Кафедраҳо » Коркарди энергиябарандаҳо ва хизматрасонии нафту газ


Кафедраи “Коркарди энергиябаранадҳо ва хизматрасонии нафту газ” дар пойгоҳи кафедраи «Кимиёи физикӣ ва таҳлилӣ» таъсис дода шудааст. Кафедраи «Кимиёи физикӣ ва таҳлилӣ» моҳи сентиябри соли 1996 ташкил шудааст. Аввалин мудири он н.и.т., дотсент Асрор Муродиён буданд.

         Дар таҳия ва ташкили барномаҳои таълимӣ, коргузорӣ, ташкили синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимӣ, қабули мутахасиссони варзида ба кор Муродиён Асрор корҳои назаррасро анҷом додаанд.

         Аз соли 1998 то 2008 ба ҳайси мудири кафедра н.и.т., дотсент Камолов Ғоиб фаъолият намудааст. Дар муддати мудирии дотсент Камолов Ғ. корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Яке аз мақсадҳои ба зиммагузоштаи устод ин ҷалб ва қабули устодони варзида ба кор буд. Боиси ифтихор аст, ки дар замони мудирии Камолов Ғ. то 2003 устодони варзида ва олимони шинохтаи Ҷумҳурӣ Юсупов З.Н., Исобоев М.Ж., Куканиев М., Мансуров М.М. ба ҳайси профессорони кафедра кор ва фаъолият намудаанд. Дотсент Камолов Ғ. ба тарбияи кадрҳои соҳибистеъдод ва ҷавон аҳамияти хосса медод ва боварӣ аз он дошт, ки ҷавонон нерӯи созандаи фардои ҷомеа мебошанд. Бо ин маром устод соли 2004 аз Донишгоҳи милии Тоҷикистон мутахассисони ҷавон Иброҳимзода Д.Э., Зуҳурова М.А. ва Зумратов А.Х.-ро ба ҳайси омӯзгорони кафедра қабул намуд. Ин устодони ҷавон дар пешрафти фаъолияти кафедра замимагузорц намудаанд. Бо ташабуси Иброҳимзода Д.Э. дар соли 2005 дар назди кафедра «Ҷамъияти илмии донишҷӯён» таъсис дода шуд. Дастовардҳо дар ин мавзӯъ тавассути зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, фушурдаҳо ва патент барои ихтироъот нашр шудаанд.

         Соли 2005 дар назди кафедра ихтисоси 480103 - «Технологияи энергиябарандаҳои табиӣ ва маводҳои карбондор», ки марбут ба равияи 6550-«Технологияи моддаҳои органикӣ» мебошад, ташкил карда шуд ба кафедра ҳамчун кафедраи тахассусӣ эътироф гардид.

         Соли 2008 ба вазифаи мудири кафедра Иброҳимзода Д.Э. интихоб карда шуд.  Ташкили ихтисоси нав боиси он гардид, ки мавзӯи илмии кафедра тағийр дода шавад. Аз соли 2005 то ин ҷониб кафедра дар мавзӯи «Пажӯҳиш ва таҳқиқи пайвастагиҳои табиӣ, коркарди технологияҳои муфиди истеҳсоли биосӯзишвориҳо  ва омӯзиши таркиби химиявии захираҳои ангишти Тоҷикистон» кори илмӣ иҷро намуда истодааст.

Бинобар ба миён омадани зарурати истеҳсолӣ дар факултаи Нақлиёт бо фармони ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ профессор Одиназода Ҳ.О. соли 2018 (Фармони №45-3/2 аз 29.08.2018) кафедраи “Коркарди энергиябаранадаҳо ва хизматрасонии нафту газ” таъсис дода шуд.  Ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.х., дотсент Иброҳимзода Д.Э. таъин гардид. Сипас Иброҳимзода Д.Э. ба вазифаи мудири ҳамин кафедра интихоб карда шуд. Дар пойгоҳи кафедраи мазкур донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси 480103- “Технологияи химиявии энергиябаранадҳои табиӣ ва маводҳои карбондор” ва 510202-“Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” мутахасисон омода карда мешаванд. Дар кафедра 2 лабораторияи таълимӣ фаъолият намуда истодааст.  Иброҳимзода Д.Э. то моҳи сентябри соли 2021 дар ин вазифа фаъолият намудааст.

Дар муддати се соли фаъолият ду нафар устоди кафедра (Иброҳимзода Д.Э. ва Гулаҳмадов Ҳ.Ш.) рисолаи докторӣ ва ду нафар омӯзгорони кафедра (Маҳмудова Т.М. ва Палавонов К.М.) рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Айни замон иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро н.и.т., и.в.дотсент Маҳмудова Т.М. ба ӯҳда дорад.

Теъдоди ихтисосҳои амалкунандаи кафедра 3 аст:

    • 1-480103 – Технологияи химиявии энергиябаранадҳои табиӣ ва маводҳои карбондор;
    • 1-510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;
    • 1-480135 –Коркарди нафту газ;

Дар кафедра 8 нафар устодон, аз он ҷумла як нафар д.и.х., и.в.профессор, як нафар д.и.т., як нафар н.и.т., и.в.дотсент, се нафар н.и.т., муаллими калон ва ду нафар ассистент кор мекунанд.

КЭХНГ

Дар кафедра озмоишгоҳи илмию таълими фаъолият дорад. Мавзӯъи илмии кафедра «Пажӯҳиш ва таҳқиқи пайвастагиҳои табиӣ, коркарди технологияҳои муфиди истеҳсоли биосӯзишвориҳо  ва омӯзиши таркиби химиявии захираҳои ангишти Тоҷикистон» мебошад.

Лаҳзаҳои кор дар озмоишгоҳ

КЭХНГ.jpg-1.jpg-2.jpg-3КЭХНГ.jpg-1.jpg-2КЭХНГ.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4КЭХНГ.jpg-1

Кафедра бо кафедраҳои “Химияи органикӣ” ва “Биохимия” Донишгоҳи миллии   Тоҷикистон;Институти илмӣ- таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; кафедраи “Химия” Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур; кафедраи “Химияи органикӣ ва биологӣ” Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳамкорӣ дорад.

Маълумот дар бораи нашри мақолаҳо аз тарафи устодони кафедраи КЭваХНГ

Соли тақвимӣ

Мақолаҳои Scopus

Мақолаҳои бо КОА-и ФР ва ҶТ эътирофгардида

Мақолаҳои конференсия

(байналмил/

ҷумҳуриявӣ)

Патентҳо

Санади тадбиқ

2018

-

8

6/8

1

 

2019

-

14

9/10

2

 

2020

-

10

7/12

2

 

2021

-

10

8/10

1

2

2022

-

5

6/8

1

1

Ҳамагӣ

-

47

84

7

3

КЭХНГ.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5КЭХНГ.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6КЭХНГ.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6.jpg-7

 

Кафедраҳо