Кафедраҳо » Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ


Соли 1965 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар кафедраи «Технологияи металлҳо ва муҳофизати меҳнат» бо сабаби пайдо шудани талабот ба мутахассисони баландихтисос барои саноати мошинсозӣ ва коркарди металлҳо инчунин дигар соҳаҳои ба саноат, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ хизматрасонанда ихтисоси 0501 – «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» ташкил шуд ва ба курси якуми ин ихтисос донишҷӯён қабул карда шуданд.

Хатми якуми инженер-механикҳо аз рӯйи ихтисоси 0501 – «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» дар донишгоҳ соли 1971 ба амал омад. Донишгоҳро дар маҷмуъ 43 нафар донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибона хатм намуданд.

Бинобар сабаби пайдо шудани талаботи зиёд ба мутахассисони баландихтисос барои саноати мошинсозӣ ва дар сатҳи лозимӣ тайёр намудани мутахассисон лозим омад, ки кафедраи «Технологияи мошинсозӣ дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» таъсис дода шавад.

Соли 1974 кафедраи тахассусӣ – «Технологияи мошинсозӣ дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» ташкил карда шуд.

Аввалин мудири кафедра н.и.т., дотсент Ан Григорий Данилович аз соли 1974 то 1985 сарварии кафедраро ба ӯҳда дошт.

Таҳияи барномаҳои таълимӣ, коргузории кафедра, ташкили аудиторияи лексионӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, интихоб ва ба кор ҷалб намудани мутахасиссони соҳибилм ва варзида вазифаҳои аввалиндараҷаи кафедра ба ҳисоб мерафт.

Дар солҳои аввал ҳайати кафедра аз Ан Григорий Данилович – мудири кафедра, омӯзгорон – Шокиров А.М., Раҳматов С.Т., Феттер И.Н., Нуриддинов Ш.Н., Туровец Н.М., Каримов М.К. иборат буданд.

Солҳои аввали ташкилшавии кафедра барои таъмини кафедра бо омӯзгорони пуртаҷриба ва тайёр намудани устодони унвондор диққати ҷиддӣ дода мешуд. Аз корхонаҳои мошинсозии шаҳри Душанбе барои мустаҳакам намудани ҳайати кадрии омӯзгорон мутахасисони варзидаи истеҳсолот Элент С.М., Федотов А.Г. солҳои 1976 – 1978 ба кафедра даъват шуданд.

Ҳайати омӯзгории кафедра бидуни мутахассисони варзидаи истеҳсолот, инчунин аз ҷумлаи хатмкунандагони пешқадам ва соҳибмаълумоти донишгоҳ мутахассисони ҷавон Шокиров А.М., Раҳматов С.Т., Нуриддинов Ш.Н., Каримов М.К. пурра мегардад ва устодони ҷавон дар тӯли фаъолияти худ низ дар пешрафти фаъолияти кафедра заминагузорӣ намудаанд. Ҳамзамон барои мустаҳакам намудани базаи моддию техникии кафедра аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд. Бинобар ин кафедра ҳамкориро бо донишгоҳҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ: Донишгоҳи политехникии Урал, ш. Свердловск, Донишгоҳи дастгоҳсозии ш. Москва («Мосстанкин»), Донишгоҳи электротехникии ш. Новосибирск, Донишгоҳи авиатсионии ш. Уфа, корхонаҳои мошинсозии ҷумҳурӣ ба роҳ монда, дар ташкили кафедра ва таҷҳизонидани он бо дастгоҳу асбобҳо ва пурзӯр намудани базаи модию техникии кафедра саҳми калон гузоштаанд.

Омӯзгорони ҷавони кафедра Раҳматов С.Т., Нуриддинов Ш.Н., барои дохил шудан ба аспирантураи “Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои шаҳри Москва” ва “Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Баумани шаҳри Москва” фиристода мешаванд. Баъди хатми аспирантура ва бо муваффақият ҳимоя намудани рисолаҳои номзадӣ ба кафедра баргашта, сафи омӯзгорони унвондорро зиёд намуданд.

Соли 1980 хатмкунандаи кафедра Мирзоалиев И. ба сафи омӯзгорони кафедра ҳамроҳ мешавад.

