Кафедраи “Геодезияи муҳандисӣ, маркшейдерӣ ва харитасозӣ” аз соли 1973 сарчашма гирифта ҳамчун “Геодезияи муҳандисӣ ва механикаи хокҳо” таъсис ёфта буд. Сарварии ин кафедраро номзади илмҳои техникӣ Тоҳиров Ином Гафурович, ки ҳоло доктори илмҳои техникӣ, арбоби илму техника мебошанд, ба ўҳда доштанд. Кафедра бо ин шакл то соли 1984 фаъолият намудааст.
Моҳи марти соли 1984 дар натиҷаи такмили сохтори факултет кафедраи “Масолеҳҳои сохтмонӣ ва геодезияи муҳандисӣ” таҳти сарварии дотсент Шарифов Абдумўмин ташкил карда шуд, ки то соли 1985 фаъолият намудааст. Солҳои 1985-1986 кафедра бо номи “Роҳҳои автомобилгард ва геодезияи муҳандисӣ” ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки сарварии онро дотсент Мястовский В.И. ба ўҳда доштанд.
Соли 1987 кафедраи мустақили “Геодезияи муҳандисӣ” таъсис дода шуд, ки ташаббускори таъсиёбӣ ва мудири ин кафедра дотсент Давлатов Нозирҷон буданд. Ин кас дар байни мутахассисони маҳаллӣ аввалин номзади илм дар соҳаи геодезия буданд. Солҳои 1988-1997 дар вазифаи мудири кафедраи “Геодезияи муҳандисӣ” дотсент Ҷалилов Тоҳир Файзиевич фаъолият намудааст. Бояд қайд кард, ки то соли 1995 ин кафедра бо ҳама шаклҳояш дар бинои таълимӣ, воқеъ дар километри 9-ми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат фаъолият намудааст.
Солҳои 2005-2009, 2016-2018 сарварии кафедраро дотсент Муниев Ҷ.Д., 2001-2005, 2009-2016– дотсент Ҷалилов Т.Ф. ва аз 2018-2021 дотсент Ниёзов А.С. ба ўҳда доштанд.
30-юми ноябри соли 2012 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодани иншооти нави Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардорони вазорату идораҳои дахлдор фармуда буданд, ки ихтисоси нави «Геодезия ва харитасозӣ» кушода шавад.
Соли 2013 бо кушодашавии ихтисоси “Геодезияи муҳандисӣ” кафедра номи “Геодезияи муҳандисӣ ва харитасозӣ” - ро гирифтааст.
Тибқи нақшаи чорабинии амалигардонии ин фармоиш аз 7.12.2012 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон факултети «Сохтмон ва меъморӣ», назди кафедраи «Геодезияи муҳандисӣ» дар соли хониши 2013/2014 ихтисоси 1 - 560202 - «геодезия ва харитасозӣ» кушода шуд.
Соли 2021 номи кафедраи “Геодезияи муҳандисӣ ва харитасозӣ” ба “Геодезияи муҳандисӣ, маркшейдерӣ ва харитасозӣ” иваз карда шуд. Аз 1 сентябри соли 2021 вазифаи мудири кафедраи мазкурро номзади илмҳои техникӣ Тешаев Умарҷон Риёзидинович ба ӯҳда дорад.
Имрӯз кафедра, бо мактабҳои олии шаҳрҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) - МИИГАиК, МАДИ (ТУ), МГСУ (МИСИ), КИСИ ва бо мактабҳои олии Осиёи Марказӣ, робитаҳои илмӣ ва методӣ дорад.
Дар миқёси Ҷумҳурӣ кафедра бо Вазорати нақлиёти ҶТ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фабрикаи «Харитасозӣ», пажӯишгоҳҳои лоиҳасозӣ - Шаҳрофар (Гипростроӣ), ГИИНТИЗ, Гипротранс ва бо дигар ширкатҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илми-тадқиқотӣ ҳамкорӣ дорад.
Кафедра дорои иқтидори илми-педагогӣ, асоси масолеҳи техникии муосир мебошад ва қудрати зиёд барои омода намудани кадрҳои баландихтисосро дорад.