Кафедраҳо » Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ


Кафедраи «Истифодабарии техникии автомобилҳо» асоси факултети нақлиёт буда, соли 1958 созмон дода шудааст ва ҷузъу томи сохтори факултети Сохтмони донишкада ба шумор мерафт. Мудири аввалини кафедра н.и.т., дотсент Браилчук Пётр Леонтевич интихоб шуд. Ӯ на танҳо ташилкунандаи кафедра буд, инчунин қариб ҳамаи фанҳои ихтисосро мебурд. Зери роҳбарии ӯ бо иштироки муаллими калон Сквортсов В.И. ва лаборант Темиргалиева Р. аввалин озмоишгоҳҳои кафедра ташкил карда шуданд.

            Дар алоқамандӣ бо афзоиши ҳаҷми корҳо ва зарурати ихтисосмандон ба омодасозии муҳандисон дар риштаи нақлиёти автомобилӣ кафедраи «Истифодабарии техникии автомобилҳо» соли 1964 ба ду кафедра «Нақлиёти автомобилӣ» ва «Истеҳсолот ва таъмири автомобилҳо» тақсим карда шуд.

            Аз соли 1969 то 1972 мудири ҳар ду кафедра н.и.т., дотсент Қараев Ғ.О. буд. Ин солҳо аз солҳои пурмавҷи рушди ихтисоси “Автомобил ва хоҷагиҳои автомобилӣ” ба шумор мерафт, ки н.и.т. дотсентҳо Браилчук Пётр Леонтевич, Браилчук Павел Леонтевич, дотсентҳо Қараев Ғ.О., Саттивалдиев Б.С., Алиев В.А., Эман О.Я., Таштабанов Р.А., Лигай В.В., муаллимони калон Фаттидинов Б.Р., Миронов Е.А., Гурский Г.Н., Сквортсов В.И. ва дигарон кор кардаанд.

            Солҳои баъдина мудирони кафедраи «Нақлиёти автомобилӣ» н.и.т., дотсентҳо: Алиев В.А. (1972-1985), Қаландаров А.Ҳ. (1985-1996), Ҷамолов А.А. (1996-2003); кафедраи «Истеҳсолот ва таъмири автомобилҳо»: профессор Қараев Ғ.О. (1968-1978), н.и.т., дотсентҳо: Таштабанов Р.А. (1978-1983), Тошев Ҳ.У. (1983-1993) буданд.

Аз соли 2003 то соли 2009 сарварии кафедраи якҷояшудаи «Истифодабарии воситаҳои нақлиёт»-ро д.и.т., профессор Турсунов А.А. ва аз соли 2009 то соли 2014 номзади илмҳои техникӣ, дотсент Абдуллоев М.А. ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2014 то соли 2016 сарварии кафедраро номзади илмҳои техникӣ, дотсент Давлатшоев Р.А. ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2016 то соли 2022 сарварии кафедраро номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент Юнусов М.Ю. ба ӯҳда доштанд. Аз 15 феврали соли 2022 то инҷониб сарварии кафедраро номзади илмҳои техникӣ, Тошев Ҷ.Ш. ба ӯҳда дорад.

            Ду омӯзгори кафедра номзадони илм Абдуллоев М.А. ва Давлатшоев Р.А. дар курси ҳафтмоҳа дар Донишкадаи байналмилалии такмили ихтисоси шаҳри Маннҳайми Ҷумҳурии Федеролии Олмон (Internationales Institut für Berufsbildung) такмили ихтисос намуда, аз мактаби бузурги автомобилсозӣ ва нигоҳубини техникии автомобил баҳравар шуданд. Дар рафти такмили ихтисос онҳо ҳамчунин аз корхонаҳои бузурги автомобилсозии Олмон ба мисли „Mercedes“, „Audi“ ва „Volkswagen“ дидан карда бо технологияи навтарини истеҳсоли автомобилҳои ҳозирзамон шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар солҳои мавҷудияти худ кафедра ҳудуди 4000 муҳандисонро тайёр кардааст.

Ҳайати омўзгорони кафедра (унвон ва вазифаҳои онҳо)

Дар кафедра 17 нафар устодон, аз он ҷумла се нафар н.и.т., дотсент, се нафар  н.и.т., и.в. дотсент, як нафар н.и.т., муаллими калон, як нафар н.и.т., ассистент, панҷ нафар муаллими калон, ду нафар ассистентон ва як нафар д.и.т., и.в. профессор кор мекунанд.

