Кафедраҳо » Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан


Кафедраи «Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан»

 

Кафедра сароғоз ҳамчун кафедраи «Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ» (ИТНҲ) дар асоси қарори Шўрои олимони Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон аз 18 марти соли 2005 таъсис ёфтааст. Дар оғози фаъолияти худ кафедра ҳамчун кафедраи тахассусӣ аз рўи равияҳои  130300 – «Истифодабарии техникии аппаратҳои парвозкунанда ва муҳаррикҳо», 240300 – «Истифодабарии киштиҳои ҳавоӣ ва ташкили ҳаракати ҳавопаймоҳо» ва 240101- «Ташкили интиқол ва идоракунӣ дар нақлиёти ҳавоӣ» мутахассисони баландихтисоси соҳаи авиатсия – муҳандиси соҳаи авиатсияи гражданиро тайёр менамуд. Дар таъсисёбии кафедра пеш аз ҳама  устодони аввалини кафедра Мастонгулов М.А., Раҳимов М.С., Одинаев С., Миррахматов С.Ш., директории генералии КВДҲ «Тоҷик-Эйр» Тиллоев Ҳ, ҷонишини директории генералии КВДҲ «Тоҷик-Эйр» Ҳамроев Ф.Х., директори техникии КВДҲ «Тоҷик-Эйр» Шарипов В.С., сармуҳандиси КАТ КВДҲ «Тоҷик-Эйр» Ким А.А. ва дигарон саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Аввалин иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «ИТНҲ» Раҳимов М.С. таин гардидааст. Дар асоси қарори Шўрои олимони Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон аз 28 августи соли 2006 – ум номзади илмҳои техникӣ Мирраҳматов С.Ш. тариқи озмун ҳамчун аввалин мудири кафедра таин шудааст. Миррахматов С.Ш. то соли 2016 ва аз соли 2016 то 2017 Маҷидов Б.Ҷ. кафедраи ИТНҲ-ро сарварӣ намуда, дар ин давра дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ ва пешбурди корҳои илмию методӣ ва созмон додани базаҳои лабораторию амалии кафедра хизматҳои шоёнеро ба сомон расонидаанд. Айни замон роҳбарии кафедраро номзади илмҳои техникӣ, дотсент-яке аз дастпарварони худи кафедра Ғафурзода Ҷалолиддин Садриддин дар ўҳда дорад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 471 аз 1 сентябри соли 2007 «Дар бораи ҳамроҳкунии Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ», кафедра ба факултети Нақлиёти ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамроҳ карда шуд. Кафедра дар ҳайати факултети Нақлиёти Донишгоҳ ҳамчун кафедраи “Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ” (ИТНҲ) то соли 2017 амал намуда, оғоз аз 28 августи соли 2017 дар натиҷаи ҳамҷояшавии кафедраи “Таркиби ҳаракаткунандаи нақлиёти роҳи оҳан” ба кафедраи ИТНҲ кафедра ҳамчун кафедраи “Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан” (ИТНҲ ва РО) номгузорӣ карда шуда, аз рӯи ду  ихтисос бакалавронӣ соҳаҳои – 1-370401-“Истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ” ва 1-370201 – «Ҳайати кашандаи нақлиёти роҳи оҳан (Тепловозҳо)» мутахассисонро омода намуда истодааст. Дар айни замон кафедраи «ИТНҲ ва РО» дар Донишгоҳ нуфузу эътибори хосаи худро дорад ва ҷоизи қайд аст, ки оғоз аз соли хониши 2014-2015 дар назди кафедра магистратура кушода гардидаст, ки соли 2016 ҳашт нафар ва аз ин ҳисоб ду нафар бо гирифтани дипломи аъло магистратураро хатм намуда, ба дараҷаи тахассусии «магистри техника ва технология» аз рӯи ихтисоси «Истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ» сарфароз гардиданд.

Устодони фанҳои тахассусии кафедра таҷрибаи баланди таълимӣ-методӣ, маҳорат ва малакаи баланд дошта, чанде аз онҳо дар баробари кор дар Донишгоҳ инчунин собиқаи зиёди корӣ дар ширкатҳои ҳавпаймоии кишвар доранд.

Кафедраи ИТНҲ ва РО бо якчанд донишгоҳҳои авиатсионии хориҷи кишвар робитаҳо дошта, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании ш. Москва, Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании ш. Санкт-Петербург, Донишкадаи давлатии авиатсияи граждании Белорусия ва Донишкадаи давлатии авиатсияи граждании ш. Тошканд шартномаҳои ҳамкорӣ низ дорад.

Кафедраи ИТНҲ дар асоси қарори ташкилоти таълимӣ-методии донишгоҳҳои Россия, дар соҳаи истифодабарии техникаҳои авиатсионӣ ва кайҳонӣ «УМО РФ», №4 аз 29.12.2008с. ҳамчун аъзои УМО РФ қабул ва эътироф гардидаастд. Ҳамчунин дар ин асос Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо «Учебно-методическая объединения ВУЗов России» дар соҳаи маориф, дар самти истифодабарии техникаҳои авиатсионӣ ва кайҳонӣ, шартномаи ҳамкорӣ № УМО-16/2008 ба имзо расонидааст. Маҳз дар доираи ин аъзогӣ ва ҳамкорӣ ҷонишини раиси УМО-и Россия, академик Чинючин Юрий Михайлович  раиси Комиссияи аттестатсионии Давлатӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои   дипломии аввалин хатмкунандагони кафедра таъин гардида буд.

