Кафедра аз оғози соли 2016 бо якҷояшавии кафедраҳои «Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо» ва «Сохтмони роҳи оҳан, кўпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ» ташкил карда шуд. Айни ҳол кафедра ҳамчун яке аз зерсохтори факултети “Нақлиёт ва инфрасохтори роҳ” фаъолият менамояд. Дар кафедра устодони варзида номзадҳои илм ва устодони унвондор фаъолият менамоянд.
Кафедра бо кафедраҳои «Масолеҳи сохтмони роҳҳо», «Кофтуков ва лоиҳакашии роҳҳо», «Сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард»-и Донишкадаи автомобилию роҳсозии Маскав (МАДИ-ТТУ), Пажуҳишгоҳи техникӣ-физикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои Байнидавлатии роҳсозони ИДМ ва дигар Донишгоҳҳои берунмарзӣ алоқаи илмӣ дорад.
Дар кафедра донишҷӯн дар дарсҳои амалӣ ба сохтни амсилаҳои лоиҳавӣ машғул мебошанд.
Дар кафедра аз рўйи ихтисосҳои 700301-01 - «Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо», 370205 – «Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо» ва 700302-04 – «Сохтмони кўпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ» муҳандис-сохтмончӣ тайёр карда мешавад.
Дар назди кафедра озмоишгоҳи «Масолеҳи сохтмони роҳҳо», иншоотҳои нақлиётӣ, истифодабарии роҳҳо амал менамоянд, ки дар онҳо тадқиқот ва санҷишҳои масолеҳи сохтмони роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо инчунин конструксияҳои сохтмони нақлиётӣ гузаронида мешавад.
Бояд қайд намуд, ки кафера бо муассисаҳои ватанӣ яъне, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Корхонаҳои истеҳсоли мавод ва маснуот”- алоқаи зич дорад, ки дар ин муассисаҳо донишҷӯён корҳои озмоишӣ ва илмӣ мегузаронанд.
Дар кафедра магистрон ва докторантони PhD аз рўйи ихтисоси «Сохтмони роҳҳо ва фурўдгоҳҳо» таҳсил менамоянд.