Омодакунии мутахасисони соҳаи металлургия дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ дар соли 1996 дар назди факултети «Технологияи химиявӣ ва металлургия» кафедраи «Металлургияи металлҳои ранга» (ММР) таъсис ёфт. Бори аввал соли 1999 мутахассисони маҳаллӣ бо тахассуси муҳандис-металлург бо ихтисоси 1102-«Металлургияи металлҳои ранга» донишгоҳро хатм намуданд. Баъдан барои таъмини корхонаҳои азими тоҷик мутахассисони соҳаи рехтагарӣ ва коркарди металлҳо бо ҳарорат лозим омад. Аз соли 2003 қабули донишҷӯён ба ихтисосҳои 1104 - «Истеҳсолоти рехтагарии металлҳои сиёҳ ва ранга» ва 1105-«Металлшиносӣ ва коркарди металлҳо бо ҳарорат» дар кафедраи ММР оғоз шуд.
Аз соли 2008 то 2016 аз рӯи 3 ихтисосҳои дар боло зикр шуда кафедраи ММР мутахассисонро тайёр менамуд. Соли 2016 дар натиҷаи муттаҳидшавии факлтетҳои «Механикӣ ва технологӣ» ва «Технологияи химиявӣ ва металлургия» факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» ташкил гардид. Бинобар сабаби мутаҳидшавии кафедраҳои «Металлургияи металлҳои ранга» ва «Технологияи истеҳсолоти электрохимиявӣ» кафедраи «Металлургия» номгузорӣ карда шуд. Худи ҳамин сол дар кафедраи “Металлургия” ихтисоси нав яъне 520201-«Технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ» кушода шуд.
Кафедраро аз соли 1996 то соли 2012 доктори илмҳои химия, профессор Джураев Т.Д. сарвари намудааст.
Джураев Т., чун омӯзгори пуртаҷриба дар байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ эътирофи калон дорад. Ӯ ба омӯзгорони ҷавон мунтазам ёрии методӣ ва педагогӣ мерасонад, дарсҳои кушод ташкил намуда, дар конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои ҷумхуриявӣ ва байналмиллалӣ бо маърузаҳои илмию методӣ баромад менамояд.
Дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ӯ аввалин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хатми ихтисосмандони соҳаи металлургияро ба роҳ мондааст. Озмоишгоҳҳоро ташкил намуд. Дастурамал ва дастурҳои таълимӣ оиди лексияҳо ва усулии гузаронидани корҳои амалиро аз чоп баровард. Зиёда аз 150 нафари донишҷӯён корҳои тахассусии хатмӣ худро дар таҳти роҳбарии ӯ ҳимоя намудаанд, ки онҳо аҳамияти илмию истеҳсолӣ доранд. Зиёда аз 15-нафар шогирдони профессор Джураев Т. ба дараҷаи илмии номзади соҳиб шудаанд. Профессор Джураев Т. роҳбари равияи илмии кафедра мебошад. Зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ, монография, ихтироот ва дастурҳои таълимӣ-методӣ аз чоп баровардааст. Ӯ дорандаи нишонаҳои Ихтирокори РСИШ (СССР) ва Аълочии Маорифи ҶТ мебошад. Джураев Т. дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд. Айни ҳол ӯ аъзои Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ мебошад.
Аз 1-уми январи соли 2013 то соли 2021 кафедраро номзади илмҳои химия, дотсент Муслимов И.Ш. сарвари намудааст.
Муслимов И.Ш. чун омӯзгори пуртаҷриба дар байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ эътирофи калон дорад. Ӯ ба омӯзгорони ҷавон мунтазам ёрии методӣ ва педагогӣ мерасонад, дарсҳои кушод ташкил намуда, дар конференсияҳо, семинарҳои ва симпозиумҳои ҷумхуриявӣ ва байналмиллалӣ бо маърузаҳои илмию методӣ баромад менамояд.
