Азизов Юсуф Самиевич – мудири кафедра, н.и.т., дотсент
Тайёр намудани мутахассисон барои корхонаҳои саноати бофандагӣ, сабук ва пахтатозакунӣ дар Институти политехникии Тоҷикистон, аз рӯи равияи 1101 – «Коркарди аввалини маводҳои нахдор», тахассуси «Коркарди аввалини пахта» ва 1102 – «Ресиши нахҳои табиӣ ва кимиёвӣ» аз соли 1956 оғоз шуда буд.
Барои таъмин намудани раванди таълим аз фанҳои тахассусӣ кафедраи «Коркарди маводҳои нахдор» соли 1958 ташкил карда шуда буд, ки он то соли 1961 фаъолият намуд. Омӯзгорони нахустини кафедра Рахимов Н.Р.(мудири кафедра), Саидов Ҳ.С., Бугаенко М., Мартинова Н.С., Дзутсева В.Н. буданд.
Аз сабаби норасоии мутахассисон ва озмоишгоҳҳо, донишҷӯёни қабули соли 1957 баъд аз хатми курси чорум ва 1958 баъд аз хатми курси дуюм, барои давом додани таҳсил ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Тошканд ва Иваново равона карда шуда, соли 1961 14 нафар аввалин донишҷӯён Институти саноати сабук ва бофандагии шаҳри Тошкандро бо тахассуси муҳандис - технолог бомуваффақият хатм намуданд.
Аз соли 1971 сар карда дар Институти политехникии Тоҷикистон қабул ва хатми донишҷӯён аз рӯи ихтисоси 0568 – «Мошинҳо ва аппаратҳои саноати бофандагӣ» бо тахассуси «Коркарди аввалини маводҳои нахдор (пахта)» оғоз гардид.
Соли 1974 кафедраи тахассусӣ ташкил ёфт, ки барои рушди он саҳми якумин мудири кафедра, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Раҳимов Н.Р. – хатмкардаи Институти саноати сабук ва бофандагии шаҳри Тошканд (соли 1949) хеле калон мебошад. Дар аввал номи кафедра «Технология, мошинҳо ва аппаратҳои коркарди аввалини пахта ва техникаи гармо» буд.
Дар он солҳо бо роҳбарии Раҳимов Н.Р. ва иштироки фаъолонаи омӯзгорони кафедра Саидов Ҳ.С., Зулфонов С.З., Лавриненко П.Н., Ахмедов Ф.Д., Ҳоҷиев А.А. ва мудири озмоишгоҳ Петрасюк В.Ф., барои ташкили раванди таълим дар назди кафедра озмоишгоҳҳои – коркарди аввали пахта, маводшиносии нассоҷӣ ва таҷҳизоти технологии коркарди аввалини пахта ташкил карда шуданд.
Олимони соҳа аз шаҳрҳои Москва ва Тошканд – Севостянов А.Г., Балакин В.Г., Ҳоҷинова М.А., Ҷабборов Ғ.Ҷ., Болтабоев С.Д., Роганов Б.И. ва дигарон низ дар ташаккул ва тараққиёти кафедра саҳми арзандаи худро гузоштанд. Бо дастгирии ин омӯзгорон соли 1976 дар Институти политехникии Тоҷикистон, хатми аввалини муҳандисон аз рӯи ихтисоси 0568 – «Мошинҳо ва аппаратҳои саноати бофандагӣ» амалӣ гардид, ки шумораи онҳо 17 нафар буд. Бо таъсисёбии кафедраи «Техникаи гармо ва таҷҳизоти гармидиҳӣ» дар сохтори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ соли 2000 – ум кафедра «Технология, мошинҳо ва аппаратҳои коркарди аввалини пахта» номгузорӣ шуд.
Кафедраро мутахассисони варзидаи соҳа Раҳимов Назир Раҳимович солҳои 1956 –1987, аз соли 1987 то соли 1990 номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ахмедов Фарҳод Дилбарович, аз соли 1990 то соли 2007 и.в. профессор Зулфонов Сулаймон Зулфонович, аз соли 2007 то соли 2019 номзади илмҳои техникӣ, дотсент Сафаров Фузайл Метинович ва аз соли 2019 то инҷониб н.и.т. дотсент Азизов Юcуф Самиевич роҳбарӣ кардаанд.
