Сафарова Оқила Одинаевна – мудири кафедра , н.и.т., дотсент.
Соли 1974 дар заминаи кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» моҳи сентябр кафедраи нав - «Иқтисодиёт ва ташкили сохтмон» ташкил карда шуд. Дар зарфи 48 соли мавҷудияташ мувофиқи ислоҳоти иқтисодии замони Шӯравӣ ва дигаргуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номи кафедра «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон» номида шуд.
Аввалин мудири кафедра Тешаев Аҳад Тешаевич буданд, ки то соли 1986 кафедраро роҳбарӣ карданд. Аз соли 1986 то соли 1991 кафедраро Ҳасанов Муним Маҷидович роҳбарӣ карданд, аз соли 1991 то 1994 – Искандаров Алмас Исматович, аз соли 1994 то 1998 – Асоев Қурбон, солҳои 1998 – 2000 – Раҳимова Санавбар Ҳусейновна, то соли 2006 Раҳматҷонов Ғуломҷон ва аз соли 2006 то соли 2016 кафедраро Бобоҳоҷиев Рустам Ҳошимович роҳбарӣ карданд.
Айни замон кафедраро хатмкунандаи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон”, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Сафарова Оқила Одинаевна роҳбарӣ дорад.
Дар солҳои мавҷудияти кафедра чунин омӯзгорони варзида фаъолият доштанд: докторони илми иқтисод, профессорон Аминов Ш. ҳоло сокини ИМА ва Тешаев А.Т.; номзадҳои илми иқтисод, дотсентҳо Асоев Қ., Ахмедов У., Бобоҳоҷиев Р.Ҳ, Ҳасанов М.М., Искандаров А.И., Маҳмадов А., Обидҷонов А., Нуриддинова М., Сайфитдинов Б., Тошматов М.Н., Ҳасанов А.Р., Шаропова М.А., Эшонқулов А.Б. ва дигарон.
Дар кафедра дар солхои гуногун омӯзгорон Абдусатторов А., Каримова З.М., Мирҷамолов А., Тулфоров Г., Саидхоҷаев Х.Д., Ҳасанова Ф.Н., Алямова З.А. ва дигарон фаъолият кардаанд. Айни ҳол дар кафедра хатмкунандагони солҳои наздик, номзади илмхои техникӣ Рачабов У.Қ., Сафарова О.О., Каримова М.У., Орифова Ш.Р., Рӯзматова З., Саидхоҷаев Ф.С., Раҳмонзода Т.Р., Раҳимов У.Ҷ., Бойматова М.М., Хуҷамуллоева Р.Т., Икромова М.Х. ва ғайраҳо кор карда истодаанд.
Кафедра яке аз кафедраҳое дар донишгоҳ мебошад, ки дар тайёр кардани кадрҳо аз рӯйи 3 ихтисос саҳмгузор аст:
Дар кафедра 30%-и устодон қобилияти дарс гузаштан бо забони англисиро доро ҳастанд. Дар накшахои кафедра таълими гурӯҳҳои махсус бо таҳсили забонҳои англисӣ ба назар гирифта шудааст.
Аз соли 2013 дар кафедра мутахассисони зинаи магистратура ва аз соли 2017 мутахассисони зинаи доктор PhD аз рӯйи равияи “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар сохтмон” тайёр карда шуда истодаанд. Ғайр аз ин, дар кафедра аз рӯйи ихтисоси “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар сохтмон” кадрҳои соҳаи сохтмон маълумоти 2-юми олии касбӣ мегиранд.
Дар кафедра ҳаҷми калони корҳои таълимӣ ва методӣ бурда мешавад.
Муаллимони кафедра дар солҳои фаолияташон аз рӯйи чандин мавзӯъҳои илмӣ кор кардаанд. Даҳҳо маводи методӣ аз чоп баромадаанд, аз ҷумла зиёда аз 300 мақолаю фишӯрдаи маърӯзаҳо. Устодон дар конференсияҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок кардаанд.