Аз соли 1985 то 1991 сарварии кафедраро Луговой Вячеслав Петрович ба ба зимма дошт ва дар ин даври фаъолияти худ базаи кафедра пурқувват намуд. Бо ташаббуси ӯ озмоишгоҳи “Дастгоҳҳои металлбурӣ”, ”Асбобҳои буранда”, “Асбобҳои ченкунию назоратӣ”, кабинети “Лоиҳакашии завод ва сехҳо”  ташкил карда шуд. Корҳои таълимию методӣ ва таъмини мунтазами базаи моддию техникии кафедра ба роҳ монда шуд. Соли 1988 ихтисоси 0501 – «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» ба 2 ихтисос 1201 – «Технологияи мошинсозӣ» ва 1202 – «Дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» ҷудо карда шуд. То ин вақт аз рӯйи ихтисосҳои 0501, 1201, 1202 зиёда аз 3000 мутахассис таёр карда шуд, ки дар соҳаҳои гуногуни саноат, иқтисодиёт, илм, маориф, корҳои хоҷагӣ ва сиёсӣ саҳми калон мегузоранд.

Бояд қайд намуд, ки тӯли ин солҳо дар кафедра устодони варзида, аз ҷумла, Элент С.М., Ан Г.Д., Луговой В.П., Шокиров А.М., Федотов А.Г., Незговоров А.В., Яванов З., Меер А.А., Меер Б.И., Раҳматов С.Т., Нуридинов Ш.Н., Мирзоалиев И., Пельтин В., Берсудский А., Ледовский В.А., Токмина Е.П., Королькова Г., Айнидинов Ф., Салихов С., Андреев Г.А., Пайшанбиев А., Бобоев Д.М,, Клыгин Ф.А., Ахмедходжаев Р.М., Галимов Р.Э., Одинаев Б.Н., Сайфидинов Ш.Х., Алиев М.Д., Ханонов Р.К., Тоиров Х., Неъматуллоева Н., Азимов М., Ибрагимов Т.К.,Ҷумаев А., Сониев А. кор ва фаъолият намудаанд.

Солҳои 1991 – 1993 Нуриддинов Шарифҷон Нуриддинович ба вазифаи мудири кафедра таъйин мегардад. Дар ин давра дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ рафтани мутахассисони варзида аз ҷумҳурӣ оғоз меёбад. Кафедраро лозим меояд, ки аз ҳисоби хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра ва кадрҳои маҳаллӣ ҳайати омӯзгоронро пурра намояд. Хатмкунандагони солҳои 1990 – 1991 Бобоев Даврон Манонович, Сафаров Аҳрор Мирзоевич, Негматуллоева Нигина, Одинаев Бозоралӣ Неъматович, Идиев Маҳмадризвон Тешаевич, Каримов Расул Шерович, Ҷумаев Азиз, Сониев А. ва дигарон ҳайати кафедраро пурра менамоянд.

Соли 1993 – 2002 мудирии кафедраро Ахмедхоҷаев Рустам Муборакхоҷаевич ба ӯҳда дошт. Дар ин давра тартиб додани Стандартҳои нави давлатӣ барои ихтисосҳо кафедра, таҳияи барномаҳои нави таълимӣ оғоз меёбад.

Соли 1993 хатмкунандагони кафедра Содиқов Х.С. ва баъдан соли 1994 Амонов И.Т. ба сафи омӯзгорони кафедра ҳамроҳ мешаванд. Аз соли хониши 2001-2002 тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос аз рӯйи стандарти давлатӣ дар самти 651400 – «Технология ва дастгоҳҳои мошинсозӣ» амалӣ мегардад.

