Кафедраи «Ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмону роҳсозӣ» вобаста ба дигаргун шудани сохтори донишгоҳ, дар асоси фармоиши Ректори Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон таҳти №3-3/2 аз 08.02.2016 сол, дар базаи кафедраҳои «Мошинҳо ва маҷмӯъи нақлиёти технологӣ» ва «Назарияи мошинҳо, механизмҳо ва ҷузъҳои мошин» таъсис дода шудааст.
Кафедраи « Назарияи мошинҳо, механизмҳо ва ҷузъҳои мошин», яке аз кафедраҳои умумикасбии пешбари донишгоҳ ба ҳисоб рафта, тайёркунии конструкторҳоро барои “муҳандис - механик” –ҳо таъмин намуда, соли 1968 дар базаи кафедраи «Механикаи техникӣ», ташкил карда шуда буд.
Ташкилкунанда ва якумин мудири кафедра, номз. илм. техн., дотсент Саидов Ҳалимҷон Саидович буд, ки солҳои 1968–1979, 1983–1984 роҳбарии онро ба ӯҳда дошт.
Дар рушд ва ташакулли бефосилаи хазинаи илмию методӣ ва педагогии кафедра, аввалин педагогҳо, мутахассисони пуртаҷриба, номз. илм. техн., дотсентон Томилин С.В., Боровский В.Н., муаллимони калон Королева Л.Т., Селезнева А.Д. ва Табибуллаева М.М. саҳми арзанда гузоштаанд.
Аз рӯзҳои аввали ташкилёбиаш, кафедра дар тайёр намудани мутахасиссони илмию педагогӣ, баланд бардоштани раванди таълим кӯшиши зиёд кардааст. Дар кафедра озмоишгоҳҳои назарияи мошину механизмҳо, таҷҳизотҳои ҳамлу наҳл, ҷузъҳои мошин, мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ, лоиҳакашии мошинҳо ва утоқи лоиҳакашии курсӣ ташкил карда шуд.
Соли 1991 бо ташабуси номз. илм. техн., и.в. профессор Умаров А.У. дар назди кафедра ихтисоси «Таҷҳизот ва нақлиёти роҳ, сохтмон ва борбардорӣ» (аз рӯи самтҳо), кушода шуда, соли 1996 хатми якӯм баргузор гардид.
Дар асоси фармоиши Ректори ДТТ ба номи акад.М.С. Осимӣ таҳти №56-3/4 аз 16.04.1997 кафедра, ба кафедраҳои « Назарияи мошинҳо, механизмҳо ва ҷузъҳои мошин» (мудир номз. илм. техн., дотсент Акрамов Б.Н. ) ва «Таҷҳизот ва нақлиёти роҳ, сохтмон ва борбардорӣ» (мудир номз. илм. техн., дотсент Сайдаминов И.А.) ҷудо карда шуда, соли 2002 кафедраи «Таҷҳизот ва нақлиёти роҳ, сохтмон ва борбардорӣ», бинобар сабаби гузаштан ба стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба кафедраи «Мошинҳо ва комплекси нақлиётию технологӣ», номгузори карда шуд.
Талаботи Ҷумҳуриро ба кадрҳои муҳандисии ихтисоси 1709 - «Мошинҳои ҳамлу нақл, сохтмонию роҳсозӣ ва таҷҳизот» ба инобат гирифта, дар соли 1991 аввалин маротиба 15 нафар донишҷӯ ба гурӯҳи тоҷикӣ қабул карда шуд.
Дар соли 1996 аввалин муҳандисон ихтисоси 1709 - «Мошинҳои ҳамлу нақл, сохтмонию роҳсозӣ ва таҷҳизот»-ро ба миқдори 15 нафар хатм намуданд, ки дар соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.
Дар пойдоркунӣ ва рушди кафедра хизмати н.и.т., дотсент Саидов Ҳ., н.и.т., дотсент Умаров А.У., д.и.т., дотсент Яхияев Г.Я., н.и.т., дотсент Наҷмуддинов Ш.З., д.и.т., и.в. профессор Сайдаминов И.А., н.и.т., дотсент Акрамов Б.Н., муаллимони калон Тошев М.А. ва Аминов Ф.М., н.и.т., и.в. дотсент Шарифов Д.А. ниҳоят калон аст.