Дар шароити муосири иқтисодӣ, аксарияти корхонаҳои пахтатозакунӣ ва нассоҷии собиқ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ мубаддал гаштанд ва корхонаҳои нассоҷии нав бунёд гардиданд, ки зарурияти тайёр намудани муҳандисони тахассуси васеъдошта ба миён омад. Инро ба назар гирифта, аз соли 2001–ум Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба стандартҳо ва нақшаҳои таълимии мувофиқ ба талаботи имруза гузашта, кафедра тайёр намудани мутахассисонро бо равияи 6560 – «Технология ва лоиҳакашии маснуоти нассоҷӣ», ихтисосҳои 2801– «Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти нахҳои табиӣ» ва барои саноати нассоҷӣ – 2803 – «Технологияи маснуоти нассоҷӣ» ба роҳ монд.
Аз соли 2008 тайёр намудани муҳандисон аз рӯи ихтисосҳои 1-500101-08 – «Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти нахҳои табиӣ» ва 1-500101-09 – «Технологияи маводҳои нассоҷӣ» оғоз гардида, пас аз гузариш ба низоми кредитии таҳсилоти олӣ тайёр намудани бакалаврҳо аз рӯи ин ихтисосҳо ба роҳ монда шуд. Тараққиёти саноати нассоҷӣ дар ҷумҳурӣ водор сохт, ки соли 2015 кафедра тайёр намудани мутахассисонро боз аз рӯи ихтисосҳои 1-500101-01- «Ресидани нахи табиӣ» ва 1-360801-02- «Мошин ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ» ба роҳ монад. Вобаста ба тағироти сохтории соҳаи коркарди пурраи пахта ва талаботи саноати нассоҷӣ соли 2008 кафедра номи худро ба кафедраи «Технология ва таҷҳизотҳои коркарди пахта» ва соли 2016 ба кафедраи «Технологияи коркарди нахҳои табиӣ» иваз намуд.
Кафедра бо мактабҳои олӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил алоқаи зич дорад. Дар байни онҳо Донишкадаи саноати сабук ва бофандагии Тошканд ба номи Ю. Охунбобоев, Донишгоҳи давлатии технологии Кострома, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи А.Н. Косыгин, Академияи давлатии нассоҷии Иваново, Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт- Петербург, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи химияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Тоҷикстандарт, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои пахтатозакунӣ ва нассоҷии ҷумҳурӣ мебошанд.
Дар тайёр намудани муҳандисон дар тӯли ин солҳо омӯзгорон ва кормандони кафедра Раҳимов Н.Р., Зулфонов С.З., Саидов Ҳ.С., Мироқилов В.М., Турсунова М.Т., Ахмедов Ф.Д., Лавриненко П.Н., Ҳоҷиев А.А., Петрасюк В.Ф., Бахтиёрова Р.Ҳ., Одилова М.А., Аблязизов Т.И., Абрамов А.Ф., Сафаров Ф.М., Иброгимов Х.И., Азизов Ю.С., Ғайбуллоева З.Ҳ, Ҷураев О.О., Изатов М.В., Сангов М.М., Нозиров Ф.К., ва дигарон саҳми арзандаи худро гузоштанд. Бо ташаббуси омӯзгорон ва кормандони кафедра базаи таълимию озмоишгоҳӣ ташкил карда шуд.
Дар солҳои фаъолияти кафедра, зиёда аз 1500 нафар муҳандисон технологҳо-механикҳо барои саноати пахтатозакунӣ ва нассоҷӣ тайёр карда шудаанд, ки саҳми арзандаи худро барои рушди хоҷагии халқи мамлакат гузоштаанд. Бисёр хатмкунандагони ихтисосҳои номбурда роҳбарони вазорату идораҳо, директорҳо ва сармуҳандисони корхонаҳои пахтатозакунию нассоҷӣ, коркунони ташкилотҳои илмию лоиҳакашӣ, мактаби олӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ мебошанд.