Имрўз кафедра дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи авиатсияи гражданӣ, нақлиёти роҳи оҳан  бо ширкатҳои ҳавопаймоии кишварамон - ҶСК «Тоҷик-Эйр», аэропорти байналмиллалии ш. Душанбе, аэропорти байналмиллалии ш. Хуҷанд, аэропорти байналмиллалии ш. Кўлоб, аэропорти байналмиллалии ш. Қўрғонтеппа, ҶСК «Ширкати таъминоти сўзишворӣ», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва дигар ширкатҳои нақлиётии кишварамон шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки дар асоси он донишҷўёни кафедра дар базаҳои истеҳсолӣ ва лабораторияи ин ширкатҳо таҷрибаомўзӣ ва баъзе дарсҳои лабораторию амалии худро  мегузаронанд.

         Имрўз хатмкунандагони кафедра дар ҶСК «Тоҷик-Эйр», ҶСК «Сомон-Эйр», аэропорти байналмиллалии «Шереметьево», «Домодедово»-и ш. Москваи Федератсияи Россия, ва аэропорти байналмиллалии ш. Душанбе, аэропорти байналмиллалии ш. Хуҷанд, аэропорти байналмиллалии ш. Кўлоб, аэропорти байналмиллалии ш. Қўрғонтеппа, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва дигар ширкатҳои ҳавопаймоию нақлиёти автомобилии кишварамон ва берун аз он сарбаландона ва дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият карда истодаанд.

Дар айни замон дар кафедра омодасозии мутахассисон бо забони русӣ аз рўи ихтисоси 1-3704.01 – “Истифодабарии техникии киштиҳои ҳавоӣ  ва муҳаррикҳо” ва бо забони тоҷикӣ аз рӯи ихтисосҳои 1-370201 – «Ҳайати кашандаи нақлиёти роҳи оҳан»  ба роҳ монда шудааст.

 Роҳбарияти  аввалини кафедра н.и.т., дотсент Миррахматов С.Ш. оиди  пурзӯр  намудани  ҳайати  кафедра  як қатор масълаҳоро ҳал намуаанд. Аз  ҷумла  соли 2016 - Ғафурзода  Ҷ.С., соли 2017- Ҳусензода М.А., соли 2020- Шералиев А.Қ., ва соли 2021- Яқубов Ғ.Ғ. рисолаҳои номзадии  худро  ҳимоя намуда  соҳиби дараҷаи  илмҳои техникӣ, физика математика ва  иқтисодӣ гардидаанд. Айни  замон дар  кафедра  аз ҳисоби  хамкунандагони  солҳои гуногун  Ғафурзода  Ҷ.С., Ҳусензода М.А., Шералиев А.Қ., Тоиров И.С. ва  Яқубов Ғ.Ғ. ҳайати омӯзгорон таъмин карда шудааст, ки фаъолияти  педогогӣ ва илмӣ мебаранд. 87 фоизи омузгорони кафедра  устодони дараҷаи илмӣ дошта мебошанд. Аз ҷониби омӯзгорони  кафедра  дар тӯли 5 соли охир  зиёда аз 100 мақолаву тезисҳои илмӣ, 13 адад дастурҳои методӣ ва якто китоби дарсӣ нашр шудааст.

Дар кафедра  5 адад синфхонаҳои таълимию- амалӣ ва якто озмоишгоҳи муҳаррикҳо ва   таҷҳизоти авиатсионӣ, нақлиёти  роҳи оҳан ва автомобилӣ  вуҷуд доранд, ки бо қисмҳои аппаратҳои парвозкунанда, муҳаррикҳо ва системаҳои функсионалии аппаратҳои парвозкунанда  ҷиҳозонида шудаанд ва барои гузаронидани дарсҳои  лексиониву амалӣ  барои ихтисосҳои мутаалиқи кафедра  хизмат мекунанд.

Баъзе маълумотҳои кафедра  дар 5-соли охир

Теъдоди монографияҳои илмӣ

Китоби дарсӣ

Дастурҳои методӣ

Мақолаҳои илмӣ ва тезисҳо

Патент ва дигар ҳуҷатҳои моликияти зеҳнӣ

 

3-адад

1 адад

13-адад

Зиёда аз 100 адад

2 адад (бо ҳаммуалифӣ)

Суратҳои хотирваӣ аз бойгонии кафедра:

ИТНХРОИТНХРО.jpg-1ИТНХРО.jpg-1.jpg-2ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6.jpg-7ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6.jpg-7.jpg-8ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6.jpg-7.jpg-8.jpg9ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6.jpg-7.jpg-8.jpg9.jpg-10ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6.jpg-7.jpg-8.jpg9.jpg-10.jpg-11ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6.jpg-7.jpg-8.jpg9.jpg-10.jpg-11.jpg-12ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6.jpg-7.jpg-8.jpg9.jpg-10.jpg-11.jpg-12.jpg-13ИТНХРО.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6.jpg-7.jpg-8.jpg9.jpg-10.jpg-11.jpg-12.jpg-13.jpg-14.jpg-15

Кафедраҳо