корҳои тарбиявии зерсохторҳои қисми тарбия, факултетҳо ва кафедраҳои Донишгоҳро зери назорати доимӣ қарор медиҳанд.
- ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ дар Донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва ташаккул додани ҳисси худшиносию ифтихори миллии онҳо дар ҳамоҳангӣ бо зерсохторҳои худ мусоидат менамояд;
- раёсатро сардор роҳбарӣ менамояд. Сардори раёсат дар асоси пешниҳоди муовини ректор оид ба тарбия аз ҷониби ректор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад;
- раёсат бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад;
- лоиҳаҳои фармоишҳои ректор, қарорҳои раёсат ва Шурои олимон, ки ба фаъолияти тарбиявӣ алоқаманд мебошанд, омода менамояд;
- бо муовинони деканҳо оид ба тарбия мунтазам машваратҳои корӣ баргузор намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти бавуҷудомада чораҳои зарурӣ меандешад;
- фаъолияти кории муовинони деканҳо оид ба корҳои тарбияро таҳти назорат қарор медиҳад;
- аз натиҷаи баргузории соатҳои тарбиявӣ мунтаззам аз кураторони гурўҳҳои академӣ ҳисобот талаб намуда, муҳтавои онро дар шакли маълумот ба муовини ректор оид ба тарбия пешниҳод менамояд;
- ба ҳуҷҷатҳои воридшаванда, ки ба фаъолияти корҳои тарбиявӣ алоқамандӣ доранд, мактуби ҷавобӣ омода менамояд;
- тарғиби фаъолияти Донишгоҳро тавассути ВАО ва дигар воситаҳо ба роҳ мемонад;
- ба раёсати Донишгоҳ таклифу пешниҳодҳоро ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои ҳалталаби ба фаъолияти тарбиявӣ алоқаманд пешниҳод менамояд;
- ба Шурои олимони Донишгоҳ ва барномаҳои дурнамои корҳои тарбиявиро пешниҳод мекунад;
- ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурўҳҳои академӣ омўзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, иҷрои онро зери назорат қарор медиҳад.
- иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷўён ва магистрантонро назорат менамояд;
- риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ»-ро таъмин менамояд;
- баҳри инкишофи худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории донишҷўён чораҳои зарурӣ меандешад.