Кафедраҳо » Бехатарии фаъолияти инсон ва экология


Ҳанӯз дар охири соли 80-ум низоми идоракунии бехатарии меҳнат ва амнияти экологӣ пайдо гашт. Ин таҳкурси барои пайдо шудани сифати нави таълим аз фанни "Бехатарии фаъолияти инсон (БФИ) ва Экология"сабаб гашт.      

Тибқи қарори Вазорати маорифи собиқ ИҶШС, ки якҷо бо Кумитаи мудофиаи гражданӣ аз 23 январи соли 1989 бо №546 ба сохтори БФИ чор фасл дохил гардид: асосҳои назариявии БФИ; бехатарии фаъолияти инсон; - ҳифзи муҳити зист; таъмини амният ва ҳимоя дар ҳолатҳои фавқуллода. Дар робита бо ин, дар соли 1991 дар баробари донишгоҳи олии техникии университети Москва (МВТУ) ба номи В. Бауман ва институти ҷангалу техникии Ленинград (ЛЛТИ) ба номи С. М. Киров дар Тоҷикистон иниститути политехникӣ (ТПИ) ва кафедра "Бехатарии фаъолияти инсон (БЖД) кушода шуд.

Ќобили ќайд аст, ки барои арзи вуљуд намудани кафедра аз љониби олимони маъруф ва шахсиятњои шинохтаи  собиќ Иттињоди Шуравї докторони илмњои техникї, профессорон Белов С.В. (МВТУ ба номи В. Бауман ): Русак О.В. (ЛЛТИ ба номи С.М. Киров) ва Бринза В.Н. (МИСиС) дастгирии беѓаразона ва таќризњои мусбат гирифта шуд. Асосгузори кафедраи "БФИ ва Э" узви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессорон,:

Дар солҳои гуногун кафедраро роҳбари кардаанд аъзо АИ ҶТ., д. и. т., профессор Ҳақдод М. М., аъзо кор. АИ ҶТ., д.н. и. т., профессор Кобулиев З. В., д. н.и. т., и. в профессор Саидзода Р. Ҳ., н. и. т., профессор Салимзода Т. О., н. и. т., дотсент Гулахмадов Ҳ. Ш., н. и. т., дотсент Шерализода М. У., н. и. т., дотсент Идиев М. Т., н. и. т., и. о. дотсент Салимова П. Т., ки барои тайер кардани мутахассисони дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ саҳми худро гузоштанд. Дар айни замон мудирии кафедраро доктори PhD Расулов Оқил Умарқулович ба ӯҳда дорад.

Ба рушд ва фаъолияти босуботи  кафедра хизмати муаллимон ва олимони кафедра: д.и.т.Қурбонов Ҳ., Б, Хакдодов М.М.: Салимзода Т. О., М. Д. Исобоев, Назаров Ш. Б., Кобулиев З. В., Саидзода Р. Ҳ., номзадҳои илм, дотсентон Амиров О. Х., Ганизода Ҷ.С., Алидодов Б., Дододжонов М. А., Гулахмадов Ҳ. Ш., Шерализода М. У., Салимова П. Т., Расулов О.У., Маджидов Т. С., Иброгимов С. Ҷ., Зоиров Ф. Б., Нуридини Файз., Даниярова Ф. И., омӯзгорон Эрназаров Б. М., Қурбонов Б. Қ., Бобоев Ҳ. Б., Ситамов И., Норкулова Ш. Р., Хайдаров А. М., ва дигарон хело калон мебошад.

Аз ҳайати кормандони кафедра, то имрӯр 2 нафар рисоли докторӣ , 11-рисолаи номзадии худро ҳимоя кардаанд ва ҳоло бошад 4- нафар унвонҷӯён ба корҳои илмӣ машғул мебошанд, ки дар ояндаи наздик ҳимояи номзадии онҳо дар назар аст.

