Зоиров Ҳусайн Абдураҳмонович, номзади илмҳои химия, дотсент, мудири кафедра
Дар баробари ташкилёбии Донишгоҳи техникӣ (политехникӣ)-и Тоҷикистон (соли 1956) кафедраи «Химияи умумӣ» ба кор шурӯъ намудааст. Дар ибтидои фаъолият дар кафедра танҳо ду омӯзгор ва ду лаборант кор мекарданд. Дар ташкилёбӣ ва инкишофи кафедра мудири аввалини он А.C. Сулаймонов фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштааст. А.C. Сулаймонов аз солҳои 1956 то 1963 кафедраро роҳбарӣ намудааст. Дар давраи роҳбарии ӯ н.и.х. дотсент О.Р. Қурбонов ба кор даъват шудааст.
Солҳои 1963 то 1964 мудирии кафедраро н.и.х. Х. Л. Холматов ба ӯҳда дошт.
Аз соли 1964 то соли 1978 мудирии кафедраро номзади илми химия, дотсент О.Р. Қурбонов ба зимма дошт. Дар давраи роҳбарии О.Р. Қурбонов кафедра ба бисёр комёбиҳои назарраси илмию методӣ ноил гардидааст. Ба кафедра мутахассисони ҷавон, боистеъдод –Шарипов Д.Ш., Шоймуродов И.Б., Ҳакимов С., Назаров Қ.Н., Бадалов А.Б., Абдуқодирова С.А., Сафиев Ҳ.С., Мирсаидов У.М., Камолов Ғ.К., Шарифов А.Ш. ва дигарон ба кор қабул шуда, фаъолияти пурсамар намуда, рисолаҳои номзадии худро дар давлатҳои Россия, Украина, Белорусия ҳимоя намудаанд.
Соли 1978 ба вазифаи мудири кафедра н.и.т. дотсент Я. С. Самиев интихоб карда шуд, ки номбурда роҳбарии кафедраро то соли 1983 иҷро намудааст. Дар давраи роҳбарии ӯ Бадалов А.Б. диссертатсияи номзадиашро ҳимоя кард. Инчунин, дар ин давра омӯзгорони кафедра бисёр корҳои илмию методиро иҷро намудаанд.
Аз соли 1984 то соли 1992 н.и.т., дотсент Б.С. Азизов ба вазифаи мудири кафедра интихоб мегардад. Дар давраи роҳбарии ӯ ба кафедра Д. Исоев ҳамчун омӯзгори ҷавон ба кор қабул карда мешавад. Дар ин давра А.Б. Бадалов рисолаи докторӣ ва М. Икромов, В. Маъруфӣ ва дигарон рисолаҳои номзадиашонро сарбаландона ҳимоя менамоянд.
Соли 1992 ба вазифаи мудири кафедра д.и.х., профессор А.Б. Бадалов интихоб гардида, фаъолияти пурсамари худро то соли 2003 давом додааст. Дар ин давра ба кафедра омӯзгорони ҷавон М. Исломова, Ҳ.А. Зоиров, Г.К. Рӯзматова ва Ш. Мирзоева ба кор қабул карда шудаанд. Дар муддати роҳбарии А.Б. Бадалов ҳайати омӯзгорони кафедра ба комёбиҳои зиёд ноил гардидаанд. Дар ин давра зери роҳбарии д.и.х., профессор А.Б. Бадалов омӯзгорони ҷавон Д. Исоев, М.С. Исломова, Б. Ғафуров, С. Раҷабов рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.
Аз соли 2003 то 2012 н.и.х., дотсент Д.Ш. Шарипов ба ҳайси мудири кафедра интихоб мегардад. Дар давраи роҳбарии Д. Шарипов дар кафедра муалимони ҷавон Ҳ.А. Зоиров, Д.К. Ҳакимова зери роҳбарии профессор А.Б. Бадалов рисолаи номзадии худро ҳимоя намудаанд.
Аз соли 2013 кафедраро н.и.х., дотсент Ҳ. А. Зоиров сарварӣ менамояд.
Дар кафедра 8 нафар устодон, аз он ҷумла як нафар д.и.х., профессор, Узви вобастаи АМИТ се нафар н.и.х., дотсент, ду нафар н.и.х., муаллими калон, як нафар н.и.х., ассистент ва се нафар кормандони техникӣ-ёрирасон: мудири озмоишгоҳ, лаборант ва оператор-коргузор фаъолият доранд.
Дар кафедраи “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ” се озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ: тензиметрия, калориметрия ва рентген фаъолият дорад. Мавзӯи илмии кафедра «Омӯзиши хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии пайвастагиҳои химиявӣ» ва “Энергетикаи гидрогенӣ” мебошад.
Лаҳзаҳои корӣ дар озмоишгоҳи илмӣ
Кафедра бо олимон ва кормандони Оҷонсӣ оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Акадедемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи химияи ба номи В.И. Никитини Акадедемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, факултети химияи ДМТ, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДАТ ба номи Ш.Шотемур, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳамкорӣ дорад.