Кафедраи «Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ» соли 1995 дар асоси кафедраи «Масолеҳи сохтмонӣ» ташкил ёфтааст, ки аввалин мудири он доктори илмҳои техникӣ, профессор Шарифов Абдумумин буда кафедраро то соли 2015 роҳбарӣ намудааст.
Профессор Шарифов А. доранди ордени “Шараф” (1999) буда, аз соли 1984 то 2015 дар вазифаи мудирии кафедраҳои гуногуни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ адои вазифа иҷро намудааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, 1 монография, 6 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, 2 китоби бадеӣ ва 34 ихтироъот мебошад. Зери роҳбарии ӯ 16 корманди донишгоҳ рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ дифо намудаанд.
Профессор Шарифов А. дар конференсияҳо ва семинарҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Грузия, Украина, Покистон, Ҷопон, Чин, ИМА, Филиппин, Олмон, Беларус ва баъзе мамлакатҳои дигари ҷаҳон, бо маърузаҳои илмӣ баромад кардааст. Дар амалӣ намудани бисёр барномаҳои байналмиллалӣ ва ҳукуматӣ оиди равнақ додани иқтисодиёти Тоҷикистон иштирок кардааст.
Профессор Шарифов А. инчунин аз моҳи марти соли 1996 то моҳи майи соли 2001 ҳамзамон ба ҳайси декани факултаи «Технологияҳои кимиёвӣ ва металлургия» кор карда, таҷрибаи худро дар бунёди базаи кадрӣ ва заминаи моддию техникии кафедраю лабораторияҳои навташкили факултет истифода кардааст.
Соли 2004 дар асоси кафедраи «Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ» боз як кафедраи нави «Технологияи истењсолоти электрохимиявӣ» ташкил ёфтааст, ки аввалин мудири он академики АМИ Тоҷикистон, д.и.х., профессор Ғаниев Изатулло Наврузович буда, кафедраро то соли 2012 роҳбарӣ намудааст.
Аз солҳои 90-уми асри гузашта дар кафедраҳои номбурда тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 2502 – «Технологияи кимиёвии моддаҳои ғайриорганикӣ», 2503 – «Технологияи истеҳсолоти электрокимиёвӣ» ва 2508 – «Технологияи кимиёвии маводҳои силикатӣ ва душворгудози ғайриметаллӣ» ба роҳ монда шуда буд. Барои таълими фанҳои махсус олимони шинохта аз Пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла академик Мирсаидов У.М., академик Сафиев Ҳ., профессорон Абулҳаев В.Ҷ., Усмонов Р., Абдусалямова М.Н., Пулодов М.С., Норматов И.Ш., Юсупов З.Н., дотсентон Здержикова Л.В., Мансуров М.М., Мирзоева М.М., Додобоева Г., Ғайбуллоева З.Ҳ., Қориева З.М. ва дигарон оиди фанҳои тахассусӣ дарс мегуфтанд. Барои тайёр кардани мутахассисон пурмаҳсул ин имкон дод, ки аз байни хатмкардагони кафедра ва факултети номбаршуда як зумра олимони варзида доктор ва номзадҳои илм, ходимони намоёни давлатӣ ва мутахассисони баландихтисос нерӯи зеҳнии ҷумҳуриро бой гардонанд.