Барои бо сифати хуб тайер намудани мутахассисон дар кафедра 21 нафар омӯзгорон ба кор ҷалб шудааст, ки аз онҳо 3 нафар профессор, доктори илмҳои техникӣ – Кобулиев З. В., Назаров Ш. Б., Саидзода Р. Ҳ. ва омӯзгорон Расулов О.У., Маджидов Т. С., Иброгимов С. Ҷ., Гулахмадов Ҳ. Ш., Шерализода М. У., Нуридини файз., Зоиров Ф. Б., Даниярова Ф. И., дорои дараҷаи номзади илм мебошанд. Ҳамчунин дар кафедра 4 муаллими калон Бобоев Х. Б., Ситамов И., Хайдаров А. М., Норкулова Ш. Р. ва 4 ассисент Орифова Л. А., Сабзаева Ш. Ҳ., Азимов Д. С., Ниезов Ф. Р., Фаридуни И. лабарант ва Ботуралиев Х.Ш.оператор-коргузор фаъолият карда истодаанд.

Кафедра то солҳои 2002 барои тайёр намудани мутахассисони техники дар бахши ҳифзи меҳнат, бехатарии фаъолияти инсон, мудофиаи граждани фаъолияти худро ба роҳ монда буд. Баъдтар дар кафедра барои тайёр намудани мутахасисони ихтисоси 330101-05 "Ҳифзи муҳандиси муҳити зист" бо тахассуси муҳандис-эколог ба роҳ монда шуд. Аз соли 2002 то имрӯз омодасозии мутахасисони бакалавр шаклҳои таҳсил – 4 сол идома дорад. Беш аз 100 нафар мутахассисон, дар тӯли даҳсолаи охир донишгоҳро хатм намуда бомуваффақият дар соҳаҳои гуногун кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият карда истодаанд.

Ҳадафи асосии кафедраи "БФИ ва Э"  омода намудани мутахассисони баланд ихтисоси аз рӯи ихтисоси "Ҳифзи муҳандисии муҳити зист", ки қобилияти таҳия ва татбиқи стратегияҳои экологӣ ва рушди системаҳои идоракунии зуҳуроти табиию-техногенӣ дар асоси принсипҳои рушди устувор, амнияти экологӣ дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди зисти инсон, ки ҷавобгўи талаботи ҳифзи табиат ва санитарию гигиенӣ мебошад иборат мебошад.

Хатмкунандагони ин самт барои кор дар корхонаҳои саноатӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва шӯъбаҳои ҳифзи муҳити зист, ба сифати мутахассис экологҳо дар сохторҳои ҳифзи табиат ба сифати нозирони, шӯъбаҳо ва идоракунии соҳаҳои мухталифи иқтисоди фаъолият карда истодаанд.

Хатмкардагони мо дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи энергетикӣ, пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва илмию таҳқиқотӣ, хоҷагии ҷангал, дар корхонаҳои обу корези дар шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷумҳуриамон кор мекунанд. Тавре ки таҷриба нишон медиҳад, тайёр кардани мутахассисон дар ин соҳа дар сатҳи баланди илмӣ ва техникӣ имконпазир аст.

Хатмкардагони ин кафедра барои кор дар корхонаҳои саноатии соҳаҳои мухталиф дар шӯъбаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳамчун мутахассисони соҳаи муҳити зист, дар сохторҳои ҳифзи муҳити зист ба ҳайси нозирон, мутахассисони шӯъбаҳо ва шӯъбаҳои бахшҳои гуногуни иқтисодиёт талабот доранд. Хатмкардагони мо дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои саноатӣ ва бахши энергетика, пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва илмию таҳқиқотӣ, хоҷагии ҷангал, бунёди канализатсия дар шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ кор мекунанд.

Зиёда аз 100 нафар мутахассисони дар даҳсолаи охир таълимгирифта дар фабрикаҳо ва ташкилотҳои гуногуни ҷумҳурӣ бомуваффақият кор мекунанд. Ҳамасола кафедра чорабиниҳои донишҷӯӣ, аз қабили Олимпиада аз фани экология, конфронс оид ба экология ва озмунҳои маҳфили илмии донишҷӯён баргузор менамояд. Таваҷҷӯҳи зиёд ба корҳои илмию методӣ дар кафедра дода мешавад. Кормандони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён роҳбарӣ мекунанд.

