Кафедраҳо » Асосҳо, таҳкурсиҳо ва иншооти зеризаминӣ


Ҳасанов Н.М.

Ҳасанов Нуралӣ Мамедович, д.и.т., дотсент, мудири кафедра

Кафедраи “Иншооти зеризаминӣ, асосҳо ва таҳкурсиҳо” аз соли 1973 сарчашма мегирад, ки он давра бо номи “Геодезияи муҳандисӣ ва механикаи хокҳо” таъсис ёфта буд. Сарварии ин кафедраро Тоҳиров Ином Ғафурович, ки ҳоло доктори илмҳои техникӣ, арбоби илму техника мебошанд, ба ӯҳда доштанд. Ин кафедра то соли 1984 фаъолият намуд.

Моҳи марти соли 1984 дар натиҷаи такмили сохтори факултет кафедраи “Конструксияҳои оҳанубетонӣ, асосҳо ва таҳкурсиҳо” таъсис дода шуд. Ба ин кафедра то соли 1987 олими шинохта Исҳоқов Я.Ш., баъдан то соли 1993 дотсент Усмонов А.У. ва то соли 1994 дотсент Усмонов Р.О. роҳбарӣ карданд. Моҳи декабри соли 1994 дотсент Рӯзиев А.Р. ба тариқи озмун мудири ин кафедра интихоб гардид.

Соли 2021 кафедраи нав бо номи “Асосҳо, таҳкурсиҳо ва иншооти зеризаминӣ”, ҳамчун кафедраи тахассусӣ барои ихтисоси 1-700201-06 - “Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо” таъсис дода шуд, ки онро д.и.т, дотсент Ҳасанов Н.М. сарварӣ мекунад.

Кафедраи “Асосҳо, таҳкурсиҳо ва иншооти зеризаминӣ” дар ҳама ихтисосҳои равияҳои “Сохтмон” ва “Роҳсозӣ” аз фанҳои геологияи муҳандисӣ, меҳаники хокҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ, асосҳо ва таҳкурсиҳо, сохтмони иншооти зеризаминӣ, асосу таҳкурсисозӣ дар шароити мураккаби муҳандисӣ-геологӣ таълимро ба роҳ мондааст. Устодони кафедра вобаста ба ин самтҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, дар конференсия ва анҷуманҳо баромад мекунанд.

Кафедраи «Асосҳо, таҳкурсиҳо ва иншооти зеризаминӣ» яке аз кафедраҳои тахассусии факултети «Сохтмон ва меъморӣ» ба ҳисоб рафта, мувофиқи стандартҳои давлатии таълимии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳандисони раванди кӯҳкориро бо ихтисосҳои 1-700201-06-«Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо» тайёр менамояд. Кафедраи «АТваИЗ» раванди таълимиро дар факултетҳои «Сохтмон ва меъморӣ», «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» ва факултети муҳандисӣ-техникии ДМТБ-ДДТ ба дувоздаҳ ихтисос дар шӯъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ таъмин менамояд.

Дар назди кафедра утоқҳо ва озмоишгоҳи «Геологияи муҳандисӣ», озмоишгоҳи «Хокшиносӣ, механикаи хокҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ» фаъолият мекунанд. Ташкилёбӣ ва инкишофи кафедра бевосита бо таърихи ташкилёбию инкишофи донишгоҳ ва тайёр намудани кадрҳои муҳандисӣ-сохтмонӣ барои ҷумҳурӣ пайваста буда, ташаккул ёфтааст.

Кафедра дорои мутахассисони баландихтисоси илмӣ-педагогӣ мебошад. Дар доираи корҳои илмӣ-тадқиқотии худ кафедра бо равияи «Тадқиқоти усулҳои самараноки тайёр кардани асос ва таҳкурсиҳо дар сафедхокҳои фурӯраванда, дар хокҳои сероби камқувват ва шароитҳои мушкили адирҳо бо назардошти таъсири қувваҳои зилзилаи минтақа» солҳои дароз фаъолият мебарад. Натиҷаҳои тадқиқоти илмии олимони кафедра дар симпозиум ва конференсияҳои байналмиллалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ арзёбӣ шуда, дар маҷаллаҳо ва нашриёти гуногун чоп карда шуда, инчунин хангоми тайёр намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, дар раванди таълим, тайёр кардани дастурамалҳои методӣ ва ғайра истифода бурда мешаванд.

Айни замон, коллективи кафедра дар корҳои амалии лоиҳасозӣ оид ба тайёр намудани асос ва таҳкурсиҳои биною иншоот дар системаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ, Вазорати нақлиёт ва дигар корхонаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд. Донишҷӯёни ихтисосҳои 700201-06 – «Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо» таҷрибаомӯзии худро дар сохтмонҳои бузурги кишварамон, ба монанди нақбҳои мошингарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Шар-Шар», нақби гидротехникии Данғара, неругоҳҳои барқи обии Норак, Роғун, Сангтӯда ва ғайра мегузаронанд.

Барои хизматҳои бисёрсола ва самаранок дар системаи маорифи ҷумҳурӣ мудири кафедра дотсент Ҳасанов Н.М., дотсент Сулаймонова М.А. ва муаллими калони кафедра Боев Б.У. бо унвони фахрии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Аъзоёни кафедра доимо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳамаи чорабиниҳое, ки аз тарафи факултети донишгоҳ ва ҳукумати ш. Душанбе ташкил ва гузаронида мешаванд, фаъолона иштирок намуда, баҳри такмил додани раванди таълим пешниҳодоти муфид мекунанд. Умуман коллективи кафедра коллективи муттаҳид, бовиҷдон ва ба кори худ содиқ буда, ҳамаи таҷрибаи зиндагӣ ва дониши худро баҳри рушду нумуи тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сохтмони ҷумҳурии азизамон равон мекунанд.

Дар муддати се соли фаъолият як нафар устоди кафедра (Ҳасанов Н.М) рисолаи докторӣ ва як нафар омӯзгори кафедра (Яқубов А.О) рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд. Айни замон вазифаи мудири кафедраро д.и.т., дотсент Ҳасанов Н.М. ба ӯҳда дорад.

Дар кафедра 7 нафар устодон, аз он ҷумла як нафар д.и.т., дотсент, ду нафар н.и.т., и.в.дотсент, ду нафар муаллими калон ва ду нафар ассистент кор мекунанд.

Лаҳзаҳои кор дар озмоишгоҳ

АТИЗ.jpg-1АТИЗ.jpg-1.jpg-2АТИЗ.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5

ДАСТОВАРДҲОИ КАФЕДРА

АТИЗ.jpg-1.jpg-2.jpg-3.jpg-4.jpg-5.jpg-6

Кафедраҳо