Солҳои 2002 – 2011 барои кафедра фасли пурсамар гардидааст. Мирзоалиев Исроил Мирзоалиевич ба вазифаи мудири кафедра таъйин мегардад. Дар ин давра барои такмил додани раванди таълим дар кафедра бисёр корҳои таълимию методӣ ба анҷом расонида шуданд. Сатҳи баланди илмию методии кафедра имкон дод, ки солҳои 2002 – 2010 якчанд мавзӯи тадқиқотии маблағгузоришаванда иҷро ва дар амал тадбиқ карда шаванд. Омӯзгорони кафедра ба корҳои илмӣ-методӣ фаъолона машғул шуда, дар давоми ин солҳо даҳҳо мақолаҳои илмию методиро ба чоп расонида, инчунин якчанд шаҳодатномаи муаллифӣ оид ба ихтироот ба даст оварданд. Дар давоми ин солҳо омӯзгорони кафедра дар ихтисосҳои 360101 – Технологияи мошинсозӣ, 360301 – Дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ, 360104-04 – Дастгоҳҳо ва технологияи зиёд кардани доштнокии фарсуданашавандагӣ ва барқароркунии деталҳои мошину аппаратҳо оид ба зиёда аз 30 фан дарс гузаронида ва базаи методӣ-таълимии ин фанҳоро бунёд намуданд. Дар ин давра, аз соли 2003 қабули донишҷӯён ба ихтисоси 360104 – Дастгоҳҳо ва технологияи зиёд кардани доштнокии фарсуданашавандагӣ ва барқароркунии деталҳои мошину аппаратҳо шурӯъ мегардад.

Соли 2007 – 2010 ба сафи омӯзгорони кафедра кадрҳои ҷавони болаёқат – Исмонов Р.Д., Умаров М.А., Мирзоалиев А.И. ҳамроҳ мешаванд.

Аз соли 2010 сар карда, азнавсозии базаи моддӣ-техникии кафедра оғоз гардид. Мувофиқи қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон озмоишгоҳи кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» пурра азнавсозӣ карда, бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон ва технологияи пешқадам ҷиҳозонида шуд. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳиндустон соли 2011 ин маркази техникӣ расман кушода шуд.

Барои равнақи базаи моддӣ-техникии кафедра мувофиқи қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон омӯзгорони ҷавони кафедра Амонов И.Т., Содиқов Х.С., Азимов Х.Ҳ., Умаров М.А., Мирзоалиев А.И. барои бозомӯзӣ ба муҳлати 3 моҳ ба Ҳиндустон сафарбар гардиданд.

Дар маҷмӯъ давраи сарварии Мирзоалиев Исроилҷон барои тақдири кафедра хеле муфид ва пурмаҳсул гузаштааст. Шумораи озмоишгоҳҳои таҷрибавӣ ба таври прогрессивӣ меафзоянд ва дар натиҷа шумораи онон аз қитъаҳои коркарди намунаҳо, коркард бо фишор, қитъаи кафшергарӣ, қитъаи коркарди механикӣ, қитъаи коркарди термикӣ, қитъаи асбобҳои назоратӣ, қитъаи дастгоҳҳои электроэрозионии бо барномаи рақамӣи идорашаванда, қитъаи дастгоҳҳои коркарди механикии бо барномаи рақамӣ идорашаванда, дастгоҳҳои харротӣ 2 адад ва дастгоҳҳои фрезерӣ 2 адад мерасанд.

Дар муддати соли 2011 то соли 2015 Сафаров Аҳрор Мирзоевич ба вазифаи мудири кафедра таъйин мегардад. Дар ин давра омӯзиши техникаю технологияе, ки дар кафедра навсозӣ шудааст, омӯзишашон ба роҳ монда мешавад. Барои такмил додани раванди таълим омӯзгорони кафедраро лозим омад, ки дастгоҳҳои ҳозираи кафедраро омӯхта, барои гузаронидани корҳои озмоишӣ ва амалӣ корҳои методӣ омода созанд. Дар давоми ин солҳо омӯзгорони кафедра чандин корҳои нави озмоишӣ ва корҳои илмию методиро ба анҷом расониданд.

