Кафедраи “Иншооти гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ” тибқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз 31 - майи соли 2021, протоколи №12 дар факултети “Сохтмон ва Меъморӣ” таъсис дода шуд. Ҳоло кафедраи “Иншооти гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ” ду ихтисосоро дарбар мегирад: “Сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои обию барқӣ” ва “Истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ”.
Ҳар яке аз ин ихтисосҳо ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда дурнамои бузург доранд, зеро манбаи асосии энергияи барқароршаванда ва энергияи сабз дар кишвар гидроэнергетика буда, истифодаи оқилонаи иқтидори об дар ҷои аввал аст.
Дар кафедраи “Иншоотҳои гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ” - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ тайёр кардани мутахассисони маълумоти олии касбӣ дар шаклҳои таҳсилоти рӯзона, ғоибона ва фослилавӣ амалӣ карда мешавад:
Дастовардҳои кафедра:
Дар кафедра озмоишгоҳи “Моделсозӣ дар сохтмон” бо компютерҳо ва асбобҳои сохтмонӣ ҷиҳозонида шуда фаъолият мекунад, ки дар онҳо омузгорон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён мунтазам корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва бо корҳои мустаққилонаи худ машғуланд.
Дар самтҳои зикршуда, бо роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода О.Ҳ. ва номзадони илмҳои техникӣ Қаландарбеков И.И. ва Марамов М.Б. шумораи зиёди тадқиқотҳо гузаронида шуданд ва дар натиҷа 2 рисолаи илмӣ, 1 монография , 5 патент, садҳо мақолаҳо ва маводҳои таълимию методӣ ба табъ расидаанд. Натиҷаи корҳои илмии кафедра дар корхонаҳои сохтмонӣ, иншоотҳои гидротехникӣ ва захираҳои обӣ ҷорӣ карда шудаанд.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра дар озмунҳои ихтироъкорони донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, дастгоҳ барои пешакӣ ва беангеза тоза намудани обҳои тирагиашон баланд ва модели физикии иншооти гидротехникӣ пешниҳод намудаанд.
Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯъ ва равияҳои зерин гузаронида мешаванд: механикаи сохтмон, сохтмони гидротехникӣ ва иншоот ва механикаи сохтмон, сохтмони гидротехникӣ ва иншоот ва системаҳо ва шабакаҳои муҳандисӣ.
Кафедра муҳандисонро дар соҳаи гидротехника ва истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ омода менамояд. Ин ихтисосҳо яке аз ихтисосҳои лозима ва муҳими сохтмон, истифодабарии иншооти гидротехникӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ дар имрӯз ва ояндаи кишвар мебошад, инчунин яке аз соҳаҳои серталаби бозори меҳнати кишвар, минтақа ва ҷаҳон мебошанд.
Шумораи омӯзгорони кафедра – 6 нафар, аз ҷумла: унвондор – 3 нафарро ташкил медиҳад. Бисёре аз устодони кафедра худро дар фаъолияти ҷамъиятӣ бомуваффақият нишон дода, дар донишгоҳ вазифаҳои гуногуни маъмуриро ишғол мекунанд. Амирзода О.Ҳ. – директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергети ва экологияи АМИТ, Марамов М.Б. – муовини декани факултети “Сохтмон ва меъморӣ”оид ба таълим, Қаландарбеков И.И. - мудири кафедраи АРТ ва И ва Набиев З.А. – Сармутахассиси раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ ҶТ.
Суроға: Факултети “Сохтмон ва меъморӣ”, кафедраи “Иншоотҳои гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ”, 734000, ш.Душанбе, куч. Ҳаёти-Нав, бинои факултети “Сохтмон ва меъморӣ”, каф. ИГ ва ҲЗО, ошёнаи 1-ум, ауд.110, телефон (992) 887790004; e-mail: iftikhor791@mail.ru