Аз соли 2021 дар кафедра 2 ихтисоси нав 330104 «Мониторинги экологӣ, менеҷмент ва аудит» ва 33010303 «Ҳифзи ҳаёту фаъолият» кушода шудааст. Айни замон дар кафедра аз рӯи 3 ихтисос – 330101-05 «Ҳифзи муҳандисии муҳити зист», 330104 «Мониторинги муҳити зист, менеҷмент ва аудит» ва 33010303 «Ҳифзи ҳаёту фаъолият» мутахассис тайёр карда мешавад.

Донишҷӯёни ихтисоси 330101-05 "Ҳифзи муҳандисии муҳити зист" таҷриба ози ва таҷрибаомӯзии пеш аз дипломии худро дар Кумитаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ идораи ҳифзи муҳити зист, "ТалКо" (корхонаи истеҳсоли алюминий), КВД "Обу корези ш. Душанбе" (водоканал), ҶСШК " Маркази барқу гармидиҳии Душанбе", КВД "Сементи тоҷик" (заводи семент), ҶСШК "Насочии тоҷик" (истеҳсоли нассоҷӣ), мегузаронанд.

Дар айни замон дар кафедра аз рӯи 21 фан ба донишҷӯён таълим дода мешавад: Экология ва мудофиаи гражданӣ, Бехатарии фаъолияти инсон, Асосҳои токсикология, Химияи муҳити зист, Илм дар бораи замин, Арзебии экологии хавфи антропогенного таъсиррасонӣ, экологияи саноатӣ, Идоракуни ва ҳифзи муҳити атроф, Асосҳои микробиология ва биотехнология, мониторинги Экологӣ, Техникаи  ҳифзи муҳити зист, Равандҳо ва дастгоҳҳои ҳифзи муҳити зист, экспертизаи Экологӣ, ОВОС ва сертификатсия, Иқтисодиет  табиат, Экологӣ моделсозӣ Экологӣ роҳбарият (менеҷмент), Асосҳои технологияи истеҳсолот, Технологияи коркарди саноатӣ ва партовҳои маишӣ.

Тайер намудани кадрҳо аз рӯи самтҳои зерин амалӣ карда мешавад: ҷанбаҳои иқтисодии истифодаи захираҳои табиӣ, канданиҳои фоиданок ва коркарди партовҳои саноатӣ дар истеҳсолот; Системаи муҳофизати экологияи саноатӣ; Биохимические Усулҳои тоза намудани обҳои ифлос бо методи биохимиявӣ; Мониторинги муҳити зист, АТМЗ, Лоиҳаи экспертизаи экологӣ, технология ва истеҳсолот; Техникаи  ҳифзи муҳити зист, Микробиология ва биотехнология; Сертификатсияи маҳсулот бо мақсади ноил шудан ба ҳадди амнияти экологӣ; Таҳияи технология ва дастгоҳҳо барои ҳифзи муҳити зист.

Кафедра ҳар сол бо ёрии донишҷуён якқатор чорабиниҳоро мегузаронад, ба монанди олимпиадаи донишҷӯен оид ба экология, конфренссия оид ба экология ва мусобиқаҳои донишҷӯен оиди корҳои илмӣ.

Тамоми факултетҳои донишгоҳ омузгорон ва ҳайати кафедра фаъолона машғули экспертизаи илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошанд. Кормандони кафедра ҳамасола дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат меварзанд. Кафедра дар тули фаъолияти худ зиеда аз 150 мақолаҳои илмӣ, методӣ ва ва китобҳои дарсӣ аз чоп бароварданд.