Кори илмии кафедра дар мавзӯи «Коркард ва ҷорӣ намудани технологияи пешқадам дар саноати пахтатозакунӣ», ки муаллифонаш Зулфонов С.З., Сафаров Ф.М. ва Иброгимов Х.И. буданд, соли 2016 ба Ҷоизаи ба номи академик Умаров С.У. дар соҳаи илм ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.
Дар давоми ин солҳо аз тарафи аъзоёни кафедра, корҳои илмӣ оиди зиёда аз 10 мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмию методӣ иҷро карда шуданд. Зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ ва 3 монография чоп гардида, луѓати соҳавӣ тартиб дода шуд, 25 муаллифнома (патент) оиди ихтироъ гирифта шудааст.
Натиҷаи корҳои ба сомон расонидашуда дар дастурамалҳои соҳавӣ, дастурҳои методӣ ва нишондодҳо оиди иҷро намудани рисолаҳои хатми бакалаврӣ, корҳои озмоишӣ, курсӣ ва лоиҳаи курсӣ истифода шудаанд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба донишҷӯён кафедраро бо ихтисоси 2803 – «Технологияи маводҳои нассоҷӣ» хатм намуданд ва ба унвони муҳандис-технолог мушарраф гардиданд. Омӯзгорони кафедра Азизов Ю.С., Иброгимов Х.И. ва Сафаров Ф.М., Сангов М.М., Воҳидова З.Ш., Аҳрорӣ М., Изатов М.В. Ҷураев О.О., рисолаи номзадӣ ва дотсент Иброгимов Х.И. рисолаи докториро дифоъ намуданд.
Барои тайёр намудани рисолаҳои номзадию докторӣ, саҳми олимони мактабҳои олӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии шаҳрҳои Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Санкт Петербург ва Костромаи Федератсияи Россия хеле калон мебошад. Дар байни онҳо махсусан докторҳои илмҳои техникӣ, профессорҳо Левкович Б.А., Болтабоев С.Д., Корабелников Р.В., Ҳафизов И.Қ. Ашнин Н.М., Челишев А.М., Мороков А.А. Осипов М.И., Плеханов А.Ф. Першукова С.А., Гуломов А.Э. -ро қайд намудан лозим аст.
Корҳои озмоишӣ ва таҷрибаомӯзиҳо ҳам дар кафедра ва ҳам дар ҶДММ ИИ «Нассоҷии тоҷик»-и ш. Душанбе, корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Рӯдакӣ, фабрикаҳои ресандагии “Ваҳдат-тесктил”-и шаҳри Ҳисор ва “ХИМА - текстил”-и ноҳияи Ёвон ва корхонаи ҷуроббарории “Ваҳдат-текстил” шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд. Бо ҷидду ҷаҳди омӯзгорони кафедра якчанд дастурҳои таълимию методӣ барои иҷро намудани корҳои озмоишӣ, лоиҳа ва корҳои курсӣ ва кори хатми бакалаврӣ таҳия гардиданд.
Алоқаи кафедра бо истеҳсолот мустаҳкам шуда, бо зиёда аз 10 корхонаҳо ва ташкилоти байналмиллалӣ шартномаҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзии исеҳсолӣ ва курсҳои бозомӯзии омӯзгорон баста шудаанд. Инчунин бо якчанд корхонаҳои соҳа, аз ҷумла маҷмаи истеҳсолии Ҷунтай – Данғара Синсилу текстил оиди гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаомузии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён мувофиқа ҳосил карда шуд.
Айни ҳол кафедра аз рӯи 4 ихтисос мутахассисони соҳаи саноати пахтатозакунӣ ва нассоҷиро дар зинаи бакалавриат омода мекунад:
1-500101-01– «Ресидани нахи табиӣ»;
1-500101-08 – «Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти нахҳои табиӣ»;
1-500101-09 – «Технологияи маводҳои нассоҷӣ»;
1-360801-02 – «Мошин ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ».