Академик Ғаниев И.Н., чун омӯзгори пуртаҷриба дар байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ эътирофи калон дорад. Ӯ ба омӯзгорони ҷавон мунтазам ёрии методӣ ва педагогӣ мерасонад, дарсҳои кушод ташкил намуда, дар конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бо маърӯзаҳои илмию методӣ баромад менамояд. Дастурамал ва дастурҳои таълимӣ, барои гузаронидани корҳои амалӣ ва маҷмӯи лексияҳо аз чоп бароварда аст. Зиёда аз 150 нафар донишҷӯён корҳои тахассусии хатмӣ худро дар таҳти роҳбарии ӯ ҳимоя намудаанд, ки онҳо аҳамияти илмию истеҳсолӣ доранд. Зиёда аз 13-нафар шогирдони академик Ғаниев И.Н. ба дараҷаи илмии докторӣ соҳиб шудаанд, ки инҳо: Абулхаев В.Д. (с.1996), Одиназода Ҳ.О. (с.1998), Назаров Х.М. (с.2003), Умарова Т.М. (с.2009), Сафаров А.М. (с.2012), Каримов Н.К. (с.2013), Эшов Б.Б. (с.2016), Саидзода Р.Х. (с.2017), Обидов З.Р. (с.2017), Амонзода И.Т. (с.2020), Назаров Х.Х. (с.2021), Маҳмадизода М.М. (с.2021), Сафаров А.Г. (с.2021) ва зиёда аз 80 шогирдон дараҷаи илмии номзадӣ илмро соҳиб шудаанд. Академик Ғаниев И.Н. роҳбари равияи илмии кафедра мебошад. Зиёда аз 50 монография, 1700 мақолаҳои илмӣ, 120 ихтироот ва 6 дастурҳои таълимӣ-методӣ аз чоп расонидааст.
Ӯ дорандаи Медали биринҷии НКХХ ИҶШС. ш.Москва (с. 1985), Медали хурди академик Н.С. Курнаков (АИ ИҶШС) дар бахши таҳлили физикавӣ-кимиёвӣ. ш.Москва (с. 1987), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1995), беҳтарин ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1996) мебошад. Аъзои Академияи улуми Ню-Йорк (с. 1996), дорандаи Медали тиллоии калони номсикказадашудаи Созмони умумиҷаҳонии нерӯи зеҳнӣ (WIPO) (с. 1997), Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1997), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1998), Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (с. 2001), Одами сол аз тарафи Комиссияи америкоии биографҳо (с. 2001), Медали тилло ва дипломи Созмони байналмилалии давлатҳои исломӣ дар бахши илм, технология ва фарҳанг (ISESCO) (с. 2003), Узви пайвастаи (академик) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2008), Мукофот ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.У. Умаров дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техника (с. 2015), Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Пурмаҳсултарин олими Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохаи химия» (с. 2016), Ҷоизаи нашриёти «Springer Nature Awards ТОП» -и Ҷумҳурии Олмон «Ҳамчун пурмахсултарин муаллиф» аз Точикистон (с. 2017), ғолоби Озмӯни Ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар наминатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» дар сатҳи пойтахт (ш.Душанбе) ва Ҷумҳурӣ буда, сазоворӣ ҷои якум гардида, бо мукофот ва диплом сазовор гардидааст (с. 2021). Ғаниев И.Н. дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд. Айни ҳол ӯ аъзои Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ мебошад.
Солҳои 2012-2015 кафедраро д.и.х., и.в. профессор Обидов З.Р. роҳбарӣ намудааст. Обидов З.Р. чун омӯзгори пуртаҷриба дар байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ мақоми муайян дорад. Ӯ ба омӯзгорони ҷавон мунтазам ёрии методӣ расонида, дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд. Обидов З.Р. ДТТ ба номи М. Осимиро аз рӯи ихтисоси муҳандис-химик-технолог (с. 2004) хатм намудааст, номзади илмҳои техникӣ (с. 2009), дотсент (с. 2013) ва доктори илмҳои химия (с. 2017) мебошад.
Обидов З.Р. муаллифи 5 монографияи илмӣ, 15 дастурҳои таълимӣ-методӣ, 30 ихтироъ-патентҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 патенти ҷумҳурии исломии Эрон, 5 санади тадбиқии ихтироъҳо, зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 90 мақола дар маҷаллаҳои тақризии бонуфузи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, беш аз 30 мақола дар маҷаллаҳое, ки ба Scopus, Web of Science, Springer ва ғ. воридшуда, мебошад. Таҳти роҳбарии Обидов З.Р. 8-нафар диссертатсияро дифо намуда, ба дараҷаи номзади илмҳоро ноил шуданд, ки аз онҳо 4 нафарашон бонувон мебошанд. Обидов З.Р. бо ҷоизаи ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (с. 2009), Ихтироъкори беҳтарини ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011, Дипломи озмуни байналмилалии «Олими ҷавони беҳтарини Авру Осиё» (с. 2014) қадрдонӣ шудааст.
