Кафедраҳо » Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот » АВТОМАТОНИИ РАВАНДҲОИ ТЕХНОЛОГӢ ВА ИСТЕҲСОЛОТ


АВТОМАТОНИИ РАВАНДҲОИ ТЕХНОЛОГӢ ВА ИСТЕҲСОЛОТ

Презентация Microsoft PowerPoint

Бандишоева Рисолат Мирзошоевна

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Телефон: +992 93-567-78-8

 e-mail: risolatbm@gmail.com 

Кафедраи автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот воҳиди таркибии факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти кафедра ин идоракунии равандҳои технологӣ ва истеҳсолоти гуногун дар асоси усулҳои муосири компютерӣ ва системаҳои зеҳни сунъӣ мебошад, ки таҳияи технологияҳои муосир, воситаҳои техникии автоматонӣ ва системаҳои идоракуниро дар бар мегирад. Дар доираи ин самт дар кафедра шумораи зиёди тадқиқотҳо гузаронида шудаанд.   Натиҷаи корҳои  илмии кафедра дар корхонаҳои саноатии истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ, нақлиётӣ ва кишоварзӣ ҷорӣ шудаанд. Кафедра мутахассисонро барои фаъолият дар соҳаҳои автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот, технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ, воситаҳои олотӣ ва технологияи лоиҳакашии системаҳои зеҳнӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамоянд:

1-530101 – Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (бакалавр, магистр);

1-1-530107 — Технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ (бакалавр, магистр);

1-400301-02 - Технологияи зеҳнии компютерии ҳифзи иттилоот

1-400301-05 - Воситаҳои олотӣ ва технологияи лоиҳакашии системаҳои зеҳнӣ.

Ҳоло дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба фаъолият мекунанд, ки аксарияти онҳо номзадҳои илм  мебошанд.

Кафедраҳо