            Дар кафедра 1 доктор ва 17 номзадҳои илмҳои техникӣ тайёр шудаанд. Барои ҳимоя рисолаҳои номзадӣ ҳам дар чорчӯбаи ДТТ ва ҳам дар макотиби олии Русия омода мешаванд.

            Аз ҷониби коллективи кафедра зиёда аз 60 монография ва дастурҳои таълимӣ бароварда шудааст. Кормандони кафедра доимо натиҷаҳои корҳои илмии худро дар маҷаллаву маҷмӯаҳо ба чоп омода мекунанд.

            Кафедра бо Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ККВД «Автобус - 1», ККВД «Автобус-2», ККВД «Автобус-3», ККВД «Троллейбус», ҶДММ «Сомон-сервис» ҶСШК «а/к - №2927», ҶДММ «Пойгоҳи автоматикунонидашудаи автомобилӣ», Ассотсиатсияи «Ронанда ва нақлиёт» ва ғайра шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар онҳо таҷрибаомўзии шогирдони кафедра ба роҳ монда мешаванд.

            Ҳамкориҳои дохилию хориҷии кафедра

            Дар кори баландбардории сатҳи илмӣ-педагогии устодони кафедра саҳми кафедраҳои «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ», «Автомобилҳо», «Истифодабарии мошинҳои роҳсозӣ», «Техникаи гармо ва муҳаррикҳои автотракторӣ»-и Институти автомобил ва роҳи Москва (МАДИ), ки айни замон чун донишгоҳи техникии давлатӣ шинохта мешавад ва онро олимони намоёни илму техникаи Русия, чун: д.и.т., профессорҳо Г.В. Крамаренко, А.Н. Островтсев, А.К. Фрумкин, Я.Е. Фаробин, А.М. Шейнин, М.С. Ховах, инчунин профессори кафедраи «Нақлиёти автомобилӣ»-и Донишгоҳи давлатии Владимир И.Н. Аринин ва дигарон роҳбарӣ мекунанд, хеле калон аст.

Тадқиқоти илмии кормандони кафедра аз рӯи равияи «Баландбардории эътимоднокии истифодабарӣ ва коркарди методологияи хусусиятҳои мутобиқкунии автомобилҳо дар шароити кӯҳсор» бурда мешавад.

            Дар айни замон кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои “Автомобил ва хоҷагиҳои автомобилӣ”, “Истифодабарии техникии автомобилҳо” , “Ташкили ҳаракат дар роҳ” ва “Таълимоти касбӣ” омода месозад. 

            Ҳоло дар кафедра 1 нафар доктори илм, 8 нафар номзади илм, 5 нафар омӯзгори калон, 3 нафар ассистент кор карда истодаанд. Барои меҳнати софдилона дар тайёр намудани мутахассисони соҳа устодони кафедра бо мукофотҳои соҳавӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла 4 устоди кафедра бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақлиётчии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидаанд.

Имрӯз кафедра бо озмоишгоҳҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, чун анъана асбобу таҷҳизоти озмоишии худсохт низ, ки дар доираи иҷрои кори хатми бакалаврӣ ва рисолаҳои хатм аз тарафи донишҷуёну унвонҷӯён сохта мешаванд, дар раванди дарсӣ самаранок истифода мебарад.

 

Name

 

Academic degree 

 

Academic title

 

Abdullo Mamadamon Candidate of Science Associate Professor
Bodurbekov Farid   Teacher
Valiev Nachib   Teacher
Goibov Navruz   assistant
Davlatshoev Rashid Candidate of Science Associate Professor
Majidov Bakhridin Candidate of Science Associate Professor
Niyozov Odil   Teacher
Sadulobekov Javari Candidate of Science Associate Professor
Toshev Jahongir Candidate of Science Teacher
Umurzokov Ahmadjon Candidate of Science Associate Professor
Холов Давлатали Candidate of Science Associate Professor
Huseinov Hasan   Teacher
Jobirov Firuz   Teacher
Yunusov Mansur Candidate of Science Associate Professor
Pirov Jahongir Candidate of Science assistant

Кафедраҳо