Дар кафедра лабораторияи илмӣ-таҳлилӣ оид ба муҳандис эколог  ва бехатарии фаъолияти инсон (беҳдошт ва муҳофизати меҳнат) ташкил карда шудааст. Лаборатория дар ошёнаи 1-ум ауд.(синфхонаи) 2/114 ва 2/113. Бо лавозимотҳои даркори муҷаҳаз гардонда шудааст ба монанди (Мини-экспресс-лабораторияи "Пчелка-Р", Газоанализатор многокомпонентный МАГ-6, Микроскоп микромед Р-1, Концентратомер КН-2М, Экстрактор ЭЛ-1, Спектрофотометр В-1100, Тарозуи лаборатори  "СУ-124C", Аспиратор сильфонный АМ-5Е, Насоси – пробоотборник дастӣ СҒД-ЗМ, Виброметр ВК-5М, люксметр ДТ-1308, ва ѓ.), ки имкон медиҳад, гузаронидани тадқиқоти экологӣ бо истифодаи маводҳои кимиевӣ, гуногунии химиявӣ ва биологӣ усулҳои таҳлили. Ҷиҳозонидани озмоишгоҳ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома дорад.

БЖД-3 БЖД-2 БЖД-1

Дар кафедра аз рӯи мавзӯъҳои зерин корҳои илмию тадқиқотӣ идома дорад:

  1. Таҳияи маҷмӯӣ нақшаҳо оид ба коркарди партовҳои саноатӣ ва партовҳои маишӣ;
  2. Тадқиқоти экологӣ ҷанбаҳои устувори рушди шаҳрсозӣ дар шароити иқлимӣ Тоҷикистон;
  3. Баҳогузории бехатари ва амнияти экологӣ оиди "Сохтмони сабз " дар минтақаҳои рушткарда;
  4. Баҳодиҳии амнияти экологии параметрҳои гидрохимиявии захираҳои об дар минтақаи ташаккули маҷрои дарёҳои асосии Тоҷикистон;
  5. Омӯзиши шароити меҳнати ва омилҳои муҳити истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат ва аҳмияти технология оид ба кам кардани таъсир ба саломатии инсон.

Дар доираи созишномаи байни Барномаи Рушди Созмони милали Муттаҳид ва Тоҷикистон бо дархостҳои ДТТ ба номи М. С. Осимӣ дар моҳи апрели соли 2010 бо ташабуси н.и. т., дотсент Гулахмадов Ҳ. Ш. дар назди кафедраи "Бехатарии фаъолияти инсон ва экология" "Маркази маорифати экологӣ  ва рушди устувор ",таъсис дода шуд  ки то ҳамин вақт амал мекунад.

Дар кафедраи "БФИ ва Э", инчунин омода намудани мутахассисони дараҷаи магистр (2 соли таҳсил) оид ба самтҳои: барномаи магистрӣ "Ҳифзи муҳандисии муҳити зист" амал карда истодааст.

Дар кафедра тайер намудани аспирантон (доктор PhD), амал мекунад тадқиқотҳои илмӣ бо ёрии роҳбарон д. и. т. профессор Кобулиев З. В., Назаров Ш. Б., Саидзода Р. Ҳ., н.и.т. дотсент М. Шералиев, н.и.т. дотсент Гулахмадов Ҳ. Ш., н.и.т. дотсент Маджидов Т. С. ва Доктор PhD. Расулов О.У. пешбурда мешавад.

Тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот таъсис дода шуда докторантура PhD бо роҳхати 6D073100 –"Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳандисии муҳити зист" амал мекунад. Мақсади таъсис додани докторантура аз рӯи ихтисос мебошад: -ташкили низоми самараноки тайер кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тахассуси олӣ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ, ҳамгироии таҳсилот ва илм, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои илмӣ, методӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ, кадрӣ ва таъминоти моддию техникии мебошад; -татбиқи раванди таълим тибқи принсипҳои байналхалқи амалан тайер намудани кормандони илмию педагогӣ тахассуси олӣ, рақобат дар бозори меҳнат мебошад.  

Дар шароити нави рушди иқтисоди коллективи кафедра, бо идомаи анъанаҳои бузург таваҷҷӯҳи асосиро ба такмили раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи тайер намудани мутахассисони ҷавонро, дар асоси иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, ва бо сифати баланд тайер намудани кадрҳоро ба зима дорад .

Кафедраҳо