Соли 2016 дар натиҷаи муттаҳидшавии факултетҳои «Механикӣ ва технологӣ» ва «Технологияи химиявӣ ва металлургия» факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» ташкил гардид. Дар натиҷаи мутаҳидшавии кафедраҳои алоҳидаи тахассусӣ кафедраи навтаъсис «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ» номгузорӣ карда шуд.
Ғайбуллоева З.Ҳ. сарварии кафедраро дар солҳои 2015-2016 иҷро намудааст. Хатмкардаи факултаи механикию технологии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (с. 1986) бо дипломи аъло, аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1990-1993), ассистент, муаллими калон, дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с. 2009 то ҳол). Коромӯзии илмиро дар донишгоҳи техникии шаҳри Брюнель дар Британияи Кабир (2000) гузаштааст, Сардори раёсати таълимӣ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с. 2000 - 2001), декани факултаи “Технологияи химиявӣ ва металлургия”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с. 2000 - 2004), муовини вазири Вазорати саноати Чумҳурии Тоҷикистон (с. 2004 - 2008), Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилаллии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ (с. 2006 - 2015), солҳои 2015-2016 мудири кафедраи “Технологияи истеҳсолоти химиявӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, соли 2016 декани факултаи “Технологияҳои инноватсиони”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осими буда, кору фаъолият намудааст. Аъзои Ассосиатсияи байналмиллалии олимони давлатҳои муштаракул манофеъ ва Европа (INTAS), ш. Белгия, Брюссель (с. 2002-2006), аъзои комиссияҳои Ҳукуматии ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Афғонистон, Эрон, Украина, Туркманистон, Кирғизистон ва Казоқистон (с. 2006-2008) мебошад. Такмили ихтисосро дар донишгоҳи SIRIM шаҳри Куала Лумпур, Малайзия (с. 2007) ва донишгоҳи APTEH NEW DELHI, ш.Дели, Ҳиндустон (с. 2008) гузаштааст.
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2015). Соли 2018 бо медали тилло барои ихтироот дар соҳаи техника дар Намоишгоҳи байналмиллалии ихтирокорони ҷаҳон дар ш. Сеули Корея сарфароз гардонида шудааст. Соли 2020 дар Ҳиндустон соҳиби ҷоизаи умумиҷаҳонии “Илм ва тандурустӣ” (дар соҳаи металлургия ва технологияи химиявӣ) гардидааст. Соли 2021 аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) ба Ғайбуллоева З.Ҳ. барои кори илмии беҳтарин ва дар амал татбиқ намудани ихтироот, саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар медали тилло тақдим карда шуд. Ӯ. муаллифи 125 мақолаҳои илмӣ, 18 ихтироот, 6 патенти Евроосиё, 7 васоити таълими барои донишҷӯени ихтисосҳои технологияҳои инноватсионӣ мебошад.
Аз соли 2016 инҷониб кафедраро н.и.х., дотсент Ҳакимов А.Ҳ. роҳбарӣ намуда истодааст. Ҳакимов А.Ҳ. - аз ибтидои фаъолияти кориаш аз вазифаи ассистент ба кор шурӯъ намуда, баъд дар вазифаи муовини декани факултети “Технологияи кимиёвӣ ва металлургия” оид ба илм кор кардааст. Ҳакимов А.Ҳ. ДТТ ба номи М. Осимиро хатм намуда, ба дипломҳои муҳандис-химик-технолог (с. 2005), номзади илмҳои химия (с. 2015) ва аттестати дотсент (с. 2018) сазовор гардидааст.
