Кафедра (номи аввалааш «Геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ») яке аз аввалин кафедраҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ИПТ) мебошад, ки моҳи декабри соли 1956 ташкил гардидааст. Аввалин мудири кафедра Локтаев Александр Иванович таъин гардида буд.
Яке аз устодони аввалини кафедра Маҳмудов Ҷ.С. буд. Дар аввали солҳои шастуми асри XX ба кафедра Кабалоева М., Бугаенко М.Г., Севбо Л.А., Сангинова С.Н., Ҷўраев Т.Қ., Ҳамралиева С.М. ва Ваҳобов М. ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ намуданд.
Соли 1972 Савченко И.Л. ба вазифаи мудири кафедра таъин гардид, ки корҳои таълимию методӣ ва таъмини мунтазами базаи моддию техникии кафедра нашъунамо ёфт. Кафедра ба як қатор макету моделҳо, лавҳаҳои таълимӣ, ҷўзъҳои мошину механизмҳо ва шаклҳои геометрӣ ғанӣ гардид, ки аз онҳо ўстодон ва донишҷўён то ҳол васеъ истифода мебаранд.
Соли 1975 Ҷўраев Т.Қ. мудири кафедра таъин гардид. Солҳои 2008-2011 н.и.т. Раҳмонов Қ.А. кафедраро сарварӣ намудааст.
Баъди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедра омўзгорон шодравон Ҷўраев Т.Қ., Финкельштейн Л.Т., Саидмуродова М.Д., Кароматуллоева З.К., Алиев Ҷ.Н., Абдураҳмонова Г.А., Ниёзов З.С., Зарипов А.Х., Гадоев С.А., Назиров Я.Г., Қурбонов Б.М., Самиев Т.М., Нарзуллоев З.Ф., Муминов А.К., Ниёзов Ҳ.Ҳ. ва оператор – коргузор Салимова Г.А. кор ва фаъолият намудаанд.
Соли 2018 пешниҳоди кафедраро Шӯрои олимони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дастгирӣ намуда номи кафедраро «Нақшакашии муҳандисӣ ва компютерӣ» номгузорӣ намуд.
Дар муддати чор соли фаъолият чор нафар устоди кафедра (Назиров Я.Г., Муминов А.К., Ниязов З.С. ва Нарзуллоев З.Ф) рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Айни замон рисолаи номзадии муаллими калони кафедра Зарипов А.Х. барои ҳимоя омода гаштааст.
Аз солҳои 2013-2018 ва аз 2018 то ин ҷониб вазифаи мудири кафедраро н.и.т., дотсент Алиев Ҷ.Н. ба ӯҳда дорад.