Роҳбарии кафедраро минбаъд дар солҳои гуногун номз. илм. техн., дотсентон Миракилов В.М. (1979–1983), Луговой В.П. (1984–1985), Умаров А.У. (1985–1997), Акрамов Б.Н. (1997–2007, 2012–2020), Раҳматов М.Р. (2007–2012) ба ӯҳда доштанд.
Роҳбарии кафедраи «Мошинҳо ва комплекси нақлиётию технологӣ» – ро 1997 то соли 2016 доктори илмҳои техникӣ, профессор Сайдаминов И.А. ба ӯҳда дошт.
Айни ҳол и.в. мудири кафедраи «Ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ» номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент Шарифов Д.А. буда, ҳайати он аз 9 нафар омузгорони штатӣ, 1 нафар лабаранти калон ва 1 нафар коргузор иборат мебошад. Ҳайати омузгорони кафедраро, 5-нафар номзадҳои илмҳои техникӣ, аз он ҷумла 2 нафар номзади илмҳои техникӣ, дотсент (Акрамов Б.Н., Султонов Ҳ.Н.) 3 нафар номзадҳои илмҳои техникӣ, и.в. дотсент (Шарифов Д.А.), муаллими калон Бобобеков О.Ҳ. ва Исматов И.А.) ва ассистент (Тиллоев Ҳ.З.) ва 3-нафар муллимони калон (Тошев М.А., Аминов Ф.М., Зиеев Р. Э.), коргузор (Азизова Б.И.) ва 1 нафар лабаранти калон (Рашидов М.Е.) ташкил медиҳанд, ки кор ва фаъолият карда истодаанд.
Айни замон кафедра мутахассионро аз рӯи ду ихтисос 1-3611-01 – “Таҷҳизот ва нақлиёти роҳ, сохтмони ва борбардорӣ” ва 1-740603-01 – “Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ” тайёр менамояд
Дар давраи мавҷудияти кафедра, омӯзгорон Султонов Ҳ.Н., Бобобеков О.Ҳ., Шарифов Д.А., Исматов И.А., Тиллоев К.З. аспирантураро дар донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон, хатм намуда, бомуваффақият рисолаи номзадиро ҳимоя намуданд ва ассистентони кафедра Файзов С. ва Муҳидинзода К. барои давом додани тахсил дар аспирантура ба донишгоҳҳои Федератсия Россия равон карда шуданд. Айни замон, дар кафедра Аминов Ф.М., Тошев М.А. ва Зиёеев Р.Э. фаъолияти педагогӣ ва илмӣ мебаранд.
Аз тарафи устодони кафедра солҳои охир зиёда аз 150 корҳои илмӣ-методӣ, аз он ҷумла 2 китоби дарсӣ, 20 васоити таълимӣ, 10 дастури методӣ ва 120 корҳои илмӣ нашр шудааст.
Кафедра бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ККВД «Автобус - 1», ККВД «Автобус-2», ҶСШК «Роғунгэсстрой», КВД «ТАЛко», ҶСШК «РСДМ», ҶСШП «Энергоремонт», МДНРА ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҶТ, Агенти сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ ва ғайра шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар онҳо таҷрибаомӯзии шогирдони кафедра ба роҳ монда мешаванд.
Кафедра дар гузаронидани конференсияҳои илмии донишҷӯён ва омӯзгорон фаъолона иштирок менамояд. Донишҷӯён ва омӯзгорони кафедра чандин маротиба аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмии иҷрошуда мукофотҳо гирифтаанд. Корҳои илмии иҷрошаванда ба ихтисосҳои 1-3611-01 – “Таҷҳизот ва наҳлиёти роҳ, сохтмони ва борбардорӣ” ва 1-740603-01 – “Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ”комилан мувофиқат мекунад.
