Кафедраҳо » Меъмории биноҳо ва иншоот


СваМ-1

Мудири кафедраи “МБваИ”

Ҳаксанов Нозимшо Назокатшоевич,

докт. меъморӣ, и. в. профессор

Фаъолияти кафедраи «Сеъмории биноҳо ва иншоот», ҳамчун бахши таълимию илмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, соли 1958 оғоз гардидааст. Сохтор ва самтњои фаъолияти кафедра дар давоми қариб 65 сол ташкил ва такмил ёфтаанд. Дар таърихи кафедра якчанд марњилањои тараќќиёти онро, ки мувофиќан ба зарурати омода сохтани кадрњои меъморї – бинокорї барои кишвар, љавобан ба мушкилотњои иќтисодию иљтимої ва таъсири онњо ба рушду равнаќи меъморї, сохтмон ва умуман маълумоти олии касбӣ дар љумњурї муайян шудаанд, зикр намудан мумкин аст.

Бо пешниҳоди ҳукумати шаҳри Душанбе аз аввали соли хониши  1997-1998 сар карда, дар кафедра, ки бо номи “Меъмории биноҳои гражданӣ ва саноатӣ” маррифӣ мешуд,  тайёр намудани кадрҳо аз рӯи ихтисоси  «Сохтмон ва хољагии шањрӣ»  оғоз гардадид ва аз ҳамон сол то моҳи декабри соли 2015 кафедра мувофиқи ихтисос «Сохтмон ва хољагии шањрӣ» номида мешуд.

Ҳоло, бо назардошти васеътар гардонидани фаъолияти кафедра (тайёр кардани мутахассисони ихтисоси «Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот», кушода шудани ихтисосҳои нави соҳаи меъморӣ ва сохтмон дар доираи факултет) бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз моҳи январи соли 2016 кафедра номи имрӯзааш - кафедраи «Меъмории биноҳо ва иншоот»-ро гирифтааст. Ихтисоси 700201-05 «Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот», ки ҳоло аз рӯи он дар кафедра бакалаврону магистрон тайёр карда мешаванд, дар Донишгоҳ яке аз аввалинҳо шуда, соҳиби «Сертификат»-и барномаи Европоии  аккредитатсионии Ассотсиатсияи таҳсилоти муҳандисӣ дар солҳои 2015-2020 гардидааст.

Дар айни њол дар кафедра 13 омўзгор ва 2 корманди техникӣ-ёрирасон, аз љумла 1 нафар доктори меъморӣ, и.в. профессор, 1 профессор - н.и.т., 2 дотсент - номзади илмњои техникї, 1 доктори PhD, муаллими калон, 1 муаллими калон, 5 ассистент - докторантони PhD  ва 2 устоди њамкор , 1 оператор-коргузор ва 1 лаборант фаъолият менамоянд. Ду нафар устодони ҷавони кафедра ҳоло дар аспирантураҳои донишгоҳҳои ФР таҳсил намуда истодаанд.

Фаъолияти таълимии кафедра дар се самт љараён мегирад:

- њамчун кафедраи тахассусї омода намудани бакалавру магистронї ихтисоси «Лоињкашии биноњо ва иншоот»;

- таълиму тарбияи меъмории «Муњандисони бинокор»-и њамаи ихтисосњои сохтмонии факултети «СваМ»;

- таълиму тарбияи муњандисии «Меъморон»-ро аз фанњои «Физикаи Меъморї» ва «Конструксияњои меъморї».

Обрўю эътибори кафедраро сатњи баланди нашрияњои таълимию методї тасдиќ менамоянд. Кафедра ќудрату имконятњои баланди илмї дошта, ду самти зерини асосии фаъолиятии илмии худро интихоб кардааст:

-  тадќиќотњо дар соњаи тарњрезии меъморӣ сохтмонии биноњои истиќоматию љамъиятї;

- тадќиќотњо дар соњаи баланд бардоштани самаранокии энергетикии биноњо ва масъалаҳо оиди физикаи меъмориву сохтмонӣ дар биноњои шањрвандию истењсолї.;

Аз ҳайати устодони кафедра як нафар (профессор Нигматов И.И.) сазовори унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” гардида, устод  Ҳасанов Н.Н. бо медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шудааст. Тамоми собиқадорони кафедра сазовори унвонҳои фахрии соҳавии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, “Меъмори фахрии ҶТ”, “Бинокори фахрии ҶТ” ва “Устоди меъморӣ”- Иттифоқи меъморони Тоҷикистон гардидаанд.

Ҳоло вазифаи пур аз масъулияти мудири кафедраи “Меъмории биноҳо ва иншоот”-ро и.в.проф., доктори меъморӣ, узви Иттифоқи меъморон ва Иттифоқи дизайнерони Ҷумҳурӣ, меъмори фахрии ҶТ Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич ба ӯҳда дорад.

СваМ

Устодон ва кормандони кафедраи

“Меъмории биноҳо ва иншоот

   

Кафедраҳо