Баъдан, солҳои 2015 – 2018 Убайдуллоев Акрам Насруллоевич ба вазифаи мудири кафедра таъйин гардида, дар кафедра истифодабарии барномаи компютерӣ – “KOMПАС”-ро дар раванди таълим ба роҳ мемонад. Дар ин давра ҳайати кафедраро омӯзгорони варзида ва соҳибунвон – Мирзоалиев И.М. – н.и.т., Сафаров А.М. – д.и.т., Идиев М.Т. – н.и.т., Содиқов Х.С. – н.и.т., муаллимони калон – Хоҷаев Т.А., Мирзоалиев А.И., Файзуллоев У.Н., Умаров М.А., Азимов Х.Ҳ., Каримов Р.Ш., Имомов А.Н., ассистентон – Маҳмадуллоев Р., Мӯсозода С., Мамадназарова М.С., мудири лаборатория – Имомов Н.Б. пурра намуда, кор ва фаъолият кардаанд.

Соли 2019 Идиев Маҳмадризвон Тешаевич ба вазифаи  мудири кафедра таъйин мегардад. Дар ин давра дар кафедра 4 нафар омӯзгорони штатӣ, 10 нафар омӯзгорони ҳамкор, 1 нафар лаборант, 1 нафар техник фаъолият доранд. Хурсандиовар аст, ки шумораи зиёди омӯзгорони варзидаи кафедра соҳибмаълумот ва дорандаи дараҷаи унвони илмӣ, аз ҷумла, 2 нафар профессор, 2 нафар дотсент, 7 нафар и.в. дотсет, 3 нафар ассистентон мебошанд.

Омӯзгорони кафедра дар се соли охир 2 китоби дарсӣ бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 монографияи илмӣ, зиёда аз 15 дастуру васоити таълимӣ ва зиёда аз 30 фишурдаи мақолаҳои илмӣ таълиф намуданд, ки дар раванди таълим самаранок истифода мегарданд.

Омӯзгорони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона машғул шуда, аз рӯйи тадқиқоти назариявӣ ва амалии иҷрокардаашон дар бисёр конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ баромад карданд.

Кормандони кафедра тӯли солҳои 1974 – 2021 зиёда аз 30 кори илмӣ-тадқиқотиро ба аҷом расонидааанд, ки дар соҳаҳои гуногуни саноат ҷорӣ карда шудаанд. Дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника навовариҳои зиёд карданд, ки бо зиёда аз 40 патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ ҳифз карда шудаанд.

Дар кафедра семинари илмӣ-амалии доимоамалкунанда фаъолият менамояд, ки дар проблемаҳои мубрами рӯз маърӯзаҳо карда мешавад.

Кафедра бо корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе – КВД “Коргоҳи мошинсозӣ“, ҶСП “Сомонтаҷҳизот“, ҶДММ «Акиа Авесто автоматив индустрӣ», ҶДММ “Ваҳдат-Текстайл” шартнома дорад ва донишҷӯён таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пеш аз рисолаи хатмро дар ин корхонаҳо мегузаронанд.

Дар кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» айни замон омӯзгорони зерин кор ва фаъолият намуда истодаанд: мудири кафедра – н.и.т., дотсент Идиев М.Т., профессор – Сафаров А.М., д.и.т., и.в.профессор Амонзода И.Т., н.и.т., дотсент –Мирзоалиев И.М., иҷрокунандаи вазифаи дотсентҳо – Убайдуллоев А.Н., Содиқов Х.С., Мирзоалиев А.И., Хоҷаев Т.А., Умаров М.А., Азимов Х.Ҳ., ассистен Мамадназарова М.С., мудири лаборатория – Имомов Н.Б., техник – Бобоев Д.М.

Хатмкунандагони кафедра – Ҳақдодов М.М., Азизов Р.О., Саидаминов И., Сафаров А.М., Амонзода И.Т. рисолаи докториро ҳимоя намуда, ба унвони доктори илмҳои техникӣ, профессор сазовор гаштаанд. Ҳамзамон Амонзода Илҳом Темур – вакилии Маҷлиси намояндагон, ректории Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ба зимма дорад. Ҳакдододов Маҳмадшариф Маҳмуд – доктори илмҳои техникӣ, профессор, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус аст.

Дар кафедра мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои зерин тайёр карда мешаванд:

-1-360101 – «Технологияи мошинсозӣ»;

-1-360101-03 – «Технологияи истехсолоти автоматикунонидашуда»;

-1-360103 – «Таҷҳизоти технологии истеҳсолоти мошинсозӣ».

Кафедраҳо