Зиёда аз 140 нафари донишҷӯён корҳои тахассусии хатмӣ худро дар таҳти роҳбарии ӯ ҳимоя намудаанд, ки онҳо аҳамияти истеҳсолӣ доранд. Таҳти роҳбарии дотсент Муслимов И.Ш. 2-нафар аспирантони кафедра ба дараҷаи илмии номзади соҳиб шудаанд. Зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ, монография, ихтироот ва дастурҳои таълимӣ-методӣ аз чоп баровардааст. Ӯ дорандаи Аълочии Маорифи ҶТ мебошад. Муслимов И.Ш. дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд.
Аз 1-уми сентябри соли 2021 инҷониб кафедраро номзади илмҳои химия, дотсент Раҳимов Ф.Қ. сарвари намуда истодааст.
Раҳимов Ф.Қ.- аз ибтидои фаъолияти кориаш аз вазифаи асистент ба кор шурӯъ намуда дар вазифаи муаллими калон, вазифаи бақайдгирандаи факултети “Технологияи кимиёви ва металлургия” дар маркази бақайдгирию машваратии низоми кредитии таҳсилот ба вазифаи методисти шуъбаи таълим, докторанти ананавӣ ва дотсенти кафедраи “Меаллургия” кор кардааст. Айни ҳол дар вазифаи мудири кафедраи “Меаллургия” фаъолият карда истодааст.
Раҳимов Ф.Қ. чун омӯзгори пуртаҷриба дар байни устодону донишҷуёни Донишгоҳ мақоми муайян дошта ба омузгорони ҷавон мунтазам ёрии методӣ расонида дар конфронсҳо ва семенарҳои Ҷумҳуриявӣ бо маърузаҳои илмӣ – методӣ баромад менамояд. Раҳимов Ф.Қ. муаллифи (бо ҳаммуаллифи) зиёда аз 100 корҳои илмӣ бо назардошти мақолаи илмӣ, монография, нахустпатент ва корҳои таълимию методӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки айни ҳол як нафар PhD-докторант таҳти роҳбарии ӯ кори илмӣ карда истодааст.
Ҳоло кафедраи «Металлургия» аз рӯи 3 ихтисос мутахассисонро омода месозад:
420101-0101-«Истеҳсолоти рехтагарии металлҳои сиёҳ ва ранга»;
420101-0104-«Металлургияи металлҳои ранга»;
520201-«Технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ»;
Алакай зиёда аз 1000 нафар хатмкунандагони кафедра дар корхонаҳои металлургии дохили ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶДММ «Ноқили ТалКо» корхонаҳои муштраки «Зарафшон», «Апрелевка», «Анзоб», «Такоб», «Пакруд», «Комбинати металлургии тоҷик» ва дар корхонаҳои металлургии хориҷи кишвар машғули коранд.
Дар кафедра мутахассисони баландихтисос кор ва фаъолият карданд ва карда истодаанд: академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ, лауреати ҷоизаи давлатии ба номи Ависенна, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ваҳобов А.В.; Академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ, доктори илмҳои химия, профессор Ҷӯраев Т.Д., профессор, доктори илмҳои химия Пӯлотов М.С.; доктори илмҳои техникӣ, профессор Зинченко З.А.; доктори илмҳои техникӣ Муродиён А.Ш.; доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Х.М.; номзади илмҳои химия, дотсент Қариева З.М.; номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Нуралиев Д.; номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Акрамов М.Б.; Номзади илмҳои химия, дотсент Газизова Э.Р., Муслимов И.Ш. ва Раҳимов Ф.Қ.; Номзади илмҳои химия, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Халимов М.И., н.и.т., иҷрокунандаи вазифаи дотсент Тошев М.Т. ва Хоҷаев Ф.Қ., н.и.т., Нимонов Р.А.; ва Олимшоева С.Р., докторант Мирзоева Б.М. ва ғайра.
