Кафедраҳо » Меъморӣ ва шаҳрсозӣ


photo_2021-09-27_16-33-33_4

То соли 1962 меъморонро фақат дар мактабҳои олии марказии Иттиҳоди Шуравӣ тайёр менамуданд. Ихтисостмандони ҷавоне, ки ба ҷумҳурии мо барои кор равона карда мешуданд, муҳлати зиёд фаъолият намуда, боз ба ҷойҳои муқимии худ бармегаштанд. Ҳамин тавр, дар ҷумҳурӣ нарасидани меъморон бараъло ҳис мешуд. Дар соли 1960 дар ҷумҳурӣ 30 нафар меъморон буданд, ки дар солҳои гуногун мактабҳои олиро хатм намуда буданд. Аз онҳо фақат 5 нафарашон кадрҳои маҳаллӣ буданду халос.

Дар соли 1962 Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ҳамҷоя бо Кумитаи сохтмони ҷумҳурӣ дар бораи ташаккули гурўҳи меъморӣ дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ДПТ) пешниҳод ирсол намуданд. Дар ҳамин сол ин пешниҳод дастгирӣ ёфта қабул ба курси аввал оғоз ёфт. Бо сабаби нарасидани омўзгорон, донишҷўён аз курси 3-юм барои идомаи хониш ба Донишкадаи муҳандисию-сохтмонии шаҳри Киев роҳхат гирифтанд. Дар ин ҳангом кафедраи «Меъморӣ», ки тайёр намудани меъморонро ба роҳ монда буд, ҳамагӣ 3 муаллими штатӣ дошт (С.А.Вавилов, И.С.Грудин ва В.Самылин).

Дар соли 1965 мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ёқубов Н.Х. интихоб шуд, ки солҳои 1972-1988 вазифаи ректори ДПТ ва минбаъд мудири кафедраи «Меъмории биноҳои шаҳрвандӣ ва саноатӣ (МБШС)» ва «Сохтмони шаҳр ва хоҷагӣ»-ро ба дўши худ гирифт. Кўшиши зиёди ў дар таъмини асоси моддию-техникӣ, ба воя расонидани аввалин хатмкунандагони соҳаи меъморӣ ва аввалин Лауреатҳои озмунҳои Умумииттифоқии лоиҳаҳои дипломии тахассусоти меъморӣ ниҳоят назаррас аст, ки ба баланд бардоштани сифати маърифати меъморӣ мусоидат намуданд.

Аввалин омўзгорон меъморҳои пешрави ҷумҳурӣ, ки малакаи зиёди лоиҳакашии истеҳсолӣ доштанд, ба монанди сохтмончии хизматнишондодаи Тоҷикистон С.Л.Анисимов, меъмори хизматнишондодаи Тоҷикистон Г.Ю.Айзикович буданд. Аз пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ меъморон Э.В.Ерзовский, М.М.Содықов, Х.А.Зухуриддинов, Г.В.Соломинов, С.Б.Неумивакин, А.И.Макуха, И.А.Введенская ва инчунин хатмкунанадагони ҷавони Донишкадаи меъмории шаҳри Москва В.Волошин ва В.Бойко низ ба омўзгорӣ ҷалб карда шуда буданд.

Аввалин меъморон дар ҷумҳурӣ дар соли 1968 донишкадаро хатм намуданд ва дар ҳамин сол ду лоиҳаи дипломӣ (В.Я.Безлаковский ва В.И.Кожинов) дар озмуни Умумишуравии беҳтарин лоиҳаҳои дипломии тахассуси меъморӣ ширкат варзида, соҳиби дипломи Иттифоқи меъморони СССР гаштанд. Аз ҳамин сол сар карда дар тўли 30 сол аз тарафи тахассуси меъморӣ зиёда аз 80 корҳо дар озмунҳои гуногуни сатҳи Шўравӣ ва Байналмиллалидошта пешниҳод шуда, ба мукофотҳои баланди ин озмунҳо сазовор гаштаанд.

Аллакай дар соли 1969 шароити таъмини кафедра аз хатмкунандагони беҳтарини ин тахассусот пайдо гашт. Хатмкунандагон-меъморон Каримов Ш.М., Муқимов Р.С. ва Ашурматов С.К. ба кори  омўзгории кафедра роҳхат гирифтанд. Баъдан ба ин кор хатмкунандагони дигар Шанидзе Н.И., Шанидзе Л.П., Каримов Р.Д., Зуҳурдинов Б.А., Наимов К.И., Мамадҷонова С.М., Акбаров А.А. ва дигарон низ ҷалб карда шуданд. Дар ин солҳо (соли 1964) шўъбаи шабонаи ин тахассусот низ арзи вуҷуд карду соли 1969 аввалин меъморон ин шўъбаро хатм намуданд, ки аксарияташон кормандони пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ буда аллакай дар вазифаи меъмор фаъолият доштанд (масалан Пархов Ю.Л., Безлаковский В.Я. ва дигарон).

