Абдуллоев Далер  

мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон

Шуъбаи кор бо ҷавонон дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз шохаҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад, зеро рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст.

Шуъбаи кор бо ҷавонон яке аз субъектҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори донишгоҳ буда, дар доираи принсипҳои тарбияи мутахассисони аз ҷиҳати касбӣ, равонӣ ва сиёсӣ устувор, ки қобилияти касбии худро дар шароити гуногунии моликият ва ноустувории иқтисодиву сиёсии ҷаҳони муосир татбиқ карда тавонанд, тарбияи ҷавонони аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр ва дорои дониши сатҳи баланди касбӣ, ки қобилияти ба ҷомеа таъсиррасонӣ низ дошта бошанд, тарбияи мутахассисони дорои ахлоқи ҳамидаи инсониву касбӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст:

Шуъба бо Шӯрои худидоракунии донишҷӯён дар хобгоҳҳо ва донишгоҳ, Шӯрои кураторон, клуби варзишӣ ва гурӯҳҳои сегонаи факултетҳо, ки аз сардори гурӯҳ, сардори иттифоқи касабаи донишҷӯён ва сардори созмони ҷавонони гурӯҳ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамкориҳои шуъба айни замон бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ташкили гурӯҳи “Дружиначиҳои ихтиёрӣ”, ки барои пешбурди корҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст, назаррас аст. Самти фаъолияти дружиначиёни ихтиёрии донишгоҳ дар ҳайати 60 нафар имрӯз дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе ҳамарӯза ба роҳ монда шуда, кормандон ва донишҷӯёни фаъоли ин гурӯҳҳо бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ шудаанд.

Вазифаҳои шуъбаи кор бо ҷавонон аз иштирок дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фавонон ва саҳмгузорӣ дар амалигардонии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», иштирок дар таҳияи санадҳои меёрию ҳуқуқӣ ва локалии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон ва таъмини иҷрои онҳо, амалӣ намудани тадбирҳои пешниҳоднамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар байни донишҷӯёни муассиса ва пешниҳоди ҳисобот аз натиҷаи он, иштирок дар таҳияи нақшаи ягонаи фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳ, ки дар мувофиқаи муассиса аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тасдиқ карда мешавад, иҷрои саривақтии талаботи он ва ҳар се моҳ пешниҳод намудани ҳисобот аз натиҷаи фаъолият ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон пешниҳод намудани таклифҳои судманд доир ба амалӣ намудани чораҳои мақсадноки илмию маърифатӣ, фарҳангию варзишӣ ва дигар чорабиниҳо дар байни донишҷӯён, мусоидат дар амалигардонии иқтидори эҷодии донишҷӯён, кормандон ва олимони ҷавон, мусоидат ба рушди илм дар байни донишҷӯён ва олимони ҷавон ва ба ин васила танзими мақсадноки фаъолияти Шӯрои олимони ҷавони муассисаи таълимӣ, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дӯстӣ, ягонагии ҷавонон, донишҷӯён ва олимони ҷавон, ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён новобаста аз нажод, миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ барои тайёрии касбӣ ва таҳсилот, ҷалби ҷавонону донишҷӯён ба идора ва роҳбарии ташкилот, иттиҳодияҳои ҷавонон, тарбияи донишҷӯён дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, тақвияти ҳамоҳангии фаъолияти шуъба бо мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, ҷалби иштироки фаъолонаи донишҷӯён ҳангоми фориғ будан аз дарсҳои таълимӣ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, инчунин дастгирии донишҷӯёни фаъол барои саҳми онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо раёсати донишгоҳ, рушди фаъолияти волонтёрӣ дар миёни донишҷӯён ва кормандони ҷавони муассиса ва ташкили бонизоми шанбегиҳо, дигар корҳои созандагию бунёдкорӣ дар дохили муассиса ва берун аз он, баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни зеҳнию интеллектуалӣ, озмунҳо, викторина ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дар байни ҷавонон, ҳамасола дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои миёни донишҷӯён, аз ҷумла «Донишҷӯи сол», ҳар рӯзи шанбе ҳамчун «Рӯзи варзиш» дар сатҳи баланд ташкил намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ дар байни ҷавонон ва махсусан дар назди бинои хобгоҳҳо, дар мувофиқа бо роҳбарияти муассисаи таълимӣ ташкили боздиди донишҷӯён ва кормандони ҷавони муассиса аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии кишвар, мусоидат дар ташкили лагерҳои тобистона барои донишҷӯёни лаёқатманд ва аз оилаҳои камбизоат дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии донишгоҳ, ҳамкорӣ бо иттифоқи касабаи донишҷӯён иборат аст.

Дар давоми мавҷудияти кори шуъба роҳбарии онро Ашӯрзода А.Н., Холова С., Ширинбеков С.А., Раупов Т., Ашӯров А.М., Иззатуллоев М., Акрамов С.С. ба уҳда доштанд. Айни ҳол роҳбарии шуъбаро ҷавони ғайратманду фаъол Асоев К.М. ба зимма дорад.

Дар шуъба мудири шуъба, мутахассиси пешбар ва раисони созмони ҷавонони факултетҳои донишгоҳ фаъолият менамоянд.


События и мероприятия