Кафедра корҳои педагогӣ ва илмию методиро бо фаъолияти илмию тадқиқӣ ва илмию истеҳсолӣ пайваст менамояд. Барои фаъолияти арзанда дар соҳаи илмию педагогӣ аъзоёни кафедра Сайдаминов И.А. ва Акрамов Б.Н. бо унвонҳои баланд: «Аълочии маориф» сазовор гаштанд. Кафедра солхои охир анъанаҳои хуби пештараро гум накарда, барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва мутахассисҳои баландихтисоси хоҷагии халҳи ҷумҳуриамон, яъне дар тайер намудани мутахассисони ихтисоси 3611-01- «Таҷҳизот ва наҳлиёти роҳ, сохтмон ва борбардорӣ» ва 740603-01 - «Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ» машгул буда, кӯшишу ғайрат карда истодааст.
Ҳайати омӯзгорони кафедра (унвон ва вазифаҳои онҳо)
Дар кафедра 11нафар устодон, аз он ҷумла се нафар н.и.т., дотсент, як нафар н.и.т., и.в. дотсент, ду нафар н.и.т., муаллими калон, ду нафар н.и.т., ассистент, се нафар муаллими калон, кор мекунанд.
Номгӯи озмоишгоҳҳо бо расмҳояшон ва бо эзоҳ.
Номи лабораторияҳои таълимӣ |
таҷҳизот |
масоҳат мавҳеи ҷойгиршавӣ |
озмоишгоҳи Гидравлика ва ҳаракатоваран-даҳои гидравликӣ Дар дарсҳои озмоишӣ аз фанни “Гидравлика ва ҳаракатоварандаҳои гидравликӣ” – хусусиятҳои физикии моеъ, асбобҳо барои ченкунии фишор, ченкунии фишори гидростатикӣ бо асбобҳои моеъгӣ, намоиши муодилаи Бернулӣ ва ченкунии хароҷоти моеъ, омӯхта мешаванд. Дар озмоишгоҳ инчунин корҳои зерини илмӣ - муайянкунии реҷаи ҷоришавии моеъ, таҳҳиҳи ҷаҳиши гидравликӣ ва муайянкунии коэффитсиенти ҳамворӣ дар ҳубур гузаронидан мумкин аст: |
36м2, |
|
озмоишгоҳи Назарияи мошин ва механизмҳо ва ҷузъҳои мошин Дар дарсҳои озмоишӣ аз фанҳои “Назарияи механизму мошин” ва “Ҷузъҳои мошин ва асосҳои тарҳрезӣ”–сохт, таркиб, конструксияи механизмҳо, редукторҳо, подшипникҳо ва муайян намудани параметрҳои кинематикӣ ва геометрии механизмҳо ва ҷузъҳои мошин, омӯхта мешаванд. |
48м2 |
|
озмоишгоҳи Мошинҳои борбардор Дар дарсҳои озмоишӣ аз фанни “Мошинҳои борбардор” –сохт, таркиб, конструксия ва муайян намудани бузургиҳои асосии механизми борбардор, омӯхта мешаванд.
|
48м2 |
|
озмоишгоҳи мошинҳои сохтмону роҳсозӣ Дар дарсҳои озмоишӣ аз фанни “Мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ” –сохт, таркиб, конструксия ва муайян намудани бузургиҳои асосии экскаваторхои гидравликӣ, бузургиҳои таҷҳизотҳои маҳлултайёркунанда ва омехтаҳои бетонӣ, инчунин таҷҳизотҳои майдакунии масолеҳҳои сохмонию роҳсозӣ, омӯхта мешаванд.
|
48м2 |
Ҳамкориҳои дохилию хориҷии кафедра
Кафедраи ҶМ ва МСР дар тули фаъолияти худ ҳамкориҳоро бо муасиссаҳои илмӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмии соҳаи наҳлиёти кишвар ва хориҷи он, ба монанди кафедраҳои «Мошинҳои сохтмон» (МГСУ-МИСИ), «Мошинҳо ва таҷҳизотҳои роҳ» (МАДИ-ГТУ), «Мошинҳо ва таҷҳизотҳои кӯҳӣ» (МГГУ-МГИ), «Мошинҳо ва таҷҳизотҳои кӯҳӣ» (УГГА)-и ФР, Институти кимиёӣ АФ ҶТ, Пажӯишгоҳи корҳои кӯҳии ба номи А. Скочинский АФ ФР, дорад.