Ба туфайли ҳар сол тайёр намудани 50-60 меъморон  дар шўъбаҳои рўзона ва шабонаи донишкада, аллакай дар аввали соли 1980 на танҳо сафи ташкилотҳои лоиҳакашии Душанбе, Ленинабод-Хуҷанд, Курғон-теппа пурра гардид, балки ба ташаккули пажуҳишгоҳҳои нав, аз қабили Душанбегипрогор, Таджикколхозпроект, филиали комплексии пажуҳишгоҳи ТашЗНИИЭП дар ш.Душанбе ва дигарон замина пайдо гашт. Ин ба се маротиба зиёд шудани аъзоёни Иттифоқи Меъморони Тоҷикистон, таъмини мутахассисини маҳаллӣ дар устохонаҳои илмӣ-реставратсионӣ ва истеҳсолии Вазорати маданияти Тоҷикистон мусоидат намуд. Бештари сармеъморони вилоятҳо, шаҳрҳои калонтарин ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хатмкунандагони мактаби меъмории Ҷумҳуриямон мебошанд, ки дар рушди созандагии меъмории шаҳр ва деҳоти ҷумҳурӣ бо назардошти нигаҳдории нишонаҳои миллию маҳаллӣ фаъолият даранд.

 

Дар соли 1972 кафедраи бисёрсоҳаи меъморӣ  ба кафедраҳои «Лоиҳакашии меъморӣ» ва «Рассомӣ, мусавварӣ ва хайкалтарошӣ» ҷудо гардид. Мудири кафедраи «Лоиҳакашии меъморӣ» аввалин номзади илми меъморӣ дар ҷумҳурӣ, дотсент Ҳ.Ҳ. Ҳакимов интихоб шуд ва сарварии кафедраи «Рассомӣ, живопис ва скулптура» ба ўҳдаи рассом-наққоши беҳтарини ҷумҳурӣ И.С.Грудин вогузор гардид. Дар соли 1973  факултаи меъморию сохтмон дар Донишкада ташкил ёфт, ки декани он  Ҳ.Ҳ. Ҳакимов таъин гардид.  Соли 1981 ба вазифаи мудири кафедраи «Лоиҳакашии меъморӣ», номзади илми меъморӣ Р.С.Муқимов интихоб гашт. Аз сентябри соли 1984 кафедраҳои «Лоиҳакашии меъморӣ» ва «Рассомӣ, живопис ва скулптура» боз якҷоя шуданд ва кафедраи нави «Лоиҳакашӣ ва графикаи меъморӣ» ташкил шуд. Дар оғози соли 1990 аз ин кафедра кафедраи «Асосхои лоиҳакашӣ ва графикаи меъморӣ» ҷудо шуд (мудираш номзади илми меъморӣ, дотсент А.А.Акбаров).

Аз сабаби кам гардидани сафи донишҷўён, соли 1998 ин ду кафедра боз якҷоя шуда кафедра номи «Меъморӣ»-ро   гирифт (мудири кафедра, доктори илмҳои меъморӣ, профессор Р.С.Мукимов), ки то соли 2010 баҳри тайёр намудани мутахассисони меъморӣ барои ҷумҳуриямон талош варзид. Аз июни с. 2010 ба вазифаи мудири кафедраи «М ва Д» номзади меъморӣ, дотсент А.А. Акбаровро тайин намуданд. Соли 2012 мудири кафедраи «М ва Д» номзади меъморӣ, дотсент Шерматов М.У. интихоб гардид. Баъд аз ӯ, соли 2016 мудириро доктори илмхои таърих Тиллоев С.С. ба ӯҳда гирифт. Сентябри соли 2021 кафедра ба ду қисм, «Меъморӣ ва шахрсозӣ» ва «Дизайни мухити меъморӣ ва тармим» ҷудо гардид. Рохбари кафедраи «Меъморӣ ва шахрсозӣ» доктори илмхои меъморӣ Муқимова С.Р. интихоб шуд.

Дар кафедраи номбурда айни замон 15 нафар коргари штатӣ фаъолияти илмӣ-педагогӣ мебаранд, байни онҳо ду профессор, докторҳои меъмори, се нафар дотсент, номзадҳои меъморӣ, муаллимони калони пуртачриба ва муаллимони ҷавони лоиқаманд, ки се нафари онҳо кори номзадиашонро ба итмом расонида истодаанд кору фаъолият менамоянд.

Кафедраҳо