Айни замон дар кафедра 8 омӯзгор - аз он ҷумла, 3 номзади илм дотсент, 1 номзади илм, муаллими калон ва 3 муаллими калон, инчунин мудири озмоишгоҳ, лаборанти калон ва оператор-коргузор фаъолият доранд.
змоишгоҳи таълимӣ – илмӣ фаъолият мекунад, ки аз рӯи фанҳои тахассусӣ корҳои озмоишӣ ва амалӣ дар онҳо гузаронида мешавад.
- Санҷиши мавоҳои нассоҷӣ
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори кафедра озмоишгоҳҳои Метрология стандартизатсия ва сертификатсия, Санҷиши маводҳои нассоҷӣ, Технологияи механикии маводҳои нассоҷӣ ташкил карда шуда, бо таҷҳизоту асбобҳои ҳозиразамони ченкунию назоратӣ ва компютерҳо ҷиҳозонида шуданд.
Муваффақияти назарраси кафедра, ин якҷоягии раванди таълим бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Дар кафедра аспирантура аз рӯи ихтисоси 05.19.02 – «Технология ва коркарди аввалини маводҳои нассоҷӣ ва ашё» барои ноил гаштан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Технолог» амал менамояд, ки роҳбарии он ба н.и.т., муаллими калон Аҳрорӣ М. вогузор гардидааст. Дар кафедра аз рӯи нақша омӯзгорон дар идораву корхонаҳои саноатии дохилиҷумҳуриявӣ такмили ихтисос мегузаранд.
Вобаста ба ҳамкориҳои берунмарзии кафедра қайд намудан ҷоиз аст, ки дотсенти кафедра Азизов Ю.С. мувофиқи даъвати дафтари иқтисодию тиҷоратии сафорати Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Семинар оид ба технологияҳои нассоҷии кишварҳои рӯ ба тараққӣ-2018, ки дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, курси такмили ихтисосро гузашт.
Семинар барои ҳамкории Донишгоҳи бофандагии Ухань, Маркази СEVTC ва ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ замина гузошт. Дар ин замина мутахассисон ва омузгорони кафедра ба мақсади тайёр намудани мутахассисони муосири соҳа бо Маркази СEVTC ва олимони донишгоҳи Ухан табодули афкор ва иттилооти илмӣ – техникӣ карда истодаанд.
Оиди ҳамкории кафедра бо Маркази байналмиллалии тиҷорат дар ҶТ - дотсенти кафедра Азизов Ю.С. дар Семинари байналхалқи оиди Барномаи тадбиқи муқаррароти байналхалқи СУС ва огоҳии соҳибкорон дар бораи шомилшудан ба СУС иштирок намуда, соҳиби сертификат ва дараҷаи эксперти байналхалқӣ гардид.
Тайёр кардани мутахассисон минбаъд низ дар мадди назари ҳайати профессорию омӯзгории кафедра қарор дорад.
Омӯзгорони кафедра барномаҳои таълимии навро аз рӯи ҳамаи фанҳои ихтисосҳо, вобаста ба нақшаҳои таълимии нав омода намуда, ҳоло таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ давом дорад.
Ба фаъолияти кафедра дар тӯли ин солҳо, яъне ба дирӯз ва имрӯз назар карда, қайд намудан лозим аст, ки аз тарафи кормандони кафедра корҳои зиёде оиди тараққиёти кафедра, такмилёбии раванди таълим, техника ва технологияи коркарди нахҳои табиӣ, навиштани китобу дастурҳо, тайёр намудани мутахассисон барои корхонаҳои саноати сабук, бофандагӣ ва пахтатозакунӣ, ташкилотҳои илмию истеҳсолӣ ба сомон расонида шудаанд, то ки тайёр намудани муҳандисон ва бакалаврҳо дар сатҳи талаботҳои ҳозиразамон, ба амал бароварда шуда, онҳо ҷавобгӯйи талаботҳои ҷаҳони имрӯза ва иқтисодиёти он мебошанд.