Холо дар кафедраи металлургия дар ду самт корҳо илмӣ-тадкикотӣ бурда мешавад:
Асосхои физикию химиявии ба вуҷуд овардани композитсияҳо ва хӯлаҳо дар асоси металлхои ранга, истеҳсол ва истифода бурдани онҳо.;
Асосҳои физикӣ ва химиявии ирсият дар табиати ғайриорганикӣ.
Дар самтҳои зикршуда таҳти роҳбарии илмии профессор Ҷӯраев Т.Д. якчоя бо профессорон Хакдодов М.М., Лебедев В.А. ва дотсент Худойбердиев В.Г., Муслимов И.Ш. ва Газизова Э.Р., рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд:
Газизова Э.Р. дар мавзӯи: «Ирсият ва зуҳури он дар хӯлаҳо дар асоси системаҳои Аl-Si, Аl-Мg ва Аl-Мg-Zn» соли 2009.
Муслимов И.Ш. дар мавзӯи: «Таъсири мутақобилаи литий бо алюминий ва металлҳои нодир замин ва коркарди хӯлаҳои дар асоси онҳо» соли 2011.
Халимова М.И. дар мавзӯи: «Таъсири мутақобилаи бериллий бо алюминий ва металлҳои нодири замин ва коркарди хӯлаҳо дар асоси онҳо» соли 2015.
Раҳимов Ф.Қ. дар мавзӯи: «Диаграммаҳои ҳолат ва хосиятҳои термодинамикии хӯлаҳо дар асоси европий ва итербий» соли 2015.
Тошев М.Т. дар мавзӯи: "Элементҳо-офарандагони аломатҳои ирсӣ ва таъсири онҳо ба хосиятҳои металлҳо ва хӯлаҳо" дар соли 2018.
Хоҷаев Ф.Қ. дар мавзӯи: «Диаграммаҳои ҳолат ва хосиятҳои термодинамикии хӯлаҳои сурб» дар соли 2019.
Айни ҳол таҳти роҳбарии доктори илмҳои химия, профессор Ҷӯраев Т.Д. Муслимов И.Ш., Раҳимов Ф.Қ. ва Тошев М.Т. рисолаҳои доктории худро омода мекунанд.
Кафедраи металлургия бо кишварҳои зерини хориҷӣ ва ташкилотҳои онҳо робитаҳои илмӣ дорад:
Институти энергетикии Москва, кафедраи технологияи металлхо (д.и.т., профессор Каримбеков М. А.);
Институти миллии тадқиқоти Маскав (MИСиС).
Донишгоҳи давлатии техникии Самара, кафедраи рехтагарӣ ва технологияҳои самаранок;
Маркази илмии Бурятияи Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия, сектори лоиҳакашии хисоббарори маводҳо.
Робитаҳои илмӣ ва истеҳсолии кафедра
Кафедраи «Металлургия» оиди соҳаи таълим ва илм донишгоҳҳо ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ робитаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ доранд:
Донишгоҳи давлатии техникии ш. Самара (Федератсияи Руссия), «Кафедраи рехтагарӣ ва технологияҳои самаранокии баланддошта»;
Филиали Бурятии шӯъбаи Сибирии АИ ФР Инситути табиатшиносӣ шӯъбаи дизайни компютерӣ;
Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон, кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ;
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин дар назди АМИТ
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди АМИТ;
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи «Кимиёи физикӣ»;
Ҷамъияти саҳҳомии кушода ширкати алюминийи тоҷик (ҶСК ШАТ «ТалКо»);
Корхонаи воҳиди давлатии «Тамохуш»-и заводи гидрометаллургии Исфара;
Ҷамъияти истеҳсолии «Востокгредмет» ш. Чкаловск ҶТ;
Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозӣ» ш. Душанбе;
Муассисаи давлатии илмию таҷрибавӣ ва истеҳсолии АМИТ;
Корхонаи муштараки «Зарафшон»;
Корхонаи муштараки «Апрелевка»;
Корхонаи муштараки «Анзоб»;
Корхонаи муштараки «Такоб».