Кафедраи “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ” (ССШ) соли 1957, дар қатори нахустин кафедраҳои Донишкадаи политехники Тоҷикистон, бо номи кафедраи “Конструксияҳо ва маводҳои сохтмонӣ” (КМС) ташкил гардида, дар он ҳамаи фанҳои умумитехникӣ ва тахассусӣ таьлим дода мешуданд.
Аз соли 1957 то соли 1961 роҳбарии кафедраро олимаи пуртаҷриба, н.и.т., дотсент Тартаковская Маргарита Марковна ба ӯҳдаи худ дошт. Соли 1958, кафедраи “обтаьминкуни ва обпартоӣ” аз кафедраи “КМС” ҷудо шуд. Аз соли 1961 то соли 1970 ба кафедраи “КМС” муҳандиси ботаҷриба, роҳбари бисёр лоиҳаҳои пӯлҳо ва дарёҳои Тоҷикистон, устоди бомаҳорат, дотсент Вавилова София Алексеевна роҳбарӣ кардааст. Соли 1964 дар факултети Сохтмон шӯьбаи меьмори ташкил карда шуд ва кафедраи меьмори ҳамчун кафедраи алоҳида аз кафедраи “КМС” ҷудо карда шуд. Соли 1968, аз сабаби зиёд шудани донишҷуён, кафедраи “КМС” ба ду кафедра - кафедра: “Конструксияҳои оҳану бетонӣ” ва “Конструксияҳои сохтмонӣ” ҷудо карда шуд. Ба кафедраи “КОБ” устоди бомаҳорату ботаҷриба, олими ҷавони соҳаи сохтмон, хатмкардаи факултети Сохтмони Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Исхаковков Яков Шаламонович мудир таьин мегвардад. Дар кафедра фанҳои Конструксияҳои оҳану бетонӣ ва Маводҳои сохтмонӣ таьлим дода мешуданд. Дар муддати кутоҳ дар кафедраи “Конструксияҳои оҳанубетонӣ” озмоишгоҳҳои Маводҳои сохтмонӣ ва Конструксияҳои оҳанубетонӣ ташкил карда шуд. Соли 1974, аз кафедраи “Конструксияҳои оҳанубетонӣ” кафедраи “Механикаи сохтмонӣ ва зилзилатобоварии иншоотҳо” ва аз кафедраи “Конструксияҳои сохтмонӣ” кафедраи “механикаи хокҳо, асосҳо ав таҳкурсиҳо” ҳамчун кафедраҳои тахассусӣ ҷудо карда шуданд. Аз оғози кори роҳбарӣ дар кафедра Исхаков Я.Ш. ба тарбияи олимони ҷавон эьтибори калон медоданд. Соли 1969 хатмкунандагони ихтисосҳои 1202- “Сохтмони саноати ва шаҳрвандӣ” Шарипов Л.Ш.аз фанни Конструксияҳои оҳанубетонӣ, Нуралиев К.Н. аз фанни Маводҳои Сохтмонӣ ва хатмкардаи донишкадаи муҳандисию сохтмонии ба номи В.В.Куйбишеви шаҳри Москав Низомов Ҷ.Н. аз фанни Механикаи сохтмонӣ ба кори муаллимӣ роҳхат гирифтанд ва минбаьд ин кор идома ёфт.
Аз соли 1971 то соли 1999 роҳбарии кафедраи “Конструксияҳои сохтмонӣ”-ро н.и.т., дотсентон Ҷураев Г.Г ва Раҳмонов Р.Р. ба ӯҳдаи худ доштанд. Роҳбарии кафедраи “Конструксияҳои оҳану бетонӣ” ва дертар “Конструксияҳои оҳанубетонӣ.ю асосҳо ва таҳкурсиҳо”- ро баьд аз Исхаков Я.Ш. ва Голубев М.Н. аз соли 1984 то соли 1996 н.и.т., дотсентон Усмонов А.У. ва Рӯзиев А.Р. ба ӯҳдаи худашон доштанд ва дар тараққиёту пешрафти корҳои таьлимию тарбиявӣ, илмию методӣ, илмию тадқиқоти, созандагию ободонии кафедра ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён саҳми арзандаи худро гузоштанд. Дар охирҳои солҳои 80- ум шумораи донишҷӯён камтар шуданд ва боз якҷояшавии кафедраҳо оғоз гардид. Соли 1996 кафедраҳои “Конструксияҳои оҳанубетонӣ” ва “Конструксияҳои сохтмонӣ” якчоя шуда, соли 2001 ба онҳо кафедраи “Механикаи сохтмонӣ ва зилзилатобоварии иншоотҳо” ҳамроҳ гардид ва кафедраи тахассусии ихтисоси “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”(ССШ) ташкил карда шуд. Кафедраро роҳбари намуданд: н.и.т.,дотсент Раҳмонов Р.Р.(1996-1999), н.и.т.,Нумонов О.Р.(1999-2000), д.и.т., профессор Низомов Ҷ.Н.(2000-2005), н.и.т.,дотсент Шарипов Л.(2005-2012) ва н.и.т., дотсент Ҳамидов К.А.(2012-2018). Аз соли 2018 то ҳол роҳбари кафедра н.и.т., дотсент Акрамов А.А. мебошанд. Айни ҳол дар кафедра 16 омӯзгор фаъолият менамоянд. Дар муддати фаъолият се нафар омӯзгорони кафедра (Зарипов С.С., Саидов Р.Р. ва Шарипов Ш.Ш.) рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Як нафар омӯзгор (Муминов И.С) дар арафаи ҳимояи рисолаи нмзадӣ мебошад. Шумораи омӯзгорони унвондорони кафедра 10 нафар (2-д.и.т. ва 8-н.и.т.) мебошад, ки ин 62,5% ташкил медиҳад.
Дар кафедра дар зинаи магистратура ва бакалавриат шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд (аз Афғонистон ва Ӯзбекистон), ки кафедра тавассути ин дар мустаҳкам кардани робитаҳои таълимию илмии хориҷӣ саҳм мегузорад. Инчунин, кафедра бо Донишкадаи меъморию сохтмонии ш. Тошканд (ТАСИ) ва Донишкадаи давлатиии меъморию сохтмонии ш. Самарқанд (СамГАСИ) робитаи таълимӣ-илмӣ дорад.
Кафедраи “Сохтмонӣ саноатӣ ва шаҳрвандӣ” дорои ду озмоишгоҳи таълимию илмӣ-тадқиқотӣ ва як полигон озмоишгоҳ мебошад. Дар озмоишгоҳҳои кафедра аспирантон, магистрон ва докторантон метавонанд корҳои илмӣ таҳқиқотии худро гузаронанд.