Аз рӯйи натиҷаи кори илмии чандинсола Сафарова О.О. рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Ташаккулёбии механизми асосноккунии пешазлоиҳавии сохтмони иншооти обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ” ҳимоя кардаст. Рисолаи номзадии худро муаллимони калони кафедра Саидхоҷаев Фирӯз ва Раҳмонзода Тимур ҳимоя карданд.
Устодони кафедра Бобоҳоҷиев Р.Ҳ. ва Раҷабов У.Қ. кор дар болои рисолаи докториро давом дода истодаанд.
Айни ҳол, дар кафедра 8 нафар омӯзгорони штатӣ ва 1 корманди техникӣ-ёрирасон, аз ҷумла 1 профессор - н.и.т., 1 дотсент - номзади илмҳои иқтисодӣ, 1 дотсент - номзади илмҳои техникӣ, 1 и.в.дотсент – номзади илм, 3 муаллими калон, 4 ассистент ва 1 коргузор-оператор фаъолият менамоянд.
Корҳои таълимӣ-методӣ ва илмии кафедра дар 5 соли охир
Кафедра аз соли 2014 ташкилкунандаи олимпиадаи ҳарсолаи байналхалқии идоракунии захираҳои обӣ мебошад, ки дар он дар баробари донишҷӯёни донишгоҳҳои ҷумҳуриамон донишҷӯёни ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Афғонистон низ иштирок менамоянд.
Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони кафедра дар маркази «Нархгузории сохтмон» дар назди Агентии сохтмон ва меъморӣ, «Ассосиатсияи сохтмончиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуда, дар истехсолот ҷорӣ гардидааст. Аз ҷумла, натиҷаи таҳлили Кодекси андози амалкунанда аз тарафи устоди кафедра Раҳматҷонов Г. ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ дар якчояги бо «Ассосиатсияи сохтмончиёни Точикистон» пешниход шудааст, тадқиқ, таҳлил ва пешниҳодоти дотсенти кафедра Асоев Қурбон ҳангоми ҷорӣ кардани Стандартҳои байналхалқии ҳисоби молиявӣ дар корхонаҳо дар Вазорати молияи ҶТ ба инобат гирифта шудааст.
Бо роҳбарии Бобоҳоҷиев Р.Ҳ. дар кафедра барномаи Иттиҳоди Аврупо «Темпус-4» SWAN «Тартиб додани барномаҳои таълимӣ барои тайёр кардани магистрҳо дар соҳаи идоракунии захираҳои обии Осиёи Марказӣ» иҷро шуд.
Кафедра дар самти илм робитаҳои байналхалқӣ низ дошт, аз ҷумла:
Ҳамасола дар кафедра конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Асосҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ташкилӣ-техникии рушди комплекси сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад, ки дар он олимон, муҳаққиқон, аспирантон, магистрантон, донишҷӯён аз дохил ва хориҷи кишвар бо маърӯзаҳои худ баромад карда, проблемаҳои гуногуни соҳаи сохтмонро муҳокима ва таҳлил менамоянд.
Рафти конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ
Барои фаъолияти пурмаҳсули илмӣ ва ҷамъиятӣ устодони кафедра ба мукофоти гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шуда, ба миннатдории маъмурияти донишгоҳ ва созмонҳои ҷамъиятӣ соҳиб гаштаанд:
Раҳматҷонов Ғ. – аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмончии фахрии Тоҷикистон;
Раҷабов У.Қ. - сохтмончии фахрии Точикистон;
Асоев Қ. – аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии Вазорати сохтмони деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Грамотаи Фахрии Шӯрои Олии Тоҷикистон;
Ҳасанов М.М. - аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф» («Слава»), Ифтихорномаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ;
Сафарова О.О. - аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суроға: 734000, ш.Душанбе, куч. Ҳаёти-Нав, Факултети “Сохтмон ва меъморӣ”, кафедраи “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон”, ошёнаи 5-ум, ауд. 506, телефон, (992) 918593411; e-mail: cafarova-о@mail.ru