Ҳакимов А.Ҳ. чун омӯзгори пуртаҷриба дар байни устодону донишҷуёни донишгоҳ мақоми муайян дошта, ба омузгорони ҷавон мунтазам ёрии методӣ расонида, дар конфронсҳо ва семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бо маърузаҳои илмӣ - методӣ баромад менамояд. Ӯ дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд. Ҳакимов А.Ҳ. муаллифи зиёда аз 90 корҳои илмӣ бо назардошти мақолаи илмӣ, 2 монография, 5 ихтироъ бо патентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 санади тадбиқии ихтироъҳо ва корҳои таълимию методӣ мебошад.
Талаботи ҷумҳуриро бо кадрҳои муҳандисӣ аз ихтисосҳои 1-480101 - «Технологияи химиявии моддаҳо ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот», 1-480104 - «Технологияи саноати электрохимиявӣ», 1-480101-07 - «Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар асоси моддаҳои часпанда», 1-48010209 - «Технологияи ороиш ва рангубори масолеҳи нассоҷӣ» дар давоми 20 соли мавҷудияти худ, кафедраҳои номбаршударо зиёда аз 1500 мутахассисони соҳаҳои технологияи химиявӣ хатм намуда дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти ҷумҳурӣ, Вазорату идораҳо ва сохторҳои давлатӣ фаъолияти корӣ доранд. Аз байни хатмкардагон беш аз 40 нафарашон рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бомуваффақият дифо намуда, сазовори дараҷаҳои илмӣ гардиданд.
Ихтисосҳои мазкур асоси таҳсилоти олии тайёркунии муҳандисони самтҳои гуногун мебошанд. Баъди хатми давраи 4-солаи омӯзиш, хатмкардагон дипломи Бакалаври техника ва технологияро аз рӯи ихтисосҳои номбаршуда сазовор мешаванд. Ҳамзамон бо ин дар назди донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ мавҷуд аст, ки дар он бакалаври шӯъбаи рӯзона метавонад дар як вақт таҳсил намояд. Омӯзиш аз курси дуюм шурӯъ мешавад. Баъди хатми кафедраи ҳарбӣ, хатмкарда унвони афсари эҳтиётиро сазовор мешавад.
Шакли таҳсил – рӯзона, ғоибона.
Забони таҳсил – тоҷикӣ, русӣ.
Хатмкардаи бакалавратура метавонад таҳсилро дар магистратура аз рӯи барномаи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ» ва ғайраҳо идома диҳад. Таҳсил дар магистратура таи 2 сол идома меёбад.
Дар назди донишгоҳ барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси унвондор оиди дарёфти дараҷаи илмии доктори (PhD), номзад ва доктори илм, докторантура аз рӯи ихтисосҳои: 6D073000 - «Истеҳсоли мавод, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ»; 6D073001 - «Масолеҳи сохтмони ва маснуот»; 6D075300 - «Технологияи химиявии маводи душворгудози ғайрифилизӣ ва силикатӣ»; 6D072101 - «Технологияи моддаҳои органикӣ»; 6D072001 - «Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ», фаъолият дорад. Ҳамзамон бо ин Шӯроҳои диссертатсионӣ дар назди донишгоҳ ва ҷумҳурӣ бо фармони КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мусоид менамояд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ёрирасони зерини кафедраи “Технологияи истеҳсолоти химиявӣ” иборат аст: академики АМИТ, д.и.х., профессор Ғаниев И.Н., д.и.т., профессор Шарифов А., д.и.х., и.в. профессор Обидов З.Р., н.и.х., дотсент Ҳакимов А.Ҳ., н.и.х., дотсент Ғайбуллоева З.Ҳ., н.и.х., и.в. дотсент Амонова А.В., н.и.т., муаллими калон Ҳамроев Ф.Б., н.и.т., муаллими калон Шодиев Ғ.Ғ., н.и.т. ассистент Чаманова М.Ч., доктори (PhD), ассистент Якубов У.Ш., ассистент Оқилов Ш.Ш., лаборанти калон Аминбекова М.С. ва котиб-оператор Қарамирзоева Г.Ҳ.
Дар кафедра 2 озмоишгоҳ фаолият дорад, ки инҳо мебошанд: «Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ» ва «Технологияи истеҳсолоти электрохимиявӣ».
