Равшанов Дилшод Чоршанбиевич
н.и.т., дотсент, мудири кафедра
e-mail: 234-56-57@mail.ru
Тел. : +992919532232, +992938076644
Самти корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра: техника ва технологияи полиграфӣ, омӯзиши хосиятҳои коғаз, омӯзиши сатҳи плёнкаҳои полимерӣ барои баланд бардоштани сифати чоп.
Кафедраи «Технология, мошинҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ» соли 2002 дар пойгоҳи кафедраи «Назарияи мошинҳо, механизмҳо ва ҷузъҳои мошин» таъсис дода шудааст. Соли 2004 бо мақсади мукаммал гардонии базаи таълимию таҷрибавии ихтисосҳои 1708 -«Мошинҳои полиграфӣ ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ» ва 2814-«Технологияи истеҳсолоти полиграфӣ» бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти рақами №01 аз 04.10.2004 кафедраи «Технология, мошинҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ" кушода шуд, ки мудирии он ба зиммаи мутахассиси варзидаи соҳаи полиграфӣ Маҳмудов Аҳмадҷон Маҳмудович гузошта шуд.
Бо мақсади ташакул додани ихтисосҳо ва таъмин намудани раванди таълим бо мутахассисони соҳибтаҷриба, аз истеҳсолот Маҳмудов А.М., Сафаров А.А., Қобилов А.Х., Сабзаев Х.Т. ва Ҷалилов Т.С. барои кор ба кафедра даъват карда шуданд.
Солҳои 2006-2009 вазифаи мудирии кафедраро н.и.т., муаллими калон Раҳмонов Қ.А., солҳои 2009-2015 н.и.т., дотсент Идиев М.Т., солҳои 2015-2020 н.и.т., дотсент Равшанов Д.Ч., солҳои 2020-2022 н.и.т., и.в. дотсент Хоҷаев Т.А. ба ӯҳда доштанд.
Айни замон (аз соли 2022) роҳбарии кафедраро н.и.т. дотсент Равшанов Д.Ч. ба зимма дорад.
Кафедраи «Технология, мошинҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ» аз рӯйи ду ихтисос 1470201-Технологияи саноати полиграфӣ ва 1360601-01 - Мошинҳо, таҷҳизот ва низоми коркарди иттилоотии саноати полиграфӣ мутахассисони соҳавӣ омода месозад. Соли 2023 дар кафедраи мазкур кушонани боз як ихтисоси нав 1470201-03 – Технология ва дизайни борҷомасозӣ ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз шумораи хатмкунадагони ихтисосҳои кафедра ба зиёда аз 500 нафар расидааст, ки дар пешрафти соҳаи полиграфии ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Донишҷӯён пас аз хатми донишгоҳ ба сифати муҳандис-технолог ва муҳандис-механики саноати полиграфӣ, дар нашриётҳо, корхонаҳои саноатии полиграфӣ, корхона, муассиса ва истеҳсолоте, ки дорои матбаа мебошанд, Тоҷикстандарт (назорати сифати маҳсулоти чопӣ), мақомоти идоракунии давлатӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои касбию техникӣ кору фаъолият карда метавонанд.
Кафедра ҳамкориро бо Донишгоҳи политехникии ш. Москва, Донишгоҳи федералии Урал ба номи Б.Н. Елцин, Донишгоҳи давлатии техникии Омск, Институти насоҷӣ ва саноати сабуки Тошкент, Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург ба роҳ мондааст, ки бо ин васила донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ, таҳсил дар зинаи магистратура ва аспирантура фиристода мешаванд. То имрӯз тариқи ҳамкориҳои байналмиллалӣ ду нафар аз хатмкунандагони кафедра Равшанов Д.Ч. ва Сафаров Б.С. рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд. Ду нафар аз хатмкунандагони кафедра Гадоев Ғ.А. ба Донишгоҳи давлатии техникии Комсомол дар Амур ва Каримов А.А. ба Донишгоҳи политехникии шаҳри Москва барои таҳсил ба аспирантура фиристода шудаанд. Чаҳор нафар аз хатмкунандагони фаъоли кафедра Холов Ф.Б., Маҳмадуллоев Р.З., Дустов З.С. ва Каримов А.А. баъд аз хатми зинаи бакалавриат ба магистратураи Донишгоҳи Федералии Урал ба номи нахустин Президенти Федератсияи Россия Б.Н. Елцин фиристода шуданд, ки ду нафарашон Холов Ф.Б. ва Маҳмадуллоев Р.З. алакай баъд аз ҳимояи рисолаи магистрӣ ба ватан бар гашта ба ҳайси доктор Phd дар кафедра фаъолияти илмию таълимӣ карда истодаанд. Инчунин як қатор донишҷӯёни кафедра барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ба Донишгоҳи политехникии ш. Москва фиристода шуданд.
Дар кафедра семинарҳо ва конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалии самти полиграфӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Инчунин омӯзгорон ва донишҷӯён фаъоли кафедра дар конференсияҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Ҳоло дар кафедра 7 нафар омӯзгорон ва кормандон н.и.т., дотсент мудири кафедра Равшанов Д.Ч., н.и.т., дотсент Сафаров Б.С., муаллимони калони кафедра Табаров Ш.С., Хоҷаназаров Х.М., ассистентҳо Маҳмадуллоев Р.З., Холов Ф.Б. ва оператор-коргузор Иброҳимзода Г.Х. кору фаъолият доранд.
Барои бозҳам хубтар ба роҳ мондани раванди таълим ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, кафедра ҳамкории дарозмуддатро бо корхонаҳои хусусӣ ва давлатии саноати полиграфӣ ҶДММ “Мега - принт”, КВД КТН “Шарқи озод”, КВД “Комбинати полиграфии ш.Душанбе”, ҶСП “Нашриёти муосир”, ҶДММ “Гофро агрегат” ба роҳ монда, дар базаи ин корхонаҳо синфхонаҳои озмоишӣ кушода шуд.
50 - 60% дарсҳои самти полиграфӣ бо истифода аз компютерҳо ва барномаҳои InDesign, CorelDRAW, Photoshop, AutoCAD, ArchiCAD, Illustrator гузаронида мешавад.
Аз муддати ташкилшавии кафедра то ин ҷониб аз тарафи устодон зиёда аз 60 номгӯ корҳои таълимӣ – методӣ ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ аз чоп баромадаанд. Дар кафедра китобхонаи кафедравӣ ташкил карда шудааст, ки барои баланд бардоштани сифати таълим ёри мерасонад.