Мутахассисони ихтисосҳои номбаршуда метавонанд дар чунин корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ кору фаъолият намоянд: корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Ширкати алюминии тоҷик», ш.Турсунзода; КВД «Коргоҳи мошинасозӣ», ш.Душанбе; ЉДММ «Талко кемикал» н. Ёвон; Корхонаи воҳиди давлатии «Тамохуш»-и ш. Исфара; КВД «Тоҷикноқил», ш.Душанбе; КВД «Заводи маводҳои обногузар», ш.Ҳисор; Корхонаи муштараки Зарафшон, ш.Панҷакент; ҶСК «Заводи рангсозии рангинкамон», ш.Душанбе; Корхонаҳои истеҳсолии криолит ва фторнамакҳо дар ш.Ёвон; КВД «Комбинати куҳӣ-маъдантозакунии Анзоб», шаҳраки Зарафшон; заводҳои кимиёвӣ дар шаҳрҳои Ёвон, Исфара, Сарбанд, Бустон, Панҷакент, Истиқлол, Табашар, Адрасмон ва ғайраҳо ҷойгиршуда; корхонаҳои мавҷуда ва сохташавандаи тавлиди семент (Тоҷиксемент, Ғаюрсемент ва ғ.) дар Душанбе, Ёвон, Данғара, Ваҳдат, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров; заводҳои истеҳсоли хишт, гаҷ, оҳак, шиша, маводи асбесту сементӣ, фарфор, керамзит, нахи сунъӣ (нахи санги базалтӣ) ва ғайраҳо дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, заводҳои сохташавандаи истеҳсоли кислотаи сулфат ва криолит дар ш.Ёвон, корхонаҳои коркарди нафт дар Турсунзодаву Данғара, корхонаҳои тавлиди барқу гармӣ аз ангишт (ТЭС), ки дар Душанбе сохта шудаасту боз дар Душанбеву Хуҷанду Шӯроб (Исфара) сохта мешаванд ва боз бисёр дигар корхонаҳои дигари мавҷудаву бунёдшавандаи саноати кимиёвӣ ва истеҳсолоти масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт, нафт ва газ, инчунин истеҳсоли мавод ва маҳсулот дар асоси онҳо.
Айни замон кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ» бо Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Донишгоҳи технологии Исфаҳон (ҶИ Эрон); Донишгоҳи озоди ш.Маҷлисӣ (ҶИ Эрон); Институти химияи АМИ Тоҷикистон; Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди АМИ Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии илмию таҷрибавӣ ва истеҳсолии АМИ Тоҷикистон робитаҳои илмӣ ва истеҳсолиро ба роҳ монда аст.
Дар кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ» 10 монографияи илмӣ барои истифодаи магистрантон, (PhD) докторантон ва унвонҷӯён, 8 дастури методӣ барои донишҷӯён ва 200 мақолаи илмӣ ба чоп расидааст.
Айни замон дар кафедра 10 патенти хурди Ҷумҳурии Тоқикистон ва 1 патенти АвруОсиё бадаст оварда шудааст.
Соли 2019 омӯзгорони кафедра академик Ғаниев И.Н., дотсент Ҳакимов А.Ҳ. ва доктор (PhD) Якубов У.Ш. бо максади кам кардани садо дар фишангҳои редуктори дастгоҳҳои металлбурӣ ва дастгоҳҳои бофандагӣ дар корхонаи ҶСК «Коргоҳи мошинсозӣ» аз хӯлаи алюминийи АЖ2.18 бо металлҳои нодирзаминӣ ҳалқаҳои ҷудокунӣ сохта, дар ҳалқаи редуктор ҳамчун втулкаҳои мобайнӣ насб карданд.
Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки дар вақти кор фармудани дастгоҳҳои металлбурӣ ва бофандагӣ шукуфаҳои аз хӯлаи алюминии АЖ2,18 бо неодим сохташуда 5-6 дБА садо паст мешавад.
Дар кафедра 2 унвонҷӯйи бахши ду ва 2 унвонҷӯйи бахши як таҳсил менамоянд.